Загрузка

  • Окт, Пт, 2024
Иштирок дар вохӯрии “БРИКС+” ва “БРИКС ва Ҷаҳони Ҷануб: бунёди якҷояи ҷаҳони беҳтар”

24 октябр дар шаҳри Қазон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии “БРИКС+” ва “БРИКС ва Ҷаҳони Ҷануб: бунёди якҷояи ҷаҳони беҳтар” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар суханронии худ Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои иштирокдори ҳамоишро ба масъалаҳои мубрам ва воқеияти кунунии вазъи байналмилалӣ ҷалб карданд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки имрӯз муттаҳидсозии кӯшишҳо барои таъмини сулҳи пойдор, амну субот ва рушди устувор беш аз ҳарвақта зарур аст.

Дар ин зимн Сарвари давлати мо аз пешниҳоди нави худ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба қабули қатъномаи махсус – “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ёдовар шуда, изҳори умед намуданд, ки ин ташаббус мавриди тарафдории ҳамаҷониба қарор хоҳад гирифт.

Дар робита ба равандҳои хатарангези сиёсӣ, таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, тундгароӣ, киберҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир, инчунин дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “Тоҷикистон пайваста ҷонибдори густариши ҳамкорӣ бо тамоми шарикони байналмилалӣ дар мубориза бо ин таҳдиду хатарҳо мебошад”.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки аз ин рӯ давлати мо дар доираи “Раванди Душанбе” дар самти мубориза бо терроризм ва маблағгузории он ҳамкории бисёрҷониба ба роҳ мондааст.

Аз рушди бениҳоят хавфноки вазъ дар Ховари Миёна ва авҷ гирифтани низоъҳо, ки боиси талафоти зиёд дар байни аҳолии осоишта гардидааст, изҳори нигаронӣ карда шуд.

Сарвари давлати мо иброз доштанд, ки ҳама гуна масъалаҳои баҳсбарангез, низоъ ва ихтилофҳоро метавон бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал намуд.

Мушкилоти дигаре, ки Президенти кишвари мо ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуданд, ин оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиии фоҷеабор мебошад.

Сарвари давлати мо ёдовар шуданд, ки моҳи майи соли 2025 Тоҷикистон тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифтааст ва аз сарони давлатҳо даъват карданд, ки дар ин чорабинии муҳими байналмилалӣ иштирок намоянд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешидани тадбирҳои амалӣ барои гузаштан ба иқтисоди “сабз”-ро, ки ҷузъи муҳимтарини он энергетикаи “сабз” мебошад, ниҳоят муҳим шумурданд.

Гуфта шуд, ки танҳо ҳамкории густурда барои наслҳои оянда дар сайёраи умумии мо – Замин  шароити мусоиди зиндагӣ фароҳам оварда метавонад. Калиди расидан ба ин ҳадафҳои наҷиб рушди минбаъдаи муколамаи тамаддунҳо номида шуд.

Дар фароварди сухан Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Ҷаҳони Ҷануб бо нуфузи худ дар равандҳои глобалӣ ва имконоташ метавонад ҳамаҷониба ҷаҳду талошҳоро ба “бунёди ояндаи беҳтар” сафарбар намояд.

  • Окт, Чт, 2024
Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов

24 октябр дар шаҳри Қазон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши “БРИКС+” бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов мулоқот намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози вохӯрӣ барои пазироии самимӣ изҳори сипос карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар доираи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ бо Русия масоили ҳамкорӣ бо минтақаҳои он, аз ҷумла Тотористон дар маркази таваҷҷуҳи доимии мо қарор дорад.

Таъкид шуд, ки саҳми Тотористон дар ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия беш аз 50 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва бо назардошти имконоти мавҷуда мумкин аст ин нишондод боло бардошта шавад.

Ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тотористонро баррасӣ карда, ба рушду тавсеаи робитаҳо дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, металлургия, маъдан, нафту газ, саноати химия, сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ ва сохтмон диққати хоса зоҳир карданд.

Густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаи маориф зарур шумурда шуд.

Ҳамчунин, доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

 

 

  • Окт, Ср, 2024
Оғози сафари корӣ дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия

23 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Қазони Федератсияи Русия шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Қазон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тотористон самимона пазироӣ карданд.

Зимни ин сафар Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ дар қолаби «аутрич / БРИКС плюс», «БРИКС ва Ҷануби ҷаҳонӣ: сохтмони якҷояи ҷаҳони беҳтар» иштирок намуда, як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом хоҳанд дод

 

 

  • Авг, Пт, 2024
Темур дар даври нимниҳоии Бозиҳои олимпии Париж-2024

Дар рӯзи ҳафтуми Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 кишвари маҳбуби мо Тоҷикистонро паҳлавони умедбахш Темур Раҳимов аз риштаи ҷудо зери вазни ҷамъи 100 кг муаррифӣ карда истодааст. Темур аз худ ҳунару маҳорати воло нишон дода, то ба марҳилаи нимниҳоӣ роҳ ёфт.

Паҳлавони сангинвазни тоҷик Темур Раҳимов дар даври аввали Бозиҳои олимпӣ озод буд ва дар даври дуюм бо Эрик Абрамови 25 сола аз Олмон гӯштин гирифт.

Дар оғози рақобат Абрамов имтиёзи вазарӣ кор кард. Дар идома паҳлавони мо тавонист, ки дар як фурсати муносиб рақибаш Эрик Абрамови олмониро дар ҳолати буғи кардан нигоҳ дорад ва пирӯзиро соҳиб шавад.

Дар даври чаҳорякниҳоӣ Темур Раҳимов бо паҳлавони ӯзбек Алишер Юсупов гӯштин гирифт. Рақобати Темур ва Алишер бисёр сахту сангин ҷараён гирифт. Дар аввал Алишер аз Темур як имтиёзи вазарӣ гирифт ва дар идома Темур аз як зидди ҳамла истифода карда, соҳиби як имтиёзи вазарӣ шуд. Дар идома довар ба Темур як огоҳӣ ва ба Алишер ду огоҳӣ нишон дод. Дар вақти тиллоии рақобат Алишер ба як ишораи довар беаҳамияти мароқ зоҳир кард ва огоҳии сеюмро гирифт ва пирӯзӣ насиби Темур шуд.

Ҳамин тавр, Алишер ба даври тасаллобахш рафт ва онҷо бо Гурам Тушишвилии гурҷӣ гӯштин мегирад. Темур Раҳимов ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт ва бо «Шоҳи ҷудои ҷаҳон» — Тедди Ринери фаронсавӣ гӯштин мегирад.

Тедди Ринер қаҳрамони дукаратаи олимпӣ ва барандаи ду нишони биринҷии олимпӣ ва 10 карата қаҳрамони ҷаҳон, 5 карата қаҳрамони Аврупо ва қаҳрамони бисёркаратаи Фаронса мебошад. Ӯро дар ҷаҳони ҷудо ҳамчун шоҳи ин риштаи варзиш мешиносанд.

Охирон маротиба Темур ва Тедди дар финали мусобиқаи “Dushanbe Grand Slam 2024” моҳи майи имсол дар Душанбе ба ҳам омада буданд, ки паҳлавони фаронсавӣ пирӯзӣ ба даст оварда буд.

Моҳи майи соли 2023 дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Доҳа низ Темур ва Тедди Ринер бо ҳам нерӯсанҷӣ карда буданд. Дар даври нимниҳоии мусобиқа Темур дар сонияҳои аввали рақобат аз серҷоизатарин ҷудокори мусобиқаҳои ҷаҳонии ҷудо Тедди Ринер бо имтиёзи иппон мағлуб шуд. Ин аввалин рақобати Темур бо Риннер буд.

 

  • Июл, Ср, 2024
Иштирок дар маросими савгандёдкунии Президенти навиинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён

Дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунии Президенти навиинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён иштирок намуданд.

Барои иштирок дар ин маросим намояндагони воломақом аз наздики 80 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла як қатор сарони давлатҳо, роҳбарони парлумонҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои гуногун, ҳамчунин намояндагони зиёд аз созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ба Теҳрон ташриф оварданд.

Хотиррасон бояд намуд, ки дар интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардиданд, пас аз ду даври интихоботӣ Масъуди Пизишкиён ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон интихоб шуд.

30 июл Масъуди Пизишкиён зимни маросими савгандёдкунӣ расман ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба фаъолият шурӯъ намуд

  • Июл, Вт, 2024
Мулоқот бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ

30 июл дар доираи чорабинии марбут ба маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Теҳрон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ доир ба таҳким ва густариши бемайлони робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон гуфтугӯйи судбахш сурат гирифт.

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории муваффақонаи интихоботи Раисиҷумҳури Эронро ба Раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику таҳният гуфта, изҳори бовар намуданд, ки ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳукумати нави Эрон муносибатҳои ду кишварро боз ҳам рушд хоҳанд дод.

Дар идомаи суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз муштаракоти таърихию фарҳангии мардумони дӯсту бародари ду кишвар ва алоқамандии ҷонибҳо ба тавсеаи робитаҳо дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум, ҳамёрӣ, эҳтиром ва эътимоди байниҳамдигарӣ ёдовар шуда, “азму иродаи устувори ҷониби Тоҷикистонро ба идомаи ин раванд” таъкид доштанд.

Бо ибрози қаноатмандӣ аз густариши бемайлони робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ, бахусус тайи солҳои ахир, ҳарду ҷониб изҳори умед намуданд, ки ин раванди самарабахш минбаъд ҳам идома хоҳад дошт.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин доир ба як зумра масоили байналмилалию минтақавии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи андеша сурат гирифт.

 

  • Июл, Вт, 2024
Мулоқот бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф

Дар шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ доир ба ҷанбаҳои мухталифи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвари бародар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Зикр гардид, ки арзишҳои муштараки таърихиву фарҳангӣ ва тамаддунии ду кишвари ҳамзабон заминаи устувори муносиботи дуҷонибаро ташкил медиҳанд.

Зимнан аз раванди таҳкиму густариши робитаҳои парлумонӣ ва фаъолияти Гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ изҳори қаноат карда шуд.

Таъкид гардид, ки робитаҳои мақомоти қонунгузор дар фароҳам овардани заминаи мусоид барои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат нақши муҳим доранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  идомаи муколамаи созандаи байнипарлумониро ба суди кор арзёбӣ намуда, аз Муҳаммад Боқири Қолибоф даъват намуданд, ки ба Тоҷикистон дар фурсати барояшон муносиб ташриф биёранд.

  • Июл, Вт, 2024
Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон

 

30 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боздиди корӣ ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Вазири энергетика ва захираҳои об ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

  • Июл, Ср, 2024
Ифтитоҳи бинои тарабхонаи “Баҳор — Форел” дар шаҳри Душанбе

16 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии ноҳияи Синои пойтахт бинои тарабхонаи “Баҳор — Форел” — ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти муосири хизматрасониву сайёҳӣ мутобиқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор” Саймуҳриддин Сайфов бунёд шудааст.

Ёдовар мешавем, ки 10 ноябри соли 2022 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи ҳавзҳои моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор” дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат дастур дода буданд, ки бо истифода аз ин имкон дар пойтахти кишвар нуқтаҳои фурӯши гулмоҳӣ ва хӯрокҳои аз он омодашударо таъсис диҳанд.

Корҳои сохтмониву бунёдӣ дар иншооти нави хизматрасониву сайёҳӣ бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ дар муҳлати кутоҳ бо риояи санъати хоси меъмории милливу муосир бо сифати баланд ба анҷом расонда шудааст.

Бинои тарабхонаи “Баҳор — Форел” аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дорои се толори калон, ҳуҷраҳои алоҳидаи оилавӣ, нуқтаи фурӯши моҳӣ ва дигар ишнооти ёрирасон мебошад.

Масоҳати умумии иншоот наздики 1 гектар буда, бо ифтитоҳи он зиёда аз 100 ҷойи корӣ муҳайё гардидааст.

Дар тарабхона имкон аст, ки дар як вақт ба зиёда аз 500 нафар хизмат расонида шавад. Хӯрокҳо аз моҳӣ дар ин тарабхона аз тарафи ошпазони моҳир омода мегардад.

Дар тарабхона ҳамчунин дигар навъи хӯрокҳои милливу аврупоӣ бо таъму лаззати хос тайёр ва пешниҳоди мизоҷон мегардад ва ба таъкиди масъулон танҳо аз моҳӣ наздики 20 навъ хӯрок ва дар умум 100 навъ ғизо ва хӯришҳо омода карда мешавад.

Дар нуқтаи фурӯши тарабхона моҳии зинда, дудпаз, тухми моҳӣ, гӯшти парандаи истеҳсоли худӣ ва чорво ба фуруш бароварда шудааст.

Тавре таъкид гардид, Тоҷикистон бо табиати биҳиштосои кӯҳсор, тармаву пиряхҳо ва рӯдҳои шухи сардоб имкон дорад, ки аз ҷиҳати истеҳсол ва содироти гулмоҳӣ дар ҷаҳон дар ҷойи аввал қарор дошта бошад. Тавре иттилоъ дода шуд, феълан иқтидори истеҳсолии ҶДММ «Баҳор» дар як сол 200 тонна гулмоҳӣ буда, дар 2 соли оянда дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ин нишондод то ба 1000 тонна расонда хоҳад шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар тарабхонаи тозабунёд ба масъулон ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ ва муаррифии фарҳанги баланди меҳмоннавозии тоҷикона дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Атрофи иншоот бо услуби хос гулкориву сабзкорӣ шуда, дар саҳни он се фаввора бунёд шудааст. Ҳамчунин барои воситаҳои нақлиёти мизоҷон бо 140 ҷой таваққуфгоҳ мавҷуд мебошад. Шабона рӯшноии бинои тарабхона ба ҳусни ин мавзеъ зебоии хос зам менамояд.

Роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор” оянда нақша доранд, ки дар заминаи шароити хуби соҳибкорӣ дар кишвар боз ду адад чунин тарабхонаҳои замонавиро дар шаҳри Душанбе сохта, ба истифода диҳанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми роҳбарият ва кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор”-ро дар самти рушди соҳаи моҳипарварӣ, сайёҳӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ намуна арзёбӣ карда, ба масъулони дахлдор барои дастгирии ҳамаҷониба аз ин гуна ташаббусҳои созанда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ифтитоҳи бинои тарабхонаи “Баҳор - Форел” дар шаҳри Душанбе 16.07.2024

Ифтитоҳи бинои тарабхонаи “Баҳор - Форел” дар шаҳри Душанбе 16.07.2024

Ифтитоҳи бинои тарабхонаи “Баҳор - Форел” дар шаҳри Душанбе 16.07.2024

Ифтитоҳи бинои тарабхонаи “Баҳор - Форел” дар шаҳри Душанбе 16.07.2024

Ифтитоҳи бинои тарабхонаи “Баҳор - Форел” дар шаҳри Душанбе 16.07.2024

Ифтитоҳи бинои тарабхонаи “Баҳор - Форел” дар шаҳри Душанбе 16.07.2024

Ифтитоҳи бинои тарабхонаи “Баҳор - Форел” дар шаҳри Душанбе 16.07.2024

  • Июл, Вт, 2024
Анҷоми сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

6 июл сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 4-6 июл ҷараён дошт, ба анҷом расид.

Бо нишони эҳтиром ва самимияти хос меҳмони олиқадр — Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпинро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.

Роҳбари кишвари ҳамсоя баъди анҷоми сафари пурмаҳсули давлатӣ бо таассуроти нек аз меҳмоннавозии тоҷиконаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Пекин баргашт.

Хотиррасон бояд намуд, ки зимни ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин, вохӯрии сарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор гардида, аз рӯи натиҷаҳои он 29 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳуҷҷати муҳим — Изҳороти муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъмиқи минбаъдаи равобити стратегии ҳамаҷониба дар марҳилаи нав ба имзо расид.

Руйдоди таърихии сафари давлатии Роҳбари кишвари ҳамсоя бо Ордени “Дӯстӣ”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин сарфароз гардонидани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин мукофоти олӣ дар таърихи давлатдории Чин бори аввал берун аз кишвар ва он ҳам ба Сарвари давлати Тоҷикистон барои саҳми арзанда ва мусоидати бисёрсола дар рушду густариши робитаҳои дӯстии неки ҳамсоягӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ тақдим карда шуд.

Ҳамчунин дар ҳошияи сафари давлатии муҳтарам Си Ҷинпин дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе чорабинии муҳиму хотирнишин — ифтитоҳи биноҳои наву муҳташами Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки самараи неки ҳамкории ду давлат ва намунаи олии муносибатҳои дӯстию ҳамҷавории Тоҷикистону Чин арзёбӣ мегардад.

Анҷоми сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 06.07.2024

Анҷоми сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 06.07.2024

Анҷоми сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 06.07.2024

Анҷоми сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 06.07.2024

Анҷоми сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 06.07.2024