Имрӯз, 15 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намояндаи Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (БОҶ СММ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Симон Ҳолема мулоқот анҷом доданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои судмандро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зикр гардид, ки Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ яке аз бузургтарин барномаҳои башардӯстона дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар самти мубориза бо гуруснагӣ, расонидани кумаки озуқаворӣ дар ҳолатҳои фавқулода, беҳтар намудани сатҳи ғизо ва баланд бардоштани устувории иҷтимоӣ фаъолияти густурда дорад. Ба ҳисоби миёна, ин барнома ҳамасола ба зиёда аз 80 миллион нафар дар беш аз 80 кишвари ҷаҳон кумаки ғизоӣ мерасонад.

Таъкид шуд, ки ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо БОҶ СММ самаранок арзёбӣ гардида, дар доираи он дар кишвар як қатор лоиҳаҳои муҳим амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла, бо дастгирии барнома дар Тоҷикистон наздик ба 2000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо маҳсулоти ғизоии хушсифат таъмин гардида, хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз ғизои солим баҳраманд мегарданд.

Қайд карда шуд, ки дар вилояти Хатлон низ татбиқи чунин лоиҳаҳо натиҷаҳои назаррас додааст. Аз ҷумла, айни ҳол дар вилоят беш аз 230 ҳазор хонанда бо маводи ғизоӣ фаро гирифта шудаанд, ки тақрибан 40–50 фоизи муассисаҳои таълимиро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, дар доираи ҳамкориҳо беш аз 3500 тонна маводи ғизоӣ ба оилаҳои ниёзманд дастрас гардида, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намудааст.

Дар мулоқот ҳамчунин аз татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ёдовар шуданд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Вахш бо дастгирии шарикони рушд барқарорсозии агрегатҳои пуриқтидор амалӣ гардида, зиёда аз 60 ҳазор аҳолии 7 деҳа бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд.

Инчунин, бо дастгирии Ҷумҳурии Корея ҷалби хоҷагиҳои деҳқонӣ ба технологияҳои муосири кишоварзӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон роҳандозӣ гардидааст.

Дар идомаи мулоқот зарурати дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ, бахусус онҳое, ки аз ҷониби занон роҳбарӣ мешаванд, таъкид гардид. Аз ҷумла, дастгирӣ дар самтҳои ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, таъмини тухмии хушсифат, рушди коркарди маҳсулот ва беҳтар намудани дастрасӣ ба бозорҳо муҳим арзёбӣ шуд.

Дар анҷом ҷонибҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки ҳамкориҳоро дар самтҳои зикршуда боз ҳам густариш дода, татбиқи лоиҳаҳои навро дар вилояти Хатлон идома медиҳанд.