Загрузка

  • Ноя, Пт, 2025
БОЗ ЯК ХАБАРИ ХУШ! Дар иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО 1050-солагии Робияи Балхӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2026-2027 ворид карда шуд. Бояд таъкид намуд, ки ҷашни солгарди шоири шинохтаи тоҷик Робияи Балхӣ, ки ҳамзамони Рӯдакӣ буду дар даврони Сомониён зиндагӣ мекард, дар арсаи байналмилалӣ аз таърих ва фарҳанги бойи миллати тоҷик шаҳодат медиҳад. Ин воқеаи фарҳангии басо муҳиму ифтихорманд аст, ки боз як нобиғаи сухан Робияи Балхӣ, бонуи шеъру зебоӣ ва рамзи андешаи озод, ба феҳристи бузургдошти ЮНЕСКО ворид гардид. Ин иқдоми арзишманд шинохти ҷаҳонии адабиёти тоҷику форс буда, нишони эҳтироми ҷомеаи байналмилалӣ ба нақши зан дар рушди тамаддуни башар мебошад. Ворид шудани номи Робияи Балхӣ ба ин феҳрист гувоҳи он аст, ки адабиёт ва фарҳанги тоҷик бо решаҳои амиқи таърихӣ ва паёми инсондӯстонааш имрӯз низ дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи шоиста дорад. Ин тасмим натиҷаи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки пайваста барои муаррифии чеҳраҳои барҷастаи илму адаб ва баланд бардоштани обрӯву эътибори фарҳанги тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ талош меварзанд. Робиаи Балхӣ аввалин зани суханвар дар таърихи адабиёти форсу тоҷик шинохта шудааст. Тавре аз сарчашмаҳо бармеояд, аксари шоирони замони Сомониён соҳибдевон буданд. Эҳтимол Робиа низ девони худро бо забонҳои форсӣ ва арабӣ мураттаб кардааст, вале, мутассифона, он то замони мо нарасидааст. Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт, Чаман ранги «Аржанг»-и Моно гирифт. Сабо нофаи мушки Тиббат надошт, Ҷаҳон бӯйи мушк аз чӣ маъно гирифт?! Магар чашми Маҷнун ба абр — андар аст, Ки гул ранги рухсори Лайло гирифт. Ҳаме монад андар ақиқин қадаҳ Сиришке, ки дар лола маъво гирифт. Қадаҳ гир чандею дунё магир, Ки бадбахт шуд, он ки дунё гирифт. Сари наргиси тоза аз зарру сим Нишони сари тоҷи Кисро гирифт. Чу руҳбон шуд андар либоси кабуд Бунафша, магар дини тарсо гирифт?!

  • Ноя, Пт, 2025
6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши дуюм дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” (С5+1) дар шаҳри Вашингтон бо Президенти ИМА муҳтарам Доналд Трамп мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар баррасӣ шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Президенти ИМА барои даъват ва пазироии гарм арзи сипос намуданд. Сарвари давлати мо дар идомаи суҳбат ба аҳаммияти таъмини сулҳ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ишора намуда, пойдории амну суботро заминаи бебаҳо барои рушди устувори ҳамаи кишварҳои дунё арзёбӣ намуданд. 6 ноября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в Вашингтоне встретился с Президентом Соединённых Штатов Америки уважаемым Дональдом Трампом в рамках второго саммита «Центральная Азия – США» (С5+1). На встрече обсуждался широкий круг вопросов, касающихся текущего состояния и перспектив отношений сотрудничества между двумя странами. Президент нашей страны, в начале беседы, поблагодарил Президента Соединённых Штатов за приглашение и тёплый приём. В ходе беседы Глава нашего государства, отметил важность обеспечения мира, что является бесценной основой для устойчивого развития всех стран.

  • Ноя, Пт, 2025
6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Вашингтон дар зиёфати кории Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” (С5+1) иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари кишвари мизбон Доналд Трамп барои даъват ва пазироии самимӣ изҳори сипос карда, доир ба зарурат ва роҳҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико андешаронӣ намуданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва амнияти пойдорро “заминаи бунёдии ҳама гуна робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ” арзёбӣ намуданд. Дар идомаи сухан ба тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол миёни кишварҳо ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои ояндадори Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Бинобар захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва мавқеи географиии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷониби моро бо дигар шарикон дар тавсеаи ҳамкорӣ оид ба таҳкими соҳаи “энергияи сабз” ва интиқоли он ба кишварҳои ҳамсоя таъкид намуданд. Таъкид карда шуд, ки дар кишвари мо, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда, ба рушди соҳаҳои гуногуни саноат ва энергетика, бахусус афзоиши иқтидорҳои тавлидоти нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда, аҳаммияти хосса зоҳир карда мешавад. Дар ин зимн алоқамандии Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳо бо шарикони байналмилалӣ дар ин самтҳо иброз гардид. Сармоягузорӣ ба истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок низ, аз ҷумлаи самтҳои ояндадори иқтисоди Тоҷикистон номида шуд. Дар фароварди сухан иброз гардид, ки Тоҷикистон ба инобати иқтидори иқтисодии худ, метавонад тавассути густариши ҳамкорию ҳамёрӣ дар таҳкими занҷираҳои устувори истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ мавқеи назаррас дошта бошад.

  • Ноя, Чт, 2025
Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсия 06.11.2025 06.00 Мубодила Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик мегӯям. Шашуми ноябри соли 1994 мардуми шарафманди Тоҷикистон бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ ва бо роҳи раъйдиҳии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи давлати соҳибихтиёри худро қабул карданд, ки имрӯз ба ин санаи воқеан таърихӣ 31 сол пур мешавад. Қабули ин санади олӣ дастоварди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини мардуми кишварамон ба ҳисоб меравад. Халқи Тоҷикистон бо қабули ин санад ояндаи худро интихоб кард, ки он барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Бо интихоби ин роҳ мардуми Тоҷикистон бо ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон пайвастанд ва барои ояндаи дурахшони худ таҳкурсии устувор гузоштанд. Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд. Дар Конститутсия таъмин намудани истиқлолу озодӣ, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишвар вазифаи асосии давлат муқаррар гардид. Дар ин санади бунёдӣ, ҳамчунин, мақсаду вазифаҳо, асосҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии кишвар, ташкил ва фаъолияти рукнҳои давлатдорӣ муайян гардиданд. Тибқи Конститутсия давлати соҳибистиқлоли мо хусусияти иҷтимоӣ дорад ва мақсади он фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон мебошад. Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар мамлакат фазои орому осуда, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ таъмин шуда, барои рушди бонизом ва устувори иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа шароити мусоид муҳайё гардид. Дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, қонунияту тартибот, инчунин, қабул ва амалӣ намудани консепсияҳо ва стратегияву барномаҳои давлатӣ мо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқиву сиёсӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои муҳимму арзишманди таърихӣ ноил гардидем. Тоҷикистони мо тибқи Конститутсия узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон ва тамоми созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ буда, имрӯз бо ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли масъалаву мушкилоти глобалии сайёра нақши назаррас мегузорад. Бахусус, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи амният, обу энергетика, муҳити зист ва нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор ва рафъи дигар мушкилоти ҷаҳониву минтақавӣ аз ҷониби ҷомеаи башарӣ дастгирӣ ёфтаанд. Дар робита ба ин, мехоҳам як масъалаи муҳимро бори дигар ба мардуми шарифи Тоҷикистон хотирнишон намоям: ба ҳамаи мо зарур аст, ки ба хотири ҳифзи меъёрҳои Конститутсия, истиқлолу озодӣ ва сулҳу субот дар кишварамон ҳамеша саъю талош намоем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, ба қадри неъмати бузурги зиндагиамон – озодиву истиқлол расем ва тамоми имконияту неруи худро барои рушди давлати соҳибихтиёрамон ва ободии Ватани маҳбубамон сафарбар созем. Дар ин раванд, ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки ба Конститутсия ҳамчун бахтнома, санади олии сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуҷҷати муайянкунандаи имрӯзу ояндаи ҷомеа ва давлат муносибат намояд, ба он эҳтиром гузорад ва моҳияту аҳаммияти онро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад. Вазифаи муқаддаси ҳар як узви ҷомеа аз он иборат аст, ки меъёрҳои Конститутсияро аз худ намояд ва дар асоси ин санади муқаддаси миллат дар ҷодаи роҳи ноил шудан ба ҳадафҳои олии давлати озоду соҳибистиқлоли хеш боз ҳам бештар кӯшиш намояд. Мо вазифадорем, ки бо заҳмати аҳлонаву содиқона, муттаҳидиву сарҷамъӣ, риояву иҷрои Конститутсия ва қонунҳо зиндагии шоистаи худ ва фарзандонамонро таъмин карда, ба наслҳои оянда як мулки орому осуда ва давлату ҷомеаи пешрафтаро мерос гузорем. Бори дигар тамоми ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи Конститутсия табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо сулҳу оромӣ, иқболи нек ва ба Тоҷикистони маҳбубамон устувории сиёсиву иқтисодӣ ва пешрафту комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям. Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!
  • Ноя, Вт, 2025
4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳаи Қатар дар ҳошияи ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ як зумра масоили вобаста ба рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд. Зимнан аз мунтазамии мулоқотҳои сатҳи олию баланд ва натиҷаҳои онҳо, ки бозгӯй аз ҳамкории ҳамаҷониба ва шарикии стратегии ду кишвар арзёбӣ мегардад, изҳори қаноат карда шуд. Барои таҳким ва густариши ҳамкории судманд таъсиси Шӯрои муколамаи стратегӣ ва бештар фаъол шудани дигар абзорҳои дуҷониба зарур дониста шуд. Бо ишора ба имкону захираҳои васеъ барои афзун намудани нишондодҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таъкид гардид, ки ниҳодҳои дахлдори ду кишвар аз ин зарфиятҳо бояд ҳамаҷониба истифода намоянд. Тақвияти ҳамкории байнипарлумонӣ, аз ҷумла фаъолияти Гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ, ҳам ба манфиати кор арзёбӣ гардид.

  • Ноя, Вт, 2025
4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд. Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат аз ҷараёни рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қатар изҳори қаноат намуданд. Ба густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, саноат, истихроҷу коркарди маъданҳо, ва кишоварзӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Иштироки сармояи қатарӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва тавлиди нерӯи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда муҳим дониста шуд. Таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳанг, илму маориф ва сайёҳӣ аз мавзуоти дигари суҳбат буд. Ба ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҳамкории Исломӣ, баҳои баланд дода шуд. Иброз гардид, ки Тоҷикистон аз иқдомҳои миёнаравии Давлати Қатар дар масоили ба эътидол овардани авзоъ дар Ховари Миёна ва хосатан дар Навори Ғазза, ҷонибдорӣ менамояд. Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин, доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо сурат гирифт.

  • Ноя, Вт, 2025
Муҳтарам Дабири кулл, Хонумҳо ва ҷанобон, Дар оғоз ба Давлати Қатар ва Созмони Милали Муттаҳид барои баргузории чорабинии муҳими имрӯза ва пазироии самимӣ арзи сипос менамоям. Мусаллам аст, ки рифоҳи иҷтимоӣ заминаи муҳимми таҳкими сулҳу суботи фарогир ва рушди устувор мебошад. Вобаста ба ин, мехоҳам қайд намоям, ки қабул ва татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 идомаи талошҳои кишвари мо дар ин ҷода мебошад. Ин санад, ҳамчун яке аз омилҳои калидии ҳифзу таъмини суботи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, ба рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар равона гардидааст. Ҳамзамон бо ин, қобили зикр аст, ки то охири соли равон аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026-2030 қабул мегардад. Санади мазкур марҳилаи ниҳоии Стратегияи миллии рушдро барои давраи то соли 2030 фаро гирифта, аҳдофи он бо Ҳадафҳои Рушди Устувор ҳамоҳанг мебошанд. Дар заминаи татбиқи барномаву стратегияҳои зикргардида, кишвари мо ба таҳкими сармояи инсонӣ тавассути рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвари мо ҳамкории Ҳукумат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши муҳим мебозад. Дар Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи охирдар соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ беш аз чор (4,1) миллион ҷойи корӣ таъсис ва барқарор гардидааст.. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳашт барномаи давлатӣ ва се стратегияи дарозмуддат дар соҳаи маориф татбиқ шуда истодаанд, ки ин ҳам барои рушди соҳаи иҷтимоӣ аҳамияти калидӣ дорад. Мусаллам аст, ки рушди иҷтимоӣ бо пешрафти соҳаи тандурустӣ низ пайванди ногусастанӣ дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмин намудани фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад. Муҳтарам иштирокдорони Ҳамоиш, Таъмини рушди иҷтимоӣ ба фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисод ва устувории муҳити зист пайвастагии зич дорад. Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламравашро кӯҳсор ташкил медиҳад, аз пайомадҳои тағйирёбии даври гидрологӣ, обхезиву хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ осебпазир мебошад. Дар ин робита мо, ба мақсади таъмини некуаҳволии мардуми худ, дар самти муқовимат ба тағйирёбии иқлим пайваста чораҷӯӣ менамоем. Дар баробари ин, кишварҳои рӯ ба тараққӣ, хусусан кишварҳои кӯҳистонӣ ва маҳсур дар хушкӣ, дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ва таъмини устувории иҷтимоӣ бо мушкилоти зиёд дучор шудаанд. Мо зарурати андешидани чораҳои ҷиддиро барои беҳтар намудани дастрасии кишварҳои осебпазир ба манбаъҳои молиявӣ ва таъмини маблағгузории устувор, алалхусус дар соҳаҳои хизматрасониҳои иҷтимоӣ, таҳкими сармояи инсонӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таъкид менамоем. Ҳозирини гиромӣ, Гузариш ба иқтисоди “сабз” барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад. Тоҷикистон, бо дарназардошти иқтидори бузурги гидроэнергетикии худ, ба масъалаи таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди соҳаи энергияи “сабз” аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Имрӯз зиёда аз наваду ҳашт (98) фоизи нерӯи барқи Тоҷикистон аз манбаъҳои обӣ истеҳсол мешавад ва аз рӯйи нишондиҳандаи истеҳсоли энергияи “сабз” кишвари мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд. Илова бар ин, мехоҳам қайд намоям, ки мо дар марҳилаи гузариши босуръат ба технологияҳои рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои мухталиф қарор дорем. Истифодаи дуруст ва ҳадафмандонаи онҳо метавонад ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидати ҳамаҷониба намояд. Тавре ки маълум аст, чанде пеш бо ибтикори Тоҷикистон Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милал зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” қабул гардид. Бовар дорам, ки қатъномаи мазкур ҳамчун василаи муассир барои истифодаи зеҳни сунъӣ дар минтақаи мо бо мақсадҳои дастрасӣ ба ҳадафҳои рушди устувор хидмат хоҳад кард. Ҳозирини арҷманд, Рушди фарогири иҷтимоӣ амалҳои муштаракро дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ ва ҷаҳонӣ тақозо менамояд. Моро зарур аст, ки бо муттаҳид намудани талошҳо барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва кулли мардумони ҷаҳон шароити одилонаи рушди иҷтимоиро фароҳам созем. Дар кори Саммити имрӯза, мо бояд якдилона иродаи муштараки худро барои суръат бахшидан ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор таъкид намуда, ба рушди иҷтимоӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои калидии он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоем. Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!