Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҳайати чинӣ бо роҳбарии муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Инчуан бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуд. Барои меҳмонон сайри осорхонавӣ бо забони чинӣ ташкил карда шуд.Меҳмонон бо таъриху тамаддуни бисёрҳазорсола дар асоси ёдгориҳои нодири Шоҳроҳи Бузурги Абрешим, ки дар аҳди бостон мардуми бумии Осиёи Миёна, ниёгони тоҷикон – суғдиёну бохтариён дар он нақши муассир доштанд, аз наздик шинос шуданд.Вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Инчуан аз тамошои толорҳои намоишии осорхона изҳори хушнудӣ намуда, таассуроташро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон дарҷ намуд.Шинос гардидан бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон рамзи таваҷҷуҳи дипломатӣ буда, метавонад ба рушди равобити фарҳангию маърифатии Чину Тоҷикистон мусоидат намояд.
