День: 21.11.2025

Kitobi_zaboni_millat_hastii_millat_

Раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аз соли 2022 ба тарҷума ва нашри китоби мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» шуруъ намуда, то имрӯз ҷилди аввали ин китобро бо 7 забон ва ҷилди дуюмро бо 3 забони тадрисшавандаи муассиса- русӣ, англисӣ, чинӣ, фаронсавӣ, куриёӣ, арабӣ ва ҳиндӣ тарҷума ва нашр намуд. Тарҷумаҳои китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» ба муаррифии забону фарҳанги миллати тоҷик ба оламиён мусоидат карда, саҳми арзишманду мондагор мегузорад.Китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» воқеан ҳам дар ҳамбастагӣ ба ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба забони модарӣ навишта шудааст. Ин китоб маротибаи дигар бо далелҳои муътамад ва суханони баланду дилписанд бузургию тавоноӣ ва таърихи пуршарафи забони модарии моро собит менамояд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» ба таври пайдарпай решаҳои гузашта, таҳаввул ва ба мушкилиҳо дучор шудани забонро дар партави таърих мавриди баррасӣ қарор додаанд. Дар китоб роҷеъ ба пайдоиши тоҷикон ва забони онҳо дар асоси манбаъҳои илмӣ изҳори назар гардида, дар айни замон ба ҳудуди густариши он низ ишорат шудааст.Маълум мешавад, ки забони тоҷикӣ дар гузаштаҳо аз баҳри Миёназамин то Чин забони байналмилалӣ будааст. Дар раванди нигориш Пешвои миллат ба навиштаҳои пажӯҳандагони шарқию ғарбӣ такя намуда, ҳар гуфтаашонро бо далелҳои илмӣ асоснок намудаанд.Китобҳои ҷилди якум ва дуюми «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохти забони тоҷикӣ, таърихи тайнамуда, хизматҳои он дар рушди тамаддуну фарҳанги миллати куҳанбунёд ва паҳлуҳои гуногуни забони тоҷикӣ маълумоти муфассал медиҳанд.Ин асарҳои мондагор хонандаро водор месозанд, ки забони модариро ҳамчун неъмати пурарзиш ва муқаддаси таърихии миллат шиносад ва ба он арҷу эҳтиром гузорад. Солҳо мегузаранд ва қимати ин гуна китобҳо бештар ва муҳимияти он зиёдтар мешавад. Зеро ин асарҳо оинаеанд, ки дар он мо гузашти вақт, мавҷудияти забон ва ташаккули он, муборизаҳои фарзандони фарзонаро барои зиндаву ҷовидон мондани забони модарӣ баръало мебинем.

21 ноябр Рӯзи ҷаҳонии телевизион муқаррар гардидааст. Ин рӯз бо қарори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 1996 ба хотири арҷгузорӣ ба нақши телевизион ҳамчун яке аз воситаҳои пурқувваттарини иттилоотӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ таъсис ёфтааст. Мақсади асосии ин сана ташвиқу тарғиби табодули барномаҳои телевизионӣ ба хотири сулҳу амният, рушди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии давлатҳо мебошад.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ телевизион ба бахши муҳим ва устувори низоми иттилоотӣ табдил ёфт. Дар айни замон дар мамлакат 15 телевизиони давлатӣ, 17 телевизиони хусусӣ, 17 телевизиони ноқилӣ ва 5 IP- телевизион фаъолият менамоянд. Ин нишондиҳанда шаҳодати афзоиши имконияти техникӣ, гуногунии барномаҳо ва рақобати солим байни шабакаҳо мебошад.  Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, яке аз пешравиҳои муҳими солҳои охир гузариши пурраи телевизион ба пахши рақамӣ мебошад. Пахши рақамӣ сифати тасвир ва садоро чанд маротиба беҳтар намуда, барои мардум имкони тамошои шабакаҳои зиёдро фароҳам овардааст. Истифодаи дастгоҳҳои наворбардорӣ ва танзими муосир имкон дод, ки мазмуну муҳтавои барномаҳо касбӣ ва ҷолиб гардад.  Телевизион дар Тоҷикистон на танҳо воситаи фароғат, балки мактаби муҳим дар рушди маърифат, фарҳанг ва худогоҳии миллӣ мебошад. Он ба таъмини иттилооти дақиқ ва саривақтӣ, таҳкими ваҳдат ва худшиносии миллӣ ва инкишофи маърифати ҷомеа мусоидат менамояд.  Шабакаҳои телевизионӣ ҳамарӯза рӯйдодҳои минтақа ва ҷаҳонро ба самъи ҷомеа расонида, яке аз манбаъҳои боэътимод барои мардум ба ҳисоб мераванд.  Барномаҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва миллии телевизионҳои Тоҷикистон дар муаррифии мероси ғании тоҷикон нақши муҳим доранд. Ин барномаҳо ба болоравии ҳисси ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мусоидат мекунанд.  Дар телевизионҳои Тоҷикистон барномаҳои омӯзишӣ, илмӣ, тиббӣ ва тарбиявӣ низ пахш мегарданд, ки барои баланд бардоштани дониши ҷомеа, хусусан наврасону ҷавонон аҳамияти калон доранд.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2024 зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба сохтору мақомоти дахлдор дастур доданд, ки доир ба таъсиси шабакаи алоҳидаи телевизионии таълими забонҳои хориҷӣ (махсус барои кӯдакон) чораҷӯӣ намоянд.  Ҳадаф аз ин дастури Сарвари давлат забондон шудани насли наврасу ҷавон мебошад, зеро барои рақобатпазир будани соҳаҳои муҳими фаъолияти давлат дар бозори ҷаҳонӣ нақши мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, донандагони хуби забонҳои хориҷӣ муҳим мебошад.  Ба андешаи мутахассисони соҳа, телевизион аз дигар воситаҳои ахбори омма бо он фарқ менамояд, ки дар матбуот воқеот, факту рақам ва таҳлили мавзуъҳо рӯи қоғаз дарҷ мегардад ва хонанда онҳоро интихобан мехонад. Одамони маълумотнок дар ин маврид ба назар гирифта мешаванд, яъне онҳое, ки хонда метавонанд ва таъсиррасонӣ тавассути суратҳо хос аст. Дар телевизион воқеоти муҳим ҳамон рӯз ё баъди лаҳзаҳое, ки муддати чандон нагузаштааст, пешкаши тамошобинон мегардад. Телевизион ҳам ба узвҳои шунавоӣ таъсир мерасонад ва ҳам ба биноӣ, яъне зимни тамошо дарки эҳсосоти якҷоя дида мешавад.  Дар шабакаҳои телевизионии мамлакат имрӯз тамоми минтақаҳои сайёҳии мамлакат, дастовардҳои олимони тоҷик, пешравиҳои ҷавонони мамлакат дар соҳаҳои гуногун ва маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик тарғибу ташвиқ мегардад, ки яке аз роҳҳои хуби муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад.  Телевизион ҳамчун воситаи муҳими иттилоотию фарҳангӣ дар ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дорад. Бо афзоиши шумораи шабакаҳо, рушди технологияҳои пахш ва беҳтар шудани сифати барномаҳо нақши телевизион дар ташаккули афкори ҷомеа, болоравии маърифат ва таҳкими фарҳанги миллӣ рӯз то рӯз бештар мегардад.