Birlik-2025

14 октябр машқҳои минтақавии «Бирлик-2025» дар машқгоҳи таълимии «Каттақурғон»- и шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон расман оғоз гардиданд.Дар машқҳо ҳайатҳои ҳарбии ҷумҳуриҳои Узбекистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Самарқанд ва дигар шахсони расмӣ иштирок доранд. Зимни ифтитоҳи машқҳои минтақавӣ вобаста ба таҳкими дӯстии мутақобил байни давлатҳои иштироккунанда сухан гуфта шуд. Иброз гардид, ки баргузории машқҳои минтақавии «Бирлик-2025» дар шароити шиддат гирифтани вазъи геосиёсии ҷаҳон ва таҳдиду хатарҳои замони муосир муҳиму саривақтӣ мебошад. Аз ҷониби роҳбари машқҳои минтақавӣ ба ситоди таълимгирандагон, ки ба ҳайати он гурӯҳи амалиётии ҳайати ҳарбии Тоҷикистон дохил мебошад, вобаста ба машқҳо фармоиши ҷангӣ дода шуд. Ёдовар мешавем, ки дар машқҳои минтақавӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи амалиётии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва воҳиди низомии Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иштирок доранд.

Namoishgohi-Dushanbe-Invest-0-1

Имрӯз дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» дар самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ Созишнома байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди (ҶДММ) «Нет Солюшенс» оид ба Лоиҳаи «Бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ» ба имзо расонида шуд. Ҳамзамон Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии Лоиҳаи «Бунёди муассисаҳои ҳамгироии таълимӣ: боғчаи бачагона ва Литсей дар шаҳри Турсунзода» байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Илму адаб» ба имзо расид. Дар доираи форум Созишнома оид ба амалишавии Лоиҳаи «Бунёди Маҷмааи варзишӣ» дар шаҳри Истаравшан байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шаҳрак Сохтмон» ба имзо расонида шуд. Инчунин Созишнома оид ба амалишавии Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии ҷамоатҳои деҳоти Фирӯзоба, Раҷаб Ҳамробоев, Патар ва Куҳандиёри шаҳри Конибодом» байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Паризода» ба имзо расид.

Dushanbe-Invest-2025

Аз 14 то 16 октябр дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» баргузор карда мешавад. Он платформаи калидӣ барои пешбурди сармоягузориҳои “сабз”, рушди устувор ва трансформатсияи рақамӣ дар Осиёи Марказӣ мегардад.Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Мавзуи асосии форум «Сармоягузории “сабз”: Имконияти имрӯз барои ояндаи устувор» буда, тамаркузи стратегии мамлакатро ба рушди саноат, инноватсия ва гузариш ба иқтисоди камкарбон инъикос мекунад. Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» намояндагони ҳукуматҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарони ширкатҳои бонуфуз, муассисаҳои молиявӣ ва доираҳои тиҷоратии даҳҳо кишварҳои хориҷӣ иштирок мекунанд. Аз ҷумла, дар форум беш аз 1000 меҳмон аз Осиё, Аврупо ва Ховари Миёна иштирок менамояд. Барномаи форум ҷаласаҳои пленарӣ, панелҳои мавзуӣ ва ҷаласаҳои махсусро оид ба рақамисозӣ, зеҳни сунъӣ, молияи устувор, рушди ояндаи шаҳр, энергетикаи “сабз” ва соҳибкорӣ дар бар мегирад. Таваҷҷуҳи хосса ба фаъолнокии занон дар соҳаи технология, рушди тиҷорати хурду миёна, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, сайёҳӣ ва технологияи молиявӣ дода мешавад. Дар назар аст, ки дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» якчанд ёддошт ва созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расонида шаванд. Дар доираи форум ҳамзамон намоишгоҳи «Душанбе Инвест-2025» ташкил карда мешавад, ки дар он дастовардҳои пешқадам дар соҳаҳои саноат, энергетика, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, агробизнес ва сайёҳии устувор ба намоиш гузошта мешаванд. Меҳмонони ҳамоиш намояндагони ҳукуматҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва намояндагони ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Созмони Милали Муттаҳид ва Комиссияи иқтисодии аврупоии Созмони Милали Муттаҳид мебошанд. Ҳамоиш бо баргузории нишасти матбуотӣ, барномаи фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар боғи Куруш Кабир ба анҷом мерасад. Форуми байналмилалии «Душанбе Инвест – 2025» дар самти таҳкими шарикии байналмилалӣ, пешбурди Тоҷикистон ҳамчун маркази ояндадори сармоягузории “сабз” ва рушди инноватсионии минтақавӣ қадами муҳим арзёбӣ мегардад.

Pavlovniya1

Дар ташкилоту муассисаҳои низоми Агентии хоҷагии ҷангал дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба миқдори 247 ҳазору 774 бех ниҳоли павловния парвариш карда шудааст. Парвариши ниҳолҳои павловния дар ҷумҳурӣ то ба 100 ҳазор бех дар як сол дар назар дошта шудааст. Ба иттилои сардори шуъбаи бунёд ва барқароркунии ҷангал ва ниҳолхонаҳои Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турдалӣ Арабов, парвариши ниҳоли павлония дар доираи татбиқи «Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» амалӣ мегардад. Барнома бо мақсади бунёди плантатсияҳои саноатӣ аз павловния барои таъмини чӯби корӣ, захираи хӯроки чорво, зиёд намудани истеҳсоли асали молӣ, аз бодлесӣ нигоҳ доштани заминҳои кишоварзӣ ва дар ин раванд саҳм гузоштан барои беҳтар намудани шароити экологии ҷумҳурӣ таҳия карда шудааст. Ҷангалҳои Тоҷикистон асосан аз буттазор иборат мебошанд, ки аз онҳо гирифтани чӯби корӣ барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ имконият надорад. Аз ин лиҳоз зиёда аз 90-95 фоизи чӯби кории ҳамчун масолеҳи сохтмон истифодашаванда аз дигар давлатҳо ворид карда мешавад. Ба иттилои Турдалӣ Арабов, бунёди плантатсияҳо аз дарахти зудафзоишёбандаи павловния бо истифода аз технологияҳои инноватсионии парвариш метавонад қисми асосии сиёсати сарфаи захираҳо ва ҳалли мушкилот вобаста ба истифодаи энергия ва бе таъсири хатарҳо ба муҳити зист гардад. Барнома барои расидан ба ҳадафҳое, ки дар “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то давраи соли 2020-2030”, “Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037” ва “Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026” дарҷ гардидаанд, инчунин ба паст намудани сатҳи вобастагӣ ба масолеҳи сохтмонии воридотӣ мусоидат менамояд. Тавре сардори шуъбаи бунёди Агентӣ иброз намуд, павловния хусусияти худбарқароршавӣ дошта, шинонидани дубораро талаб наменамояд. Он баъди ҳар буридан ва ё даравидан аз ҳисоби қисми решаи боқимонда мерӯяд. Давомнокии умри решаҳои он 70-100 солро дар бар мегирад, ки метавонад дар байни 4 ва ё 8-9 давраи ҳаштсола истифода шавад. Ин имкон медиҳад, ки раванди корҳои парвариши павловния бе хароҷоти аз нав шинонидани ниҳол ва коркарди замин дубора давом дода шавад. Павловния хусусияти ултроафзоишӣ дошта, давоми 7-8 сол ҳаҷми афзоиши он ба 1 метри кубӣ мерасад, ки бо дигар намуди дарахтон муқоисанашаванда мебошад. Дарахти павловния бо афзоиши тези худ боигарии инсоният мебошад. Хокро солим ва аз эрозия барқарор намуда, ба кам шудани газҳои гулхонаӣ ва тозагии ҳавои атмосфера мусоидат менамояд. Як дарахти он метавонад 22 кг гази карбонро фурӯ бурда, 6 кг оксиген хориҷ намояд. 10 гектар павловниязор метавонад дар як сол то 275 тонна гази карбонат (CO2)-ро азхуд намуда, то 330 тонна гази оксиген хориҷ намояд, инчунин метавонад то 1000 тонна хокро аз шусташавӣ нигоҳ дорад ва то 25 ҳазор метри мураббаъ обро тоза намояд. Гулҳои дарахти павловния накҳати хушбӯйи қавӣ дошта, беҳтарин шаҳд барои истеҳсоли асали молӣ мебошанд. Аз 1 гектар павловниязор то 800 кг асали молӣ ва аз ин бештар гирифтан мумкин аст. Бартарӣ он аст, ки дар парвариши павловния аз заҳрхимикатҳо тамоман истифода бурда намешавад. Чӯби корие, ки аз дарахти павловния гирифта мешавад, аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, мулоим, ба оташ ва намӣ тобовар, сабук ва ба ҳашароти зараррасон устувор мебошад. Чӯбаш мулоим, вале беҳад ба қаткунӣ ва тобдиҳӣ устувор буда, маҳсулоти аз чӯби павловния тайёршуда шакли худро аз таъсири муҳит дигар намесозад. Чӯби павловнияро маъмулан барои сохтмони хона истифода мебаранд. Бартарияш он аст, ки зуд хушк мешавад, шакли худро дигар намекунад ва мустаҳкам буда, ба осонӣ намешиканад. Бо сабаби чандир ва мустаҳкам буданаш онро дар соҳаи мебелсозӣ истифода мебаранд. Тамоми қисмҳои дарахти павлонияро ҳамчун ашёи хоми энергетикӣ барои таъмини гармӣ ва истеҳсоли биогаз истифода бурдан мумкин аст. Биогаз манбаи нави энергияи барқароршаванда буда, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз ҷиҳати иқтисодӣ мувофиқ мебошад. Ҳамзамон зиёд намудани плантатсияҳо ва истеҳсоли чӯби корӣ, паст намудани сатҳи таъсири антропогенӣ ба ҷангалҳои табиӣ, зиёд намудани истеҳсоли асали молӣ (занбӯр онро аз гули павловния ҳосил менамояд), баланд бардоштани иқтисодиёти хоҷагиҳои ҷангал ва даромаднокии онҳо ба рушди иқтисодиёт ба воситаи ҷалби соҳибкорон ба соҳаи ҷангал, баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ ба воситаи ҷалби онҳо ба пешбурди хоҷагии ҷангал ва таъминот бо маҳсулоти чӯбии ҷангал, баланд бардоштани нақши ҷангалҳо дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва барномаҳои ҷаҳонӣ оид ба коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он мусоидат менамояд.

omuzgoroni-zaboni-rusi

Дар Тоҷикистон 71 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо забони русӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо беш аз 43 ҳазор хонандагон таҳсил менамоянд.Ёдовар мешавем, ки 1 сентябри соли 2022 бо иштироки маҷозии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода панҷ муассисаи таълимии муштарак бо забони русӣ ба истифода дода шуданд. Ин муассисаҳо дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи маориф ва илм фаъолият менамоянд. Бояд иброз намуд, ки дар Тоҷикистон ба таълим ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Далели ин 4 апрели соли 2003 ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон» мебошад. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки забондонии кормандони давлатӣ яке аз омилҳои муҳими пешрафти кор мебошад. Сарвари давлат зимни яке аз суханрониҳо иброз доштанд, ки «ҳамеша бояд дар ёд дошт, ки дар замони рушди пуравҷи илму техника, технологияҳои нав, алалхусус технологияҳои иттилоотӣ ва қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ тайёр кардани мутахассисон ва коршиносони ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ, афзудани сарватҳои моддию маънавӣ ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар байни кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон хеле мушкил аст». Бо ин мақсад бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2024 кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилоти давлатӣ ба муҳлати яку ним сол ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва ё забонҳои дигар) дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, фаро гирифта мешаванд. Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, дар сатҳи қонунгузорӣ «Барномаи давлатии такмили таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ»-ро тасдиқ кардааст. Дар меъёрҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба забони русӣ мақоми фанни ҳатмӣ дода шудааст. Забони русиро дар тамоми макотиби таҳсилоти умумии мамлакат, шуруъ аз синфи дуюм меомӯзанд. Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, забони русӣ барои тоҷикон забони дуюми модарӣ аст ва он барои ҷомеаи мо аҳамияти бузурги на шиорӣ, балки воқеӣ дорад. Ёдовар мешавем, ки аз 8 то 10 октябри соли 2025 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузории чорабиниҳои муҳими сатҳи баланди байналмилалӣ, аз ҷумла сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саммити роҳбарони давлатҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» дар назар дошта шудааст.

Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе 20 муассисаи таҳсилоти томактабии пойтахт ба барномаи иттилоотии «Kudak.tj» пайваст гардид. «Kudak.tj» чӣ гуна барнома аст ва ҳадафи татбиқи он чист? Ба ин суоли АМИТ «Ховар» роҳбарияти Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе посух доданд. Тавре Директори Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Зафар Муродзода иброз намуд, баъди бақайдгирӣ дар барномаи иттилоотии «Kudak.tj» волидон тавассути он метавонанд аз харитаи электронӣ муассисаи дилхоҳро интихоб карда, барои дохил намудани фарзандонашон ба он маълумот ворид намоянд. Ба воситаи ин барнома дар навбати электронӣ қарор гирифта, ариза ба роҳбарияти маориф (Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт) равон кунанд. «Бояд гуфт, ки барномаи иттилоотии «Kudak.tj» барои ташкили омори ягона, равиши нав ва самараноки содагардонии раванди бақайдгирии кӯдакон, осон кардани кори мураббиён ва рушди иртиботи волидон бо муассисаи томактабӣ нақши назаррас дорад. Барнома ба танзими кори муассисаҳои томактабӣ мусоидат намуда, муассисаҳои таълимии томактабиро вориди марҳилаи нав – муҳити рақамӣ месозад», — афзуд Зафар Муродзода. Барномаи иттилоотии «Kudak.tj» барои мураббиён ва волидон имконияти нави омӯзишӣ ва фароғатӣ муҳайё месозад. Яке аз ин имконият дар аккаунти мураббиён ва волидон дастрасӣ ба китобҳои электронӣ, афсонаҳо ва аудиокитобҳо мебошад. Волидон метавонанд дар ин платформа китобҳои электронӣ ва афсонаҳои гуногунро барои фарзандонашон интихоб намоянд, ки ин метавонад дар рушди маънавӣ ва таълимии кӯдакон кумак расонад. Инчунин қисматҳои интерактивӣ дар барнома ба ҷалби кӯдакон ва тарғиби хондан ва омӯзиш дар муҳити рақамӣ равона шудаанд. Ин имконият ба волидайн кумак мерасонад, то ки ба фарзандонашон на танҳо маълумот, балки контенти фароғатӣ ва таълимии гуногун пешниҳод намоянд. Волидон имкон доранд, ки муассисаи томактабии дилхоҳи худро аз харитаи электронӣ пайдо намуда, оид ба гурӯҳҳои синнусолӣ ва ҷойи холии он маълумот гиранд. Инчунин волидайн тавассути ин платформа метавонанд аз фаъолияти фарзандашон дар муассисаи томактабӣ бохабар шаванд. Ба иттилои манбаъ, дар айни замон 20 муассисаи таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе ба ин барнома пайваст карда шудааст, ки дар онҳо 5560 таълимгиранда ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳадаф аз татбиқи барномаи иттилоотии «Kudak.tj» рақамикунонии соҳа, автоматикунонии равандҳои таҳсилоти томактабӣ ва таъмини фарогирии муназами кӯдакон ба муассисаи томактабӣ мебошад.

havo-Dushanbe-10

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, то 26 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ағбаҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 14-19 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12+14 дараҷа ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.

photo_2025-10-04_09-59-51

ар Китобхонаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Кӯлоб бо мақсади ҷалб намудани хонандагон ба китобу китобхонӣ таҳти унвони «Китобхона — кохи маърифат» ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар радифи соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа дар ҷодаи китобдорӣ низ дастовардҳои наву тоза ба амал омаданд, ки ба рушди минбаъдаи ин самт дар ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд. Тавре директори муассисаи таҳсилоти иловагӣ дар минтақаи Кӯлоб Ҳайдар Ҳайдарзода иброз намуд, таваҷҷуҳи сокинон ва мактаббачагон ба китобхона нисбат ба солҳои пеш бештар гардида, хонандагон китобҳои зарурии худро сари вақт дастрас менамоянд. Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим китобдору китобхон буданд. Боиси ифтихор аст, ки ҳоло майлу рағбати мардум ба китобу китобхонӣ аз нав эҳё гардидааст. Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб» оғоз гардида, ҳафт сол аст, ки идома дорад. Дар ҳақиқат китоб арзишмандтарин падидаи фарҳангӣ- манбаи асосии илму дониш, фазлу эҳсон, сарчашмаи дарёи ақл, махзани волою пояи тамаддуни ҷаҳони муосир ва воситаи таълиму тарбия мебошад. Дар ҳамоиш хонандагон доир ба китобҳои мутолианамудаашон маълумот доданд.

honandagon

Аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шуд. Ин иқдом бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоии омӯзгорон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа амалӣ гардид. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 21 маротиба аст, ки баланд бардошта мешавад. Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ҷаҳду талоши зиёд менамояд. Маҳз ба ин хотир ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр дар мамлакат Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад. Мақсад аз таҷлили ин сана баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа мебошад. Зеро муаллим тарбиятгари инсон, чароғи раҳнамо ба сӯи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеа ва саҳмгузори рушди неруи ақлонӣ мебошад. Ғамхорӣ дар ҳаққи омӯзгор сабаби бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон мегардад. Зеро омӯзгор шахсе аст, ки ҷомеаро таълиму тарбия медиҳад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2024 зимни суханронӣ таъкид намуданд, «Давлату Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи беҳтар кардани вазъи зиндагӣ ва фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда, барои онҳо дар санадҳои қонунгузорӣ якчанд имтиёз муқаррар намудааст». Ҳамчунин иброз доштанд, ки «мо вазифадор ҳастем, ки омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимиро боз ҳам бештар дастгирӣ кунем ва манзалату обрӯи онҳоро дар ҷомеа баланд бардорем». Бояд гуфт, ки ин иқдом бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоии омӯзгорон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа амалӣ мегардад. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон кӯшиши зиёд ба харҷ дода мешавад. Аз ҷумла, тибқи моддаи 53-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф имтиёзҳои гуногун доранд, ки яке аз он бо мукофоти соҳавӣ, давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз шудан барои дастовардҳо дар фаъолияти омӯзгорӣ ва тарбияи насли наврас мебошад. Инчунин омӯзгорон имтиёз доранд, ки барои меҳнати шоиста ва дастовардҳои педагогию илмӣ ба таври моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонида шаванд. Омӯзгороне, ки бори аввал аз фонди давлатӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин мешаванд ё ба беҳтар намудани шароити манзилашон эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд. Ҳамзамон барои омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, ки бори аввал хонаи истиқоматӣ месозанд, тибқи қонунгузорӣ аз ҳисоби маблағи ғайрибуҷетӣ ё ташкилоти қарздиҳанда қарзҳои бефоиз ё имтиёзноки барои омӯзгор қобили қабул муқаррар карда мешаванд. Имтиёзи дигар барои омӯзгорони ҷавоне, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, ин аст, ки барои 3 сол ба маошашон иловапулӣ муқаррар карда шудааст. Андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Дар ҳамин модда гуфта мешавад, ки омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ барои истифода бурдани имтиёзҳое, ки барои омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии давлатӣ пешбинӣ шудаанд, ҳуқуқи баробар доранд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳои Ҳукумат мамлакат, махсусан таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди маориф омӯзгорон ва дигар кормандони соҳа вазифадоранд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас масъулияти дучанд эҳсос карда, меҳнати содиқона намоянд.