
4-5 июн дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони «Хатлон-сарзамини тамаддунҳо ва саёҳат» баргузор мегардад.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, ҳадафи форум ва намоиш муарифии иқтидори сайёҳии минтақа, ҷалби сармоягузорӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ мебошад. Дар назар аст, ки дар он намояндагони беш аз 20 давлати ҷаҳон иштирок намоянд.
Дар вилояти Хатлон бо назардошти мавҷудияти захираҳои бойи табиӣ, таърихию фарҳангӣ ва экологӣ сайёҳӣ метавонад яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти минтақа гардад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола теъдоди сайёҳони хориҷие, ки барои шинос шудан бо мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлон ба мамлакат ворид мешаванд, меафзояд.
Ёдовар мешавем, ки дар Хатлон 933 ёдгорӣ ва мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 121 меҳмонхона, 139 мавзеи сайёҳӣ, 251 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 142 тарабхона, 45 осорхона, 19 ширкати сайёҳӣ, 128 чойхона, 371 банкомати хизматрасонии бонкӣ, 50 ҳомстей (хонаҳои меҳмонқабулкунии маҳаллӣ), 240 ҳоҷатхонаи сарироҳӣ, 68 мағозаи фурӯши армуғон, 115 зиёратгоҳ, 45 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгашт, 80 ишораи сарироҳӣ ва 26 маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд.
