Azamat

photo_2025-06-19_10-41-24

ИСТЕҲСОЛИ АНГУР То нимаи аввали моҳи июн дар мамлакат 40 225 тонна ангур ҷамъоварӣ гардидааст. Айни замон дар ноҳияҳои ҷануби мамлакат ҷамъоварии навъи ангури «ҳисории пешпазак» идома дорад. Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷумҳурӣ майдони боғу токзор 206 ҳазору 535 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 39 ҳазору 922 гектараш токзор аст. Имрӯзҳо ангурпарварони мамлакат дар баробари ба бозори истеъмолӣ ба фурӯш баровардан, инчунин ба захира, содирот ва хушк намудани ангур машғул мебошанд. Бо мақсади рушди соҳа «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» қабул карда шудааст. Зимни амалӣ гардидани ин Барнома майдони токзор бештар мегардад. Ин Барнома ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ғизоӣ, дастрасии корхонаҳои коркард ба ашёи хом, афзоиши иқтидори содиротӣ, коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ нигаронида шудааст. Мутахассисон иброз медоранд, ки ангури навъи «ҳисории пешпазак» қобиляти дурру дароз нигоҳ доштан надорад. Ин навъи ангур бо таъм ва шакли худ аз навъҳои дигари ангур фарқ мекунад. Дар Тоҷикистон чунин навъҳои ангур бештар парвариш карда мешаванд: «пешпазак — чиллагии сафед, зарифӣ», «ҳисории пешпазак», «миёнапазак — кишмиши сиёҳ», «кишмиши хушрӯ», «кишмиши сафед», «ҳусайнии сафед», «қароҷанҷол», «султонӣ», «шакарангур», «анзоб», «миёнапазак — тоифии сурх», «нимранг», «шаробӣ — саперавӣ», «мускати сурх», «тавкверӣ», «тербаш», «тагобӣ», «морастел», «рислинг», «алиатико», «алиготе», «расмӣ», «кӯлҷонӣ», «пинос» ва ғайра. Ангурро дар хонаҳои махсус барои зимистон ва баҳор низ нигаҳ медоранд. Дар деҳаҳои шимоли водии Ҳисор, ки мардумаш ба ангурпарварӣ шуғл доранд, ангурро дар моҳи октябр, пеш аз сардиҳо ҷамъоварӣ мекунанд. Дар ҳар ҳавлии боғдорон ҳуҷрае бо номи «ангурхона» мавҷуд аст, ки дар он хӯшаҳои ангурро ба торҳои аз шифт ба поён овезон мебанданд. Пеш аз он ки ангурро ба шифти хона овезанд, аввал дар Офтоб чанд соат мегузоранд, то думчаи тараш пажмурда шавад.

Rustam-Emomal-dar-cha-orch-bi-ta-lil-az-R-zi-a-onii-futbol-dar-Leifyt-10

ИМРӮЗ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛИ КӮДАКОНА. 19 июн Рӯзи ҷаҳонии футболи кӯдакона эълон шудааст. Ин сана соли 2001 ба шарофати созишномаи байни ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол) ва Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид таъсис дода шудааст. Ҳадафи ин рӯз дарёфти кӯдакони лаёқатманд ва ҳавасманд намудани онҳо дар ин риштаи варзиш мебошад. Тавре дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар мамлакат барои ҳавасмандсозии кӯдакону наврасон ба ин намуди варзиш чораҷӯйӣ шуда, танҳо дар яке аз лоиҳаҳои «Футбол ба назди шумо меояд» соли гузашта зиёда аз 35 ҳазор нафар бачагон аз тамоми ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Дар маҷмӯъ, дар соли 2024 беш аз 75 000 кӯдакону наврасони аз 6 то 18 — сола ба футбол ҷалб карда шуданд, ки ин шумора соли 2023 55 000 нафар буд. Имсол бошад, аллакай беш аз 40 ҳазор нафар кӯдакон ба футбол ҷалб карда шудаанд. Бо дастгирии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз футболи кӯдакона дар мамлакат бо суръати баланд рушд мекунад. Дар ин маврид бояд муваффақиятҳои дастаҳои яккачини ҷавонон ва наврасони тоҷикро ёдовар шуд. Аз ҷумла, чанде қабл дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол ғолиб гардид. Тавре ҳамагон огоҳӣ доранд, моҳи майи соли 2024 бо ташаббуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), раиси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ 25 май аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон карда шуд. Соли равон Рӯзи ҷаҳонии футбол дар аксар давлатҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон бо шукуҳи хосса таҷлил гардид. Футбол яке аз намудҳои рушдёфтаи соҳаи варзиш дар қаламрави Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар байни аҳолӣ нисбат ба дигар намудҳои варзиш маҳбубияти зиёд дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳо барои рушди ин намуди варзиш тамоми имкониятҳоро амалӣ менамояд. Далели ин бунёд гардидани майдонҳо ва майдончаҳои футбол дар шаҳру ноҳияҳо, махсусан дар деҳоти дурдаст мебошад, ки ҳадафи он тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ба варзиш ҷалб намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад. Ёдовар мешавем, ки соли 2021 аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон «Барномаи махсуси президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар бораи рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024», инчунин нақшаи амалисозӣ ва ҳайати кумитаи тадорукотии амалисозии Барнома тасдиқ шуд. Ҳадафҳои асосӣ аз амалишавии Барнома тақвият бахшидан ба пешрафти бозии футбол дар деҳот, баргузор намудани мусобиқаҳои мухталиф байни дастаҳои футболи деҳот, бозсозӣ ва беҳтар гардонидани сифати майдонҳои футболбозӣ дар деҳот, ҷалби шумораи бештари аҳолӣ ба бозии футбол ва тавассути бозии футбол дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбият намудани наврасону ҷавонон дар деҳоти мамлакат мебошад. Хотиррасон мешавем, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар саросари мамлакат беш аз 7500 майдону майдончаҳои варзиш танҳо барои бозии футбол сохта, ба истифода дода шудаанд. Дар як соли охир дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 101 майдончаи замонавии футбол мавриди истифода қарор дода шуд. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 14 апрели соли 2022 «Барномаи рушди футбол дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2022 – 2026» тасдиқ гардид. Дар пойтахти мамлакат –шаҳри Душанбе дар панҷ соли охир тавассути татбиқи барномаҳои рушди варзиш беш аз 300 майдончаи варзиш бунёд гардида, шумораи умумии онҳо ба 500 расид. Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари дигар бахшҳои ҳаётан муҳим барои бунёду навсозии инфрасохтори варзиш тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст.

DSC_6157

Таҳти раëсати муовини Сарвазир оид ба пешгирии талафоти неруи барқ ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Имрӯз дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Барқи тоҷик» таҳти раëсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба нишондиҳандаҳои шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир гардид. Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, мақомоти қудратӣ, раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва кормандони соҳаи барқ иштирок намуданд. Дар ҷаласа аз ҷониби муовини Сарвазир Усмоналӣ Усмонзода иброз гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 апрели соли 2025 дар қатори дигар қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд. «Ҳадафи асосии ворид намудани тағйир ба моддаи 382-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова гардидани моддаи нав — моддаи 2531 оид ба пешгирии дахолати беасос ба таҷҳизоти ҳисоби неруи барқ ва вайронкунии қоидаву меъёрҳои истифодаи қувваи барқ мебошад»,-афзуд муовини Сарвазир. Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Азимзода зимни гузориш иттилоъ дод, ки «санҷишҳои прокурорӣ дар фаъолияти шабакаҳои барқии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар давраи 5 моҳи соли равон 520 қонунвайронкуниҳо оид ба истифодаи қувваи барқ ошкор намуд. Аз натиҷаи санҷиши онҳо нисбат ба шахсони гунаҳкор 25 парвандаи ҷиноятӣ ва 250 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, зиёда аз 13 миллион сомонӣ маблағи қарзи истифодаи қувва барқ рӯёнида шудааст». Тибқи иттилои муовинии прокурор, дар маҷмуъ дар давраи сипаригардидаи соли равон бо натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ нисбат ба шаҳрвандон ва шахсони масъули шабакаҳои барқ, танҳо дар давоми 5 моҳ 130 адад парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, 3,5 ҳазор нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва интизомӣ кашида шуданд.

Kitobhonai-milli-

8 июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид, ки дар он китобномаи шарҳиҳолии Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар рӯнамоӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд. Дар ҳамоиш иброз гардид, ки фаъолияти эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Ашӯр Сафар аз солҳои 50-уми асри гузашта ибтидо гирифта, пайваста рушду такомул ёфтааст. Шеърҳои Ашӯр Сафар бо соддабаёнӣ, равонӣ, мазмуну муҳтавои баланд, тасвирҳои зебо, тозабаёнӣ, банду баст ба дубайтию рубоӣ ва дигар жанрҳои адабӣ фарқ мекунад. Шоир ҳамвора кӯшидааст, ки шеърҳояшро бо забони сода ва возеҳу равшан баён кунад. Ӯ дар эҷодиёташ аз вожаҳо ва ибораҳои корбурди байни мардум ба таври васеъ истифода бурдааст. Ҳамин аст, ки шеъри ӯ ба дилҳо роҳ ёфта, ба таронаҳои дилангез табдил ёфтаанд ва имрӯз ҳам аз ҷониби овозхонҳои машҳури тоҷик иҷро мегарданд. «Аз Ашӯр Сафар ба мо осори баланди пур аз панду насиҳат боқӣ мондааст, ки хонандагон метавонанд доир ба осори баъдеии ин шоири тоҷик маълумоти муфассал аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастрас намоянд»,-баён шуд дар ҳамоиш. Шоир соли 1967 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуда, бо эҷод ва нашри китобҳои зиёде, ба мисли «Илҳом», «Хандаи гулҳо», «Фарзанди аср», «Самари умр», «Гули маҳтоб», «Базми садоқат», «Гапи подор», «Арзи меҳр» ва «Гулбоғ» байни дӯстдорони шеъри ноб машҳур гардид. Намунаи ашъори Ашӯр Сафар ба забонҳои русӣ, узбекӣ, арманӣ, қирғизӣ, туркманӣ тарҷумаву нашр гардида, китобҳои алоҳидааш ба забони русӣ дар Москва ва ба хатти форсӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон чоп шудаанд. Рӯнамоии чунин дастурҳо ва китобномаҳои шарҳиҳолӣ барои муҳақиқони ҷавон ва донишҷӯён бисёр муфид буда, метавонанд аз онҳо ба таври васеъ истифода намоянд. Дар Китобхона миллӣ аз оғози фаъолият то ба имрӯз диққати асосӣ ба библиографияи тоҷик, махсусан дар омода ва таҳия намудани дастурҳои библиографӣ, хизматрасонии библиографӣ дода мешавад. Ин муассиса ҳамчун маркази библиографӣ барои тамоми китобхонаҳои ҷумҳурӣ дастурҳои методию тавсиявӣ, дастурамалҳо таҳия менамояд.

CHang

Аз 19 то 22 июни соли равон дар ҷумҳурӣ баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад. Тибқи иттилои манбаъ, 19 ва 20 июни соли равон бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва баъзе ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани сел аз эҳтимол дур нест. Аз нимаи дуюми рӯзи 19 июн то 22 июн дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо сабаби шиддатнокии вазиши шамол аз самти ҷанубу ғарб, дар баъзе ноҳияҳо бо суръати то 15-20 метр дар як сония боиси хокбориш мегардад. Инчунин дар ин рӯзҳо баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) пешгӯӣ мешавад. Дар робита ба рӯзҳои номусоиди ҳаво, мутахассисони соҳаи тиб ба шаҳрвандон тавсия медиҳанд, ки аз сайругашти зиёди рӯзона дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, хусусан дар наздикии роҳҳои сернақлиёт, ки ба саломатиашон хатарнок аст, худдорӣ намоянд. Дар чунин ҳавои номусоид бемориҳои музмини роҳҳои нафаскашӣ ва намудҳои гуногуни аллергия авҷ мегиранд. Аз ин рӯ шахсони гирифтори чунин бемориҳо бояд дар беруни биноҳои истиқоматӣ камтар гарданд. Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба кӯдакон, пиронсолон, занҳои ҳомила ва шахсоне, ки бемориҳои диққи нафас ва қалб доранд, таъсири манфӣ мерасонад. Шахсоне, ки бемориҳои дорои хусусияти мавсимӣ доранд, ба мисли диққи нафас, ринити аллергикӣ, полиноз, бемориҳои ишемиявии дил, фишорбаландӣ ва бемориҳои системаи масуният дар чунин ҳаво бояд эҳтиёт намоянд. Зеро шахсони гирифтори бемориҳои системаи дилу рагҳои хунгард, бемории ишемиявии дил, фишорбаландии шарёнӣ ва бемориҳои тарбод дар чунин ҳаво азият мекашанд.

Gimnastika-4

Варзишгардухтарони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гимнастикаи бадеӣ иштирок намуда, сазовори 12 медали тилло, 2 медали нуқра ва 1 биринҷӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муасисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои Олимпии рақами 1»-и шаҳри Душанбе хабар доданд. Мусобиқа 14 — 15 июн дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардида, дар он дастпарварони Муасисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишии захираҳои Олимпии рақами 1”-и шаҳри Душанбе оид ба гимнастикаи бадеӣ иштирок намуданд. Дар ин мусобиқа аз ҳашт давлати дунё — Тоҷикистон, Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Ҷопон, Озарбойҷон, Тайланд ва Сингапур истеъдодҳои наврасу ҷавони гимнастикаи бадеӣ ҳунарнамоӣ карданд. Дар ин мусобиқа варзишгарони тоҷик таҳти роҳбарии сармурабии Федератсияи гимнастикаи бадеии Тоҷикистон Миҷгона Шарифова иштирок намуданд.

photo_2025-06-17_18-41-44 (2)

Иштирок дар Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Чин” 17.06.2025 17 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Чин” иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсӣ дар чаҳорчӯби ҳамоиши имрӯза метавонад дар расидан ба тамоми ҳадафҳои созандаи мо дар сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нақши муассир гузорад. Таъкид гардид, ки ҳамкории иқтисодӣ, бе шубҳа, яке аз унсурҳои асосии робитаҳои судбахш мебошад. “Дар ин самт мо ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ки ба таҳкими минбаъдаи шарикии бисёрҷанбаи тиҷоративу иқтисодии мо нигаронида шудаанд, аҳамияти хоса медиҳем”, изҳор доштанд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Бахшҳои энергетика, аз ҷумла рушди энергетикаи “сабз”, саноат, коркарди минералҳои муҳим, нақлиёт, васеъ кардани долонҳои транзитию нақлиётӣ ва ҳамлу нақли бор ҳамчунин, рушди кишоварзӣ, аз самтҳои муҳими ҳамкории кишварҳо номида шуд. Дар баробари ин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳои иштирокдори ҳамоишро ба масъалаи рушди пайвасти рақамикунонӣ, аз қабили ҷорӣ намудани моделҳои инноватсионии тиҷорат, аз ҷумла тиҷорати электронӣ ҳамчун омили таконбахши равобити тиҷоративу иқтисодӣ ҷалб намуданд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурнамоҳоеро, ки ба шарофати рушди технологияҳои рақамӣ ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ барои иқтисодиёти кишварҳои мо кушода мешаванд, муҳим арзёбӣ намуданд. Вобаста ба ин, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пешниҳоди ташаббуси Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2024 дар бораи қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии СММ оид ба нақши зеҳни сунъӣ барои фароҳам овардани имкониятҳои нави рушд, ёдовар шуданд. Гуфта шуд, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти рушди минбаъдаи ҳамкории нақлиётию логистикӣ дар минтақа, соддагардонии расмиёти ҳамлу нақли мултимодалии борҳо ва афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила низ ба рушди иқтисодии минтақавӣ такони пурқуввате хоҳанд дод. Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси таҳияи Барномаҳои рушди кластерҳои саноатӣ (комплексҳо)-ро, ки барои ҷалби сармоя ва технология, ҳавасмандгардонии маҳаллисозии истеҳсолот, шароити иловагӣ фароҳам меорад, ҷонибдорӣ намуданд. Дар ҳамоиш Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, барои пешбурди “Раванди Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо” ҷиҳати таъмини рушди устувор, ҳамкории минбаъда дар ин соҳа андешаронӣ намуданд. Таъмини амнияти озуқаворӣ, тавсеаи иқтидори содиротии минтақа ва логистикаи таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ, ташаккули иқтисоди “сабз” дар минтақа, инчунин, ҳамоҳангсозии меъёрҳои фитосанитарӣ ва байторӣ аз мавзуъҳои муҳими суханронии Роҳбари давлати мо буд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, масъалаҳои таҳкими ҳамкории судмандро дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла илму маориф, баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеа, сайёҳӣ ва дигар самтҳои афзалиятнокро зарур арзёбӣ намуданд. Таҳкими сулҳу суботи пойдор ва зиндагии осоишта дар минтақа ва атрофи онро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҳадафҳои асосии ҳамкории бисёрҷониба номиданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “мо ҷонибдори таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин самтҳо бо мақсади ба даст овардани шароити муътадил ва пешгӯишавандаи беруна дар атрофи кишварҳоямон ба хотири некӯаҳволии наслҳои ҳозира ва оянда ҳастем”. Дар фароварди сухан Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки натиҷаҳои чорабинии имрӯза бомуваффақият ва пурсамар хоҳад буд. Дар ҳамоиш, ки бо иштироки сарони ҳамаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин ҷараён гирифт, муҳимтарин масоили вобаста ба рушди ҳамкории муштарак баррасӣ гардид. Аз ҷумла, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин омодагӣ ва алоқамандии кишварашро ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид намуда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои афзалияти волои сиёсати хориҷии Чин мебошад. Ӯ, ҳамчунин, изҳор дошт, ки Чин омода аст таҷриба ва технологияҳои худро барои рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ дастрас намояд. Дар фароварди ҳамоиш ба таври фосилавӣ Маркази ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Осиёи Марказӣ-Чин ифтитоҳ ёфт. Аз рӯи натиҷаи кори Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Чин” як қатор санадҳои муҳим, аз ҷумла Паймони ҳамсоягии абадӣ, дустӣ ва ҳамкорӣ ва Эъломияи Остона ба имзо расид.