Имрӯз дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Парчами давлатӣ моро ҳамеша ба созандагиву ободкорӣ, заҳматдӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол раҳнамоӣ мекунад. Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаҳои дунё муаррифи кишвари озоду ҳуқуқбунёди мо мебошад. Сарвари давлат хотиррасон намуданд, ки сию се сол инҷониб мардуми тоҷик зери ин парчами ваҳдатофар дар оромиву осоиш, амнияту субот умр ба сар мебаранд ва кишвари худро бо иттиҳоду сарҷамъӣ ободу зебо гардонида, дар арсаи олам машҳур карда истодаанд. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Парчами давлатӣ чун нишони давлати соҳибистиқлол дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, сафоратхонаҳо, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, олимпиадаҳо ва дигар мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ парафшон мегардад. Ҳар вақте ки варзишгарони тоҷик ба майдон мебароянд, онҳо на танҳо номи шахсии худ, балки номи Тоҷикистони азизро муаррифӣ менамоянд. «Ҳар пирӯзӣ ва ба ифтихори он баланд шудани парчами давлативу садо додани Суруди миллӣ ва шодии ҳазорон варзишдӯсти кишвар ин арзиши миллиро боз ҳам азизу муътабар мегардонад.Ин, бешубҳа, намунаи равшани ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ буда, ҳисси ифтихори миллиро дар дили ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бедор месозад.», -иброз доштанд Сарвари давлат. Навигация записи Назад Предыдущая запись: Паҳлавони тоҷик Абдулмаҷид Кудиев дар вазни 65 кг дар Бозиҳои 6-уми ҳамбастагии исломӣ-2025 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ соҳиби медали нуқра гардид. Дар финали мусобиқа Абдулмаҷид Кудиев аз варзишгари ботаҷрибаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Раҳмон Амузод бо ҳисоби 12:2 мағлуб гардида, сазовори медали нуқра шуд.Ба ҷуз аз медали Абдулмаҷид Кудиев то имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозиҳо соҳиби 8 медал гардидааст: се медали нуқра ва 5 биринҷӣ. Чор медали аввалро паҳлавонони тоҷик аз намуди гӯштини ҷудо ба даст оварда буданд. Медали панҷуми биринҷиро варзишгари ҷавон Саъдӣ Исмоилов аз намуди тенниси рӯйи миз соҳиб шуд.Хотиррасон мешавем, ки паҳлавонони тоҷик Темур Раҳимов дар вазни то +100 кг ва Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг дар Бозиҳои 6-уми ҳамбастагии исломӣ-2025 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ аз намуди гӯштини ҷудо медалҳои нуқра ба даст оварданд. Ду варзишгари тоҷик- Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг ва Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.Дар мусобиқаи гӯштини кураш, ки бори аввал ба барномаи Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дохил шуд, варзишгарони тоҷик Шоҳида Қаландарова дар вазни то 70 кило ва Муҳаммадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 81 кило ду медали биринҷӣ гирифтанд.Дар мусобиқа аз рӯи барномаи Бозиҳо аз Тоҷикистон 65 варзишгар дар 10 намуди варзиш, ба монанди бокс, вазнбардорӣ, варзиши сабук, гӯштини озод ва юнону румӣ, камонварӣ, кураш, таэквондо, тенниси рӯи миз, ҷудо, инчунин навъҳои паралимпӣ иштирок намуданд. Дар маҷмуъ варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ то имрӯз 23 медал (1 медали тилло, 7 нуқра ва 15 биринҷӣ) ба даст оварданд. Ягона медали тиллоро варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар аввалин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки соли 2005 дар Арабистони Саудӣ баргузор шуда буд, аз намуди гурзандозӣ соҳиб шуд.Далее Следующая запись: ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН