Муассисаи давлатии илмию таҳқиқотии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ба Муассисаи давлатии илмию таҳқиқотии «Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» табдил дода мешавад.
Дар ин хусус 16 декабр зимни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки «соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025 – 2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардиданд. Аз ин лиҳоз ман аз ҳамаи сохторҳои дахлдор даъват менамоям, ки фаъолияти илмӣ ва амалиро дар ин самт густариш дода, дастовардҳояшонро дар арсаи байналмилалӣ васеъ муаррифӣ намоянд».
Ба таъкиди Роҳбари давлат, мавзуи ҳифзи пиряхҳо, омӯзиши илмҳои криосфера ва амалисозии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим аҳамияти стратегӣ ва ҷаҳонӣ дорад.
Дар робита ба ин пешниҳод гардид, ки Маркази омӯзиши пиряхҳо ба Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфера табдил дода шавад.