Кабки зирак парандаи соли 2026 эълон гардид. Ҳамоишҳои экологӣ — тавзеҳотӣ ва иқдоми ҳифзи табиат, ки тамоми сол баргузор хоҳанд шуд, ба ин паранда бахшида мешаванд. Иттилоъ дода шуд, ки дар озмуни «Парандаи сол – 2026» аз байни 10 номинатсияи пешниҳодшуда бо гирифтани овозҳои бештар кабки зирак ҳамчун парандаи соли 2026 интихоб гардид.Биноба иттилои манбаъ, озмуни «Парандаи сол» танҳо интихоби рамзи навбатӣ набуда, он барномаи муҳими маърифатӣ ва ҳифзи табиат мебошад.Зимни ҷаласаи ҷамъбастии озмун иброз шуд, озмун имкон фароҳам меорад, ки ҷомеа дар бораи парандаҳо бештар маълумот пайдо намуда, ба табиат бо таваҷҷуҳи зиёд муносибат намоянд.Кабк яке аз зеботарин парандаҳои табиати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар зиракию ҳушёрӣ нисбат ба дигар мурғони хушхон бартарӣ дорад. Дар бораи парвариш ва шикори кабк дар байни мардум донишу таҷрибаҳои зиёд мавҷуд аст. Ҳатто бовару эътиқод, ривоятҳои гуногуни фолклорӣ, инчунин расму одатҳои аҷибе нисбат ба кабк дар байни мардуми тоҷик роиҷ мебошанд.Кабк зебогии табиатро бо овози хушу дилнишинаш боз ҳам зеботар мегардонад. Садои форами кабкро бисёриҳо хуш доранд. Ба гуфти одамоне, ки кабкро хубтар мешиносанду бо он сару кор доранд, садои кабк бештар ба бемории асаб шифо мебахшад. Гӯшти кабк серғизо буда, барои чандин касалиҳо давобахш аст. Кабк парандаи зираку доно буда, дар талу теппаҳо гурӯҳ-гурӯҳ шуда зиндагӣ мекунанд.Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон парандаҳои гуногун, аз қабили мурғи ҳумо, ғози кӯҳӣ, кабки дарӣ, бум, зоғчаи кабуд, тазарв, лаклаки сафед, товусаки биҳиштӣ, мурғи ҳилолӣ тибетӣ, ҳудҳуд, шоҳин, фароштуруки деҳотӣ, шоҳуқоб, заргулдор, саъба, фохтак ва дуғдоғи зебо «Парандаи сол» интихоб шудаанд. Ёдовар мешавем, ки озмуни «Парандаи сол» дар Тоҷикистон аз соли 2008 инҷониб бо ҷалб ва тавсияи коршиносони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти Ҷамъиятии «Иттиҳодияи ҳифзи гуногунии биологии Тоҷикистон» баргузор карда мешавад.Интихоби яке аз парандаҳои нодири Тоҷикистон ба сифати парандаи сол бо мақсади барқарор ва афзун намудани саршумори он дар табиат мебошад. Интихоби парандаи сол ба фароҳам овардани заминаи муносиб барои афзоиши он ва муаррифии бештари парандаи интихобгардида мусоидат менамояд.