Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

Ба ҳолати 1 октябри соли 2025 дар мамлакат 19 ҳазору 257 нафар ҳунармандон фаъолият мекунанд, ки ба истеҳсоли навъҳои гуногуни маснуоти ҳунармандӣ машғул мебошанд. Бо мақсади эҳё ва инкишофи ҳунарҳои миллӣ ва муосир, таҳкими мероси фарҳанги миллӣ, ба роҳ мондани анъанаҳои таърихии ҳунаромӯзии мардуми тоҷик, ҷалб ва ҳавасмандгардонии аҳолӣ барои истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии фаъолияти ҳунармандӣ ҳамчун воситаи васеъ намудани шуғли пурмаҳсул «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021- 2025» амал мекунад.Барнома бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020 тасдиқ гардида, дар раванди амалисозии он ба роҳ мондани ҳамкории васеи тарафҳои манфиатдор барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби ташкилоти ҷамъиятӣ ва шарикони рушд пешбинӣ гардидааст.Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2020 дар миқёси ҷумҳурӣ 6805 ҳунарманд фаъолият менамуд, ки имрӯз шумораи онҳо ба беш аз 19 ҳазор расидааст.Бояд гуфт, ки рушди ҳунарҳои мардумӣ ба ташаккули бозори меҳнат ва таъмини шуғли аҳолӣ таъсири самарабахш мерасонад. Аз ин рӯ, маҳсулоти истеҳсолнамудаи ҳунармандон тавассути мағозаҳои фурӯши ҳунарҳои мардумӣ, ки аз соли 2019 инҷониб давра ба давра дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ифтитоҳ гардиданд, ба харидорон пешниҳод карда мешавад.Барои дастгирии ҳамаҷонибаи ҳунармандон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои мушаххас андешида шуда, аз пардохти ҳама намуди андозҳо озод намудани ҳунармандон барои рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ҳавасманд намудани косибон заминаи мусоид фароҳам овард.Ёдовар мешавем, ки дар мамлакат эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2018), Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021), Солҳои рушди саноат (2022-2026), инчунин қабул гардидани «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва таъсиси гранти президентӣ дар ин самт натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон мебошанд.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

Анҷумани ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба таҳкими ҳамкории мардуми минтақа нигаронида шудааст, соли 2026 дар Душанбе баргузор мегардад. Дар ин хусус Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Москва хабар дод. «Барои таҳкими робитаҳо байни мардумони мо мехоҳам эълон намоям, ки моҳи марти соли 2026 дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мешавад. Ин барои тавсеаи робита ва ҳамкории ҷавонони мо платформаи муҳим хоҳад шуд», — таъкид намуд Сарвазири Тоҷикистон.Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкории башардӯстона байни давлатҳои ин созмон аҳамияти хосса дода, густариши табодули башардӯстона ва тарҳҳоеро, чун «Пойтахти гардишгарии СҲШ» ва «Пойтахти фарҳангии СҲШ» ҷонибдорӣ менамояд.Қоҳир Расулзода иброз намуд, ки Тоҷикистон соли 2026 раёсати Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро ба уҳда мегирад. «Тоҷикистон саъю кӯшиши худро ба таҷдиди минбаъдаи рӯзномаи иқтисодии ин созмон равона менамояд», — гуфт Сарвазири Тоҷикистон.Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай 17-18 ноябр дар пойтахти Русия баргузор шуд. Ин охирин чорабинии раёсати Русия дар Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар солҳои 2024-2025 мебошад.

55415-1
Далее Следующая запись:

21 ноябр Рӯзи ҷаҳонии телевизион муқаррар гардидааст. Ин рӯз бо қарори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 1996 ба хотири арҷгузорӣ ба нақши телевизион ҳамчун яке аз воситаҳои пурқувваттарини иттилоотӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ таъсис ёфтааст. Мақсади асосии ин сана ташвиқу тарғиби табодули барномаҳои телевизионӣ ба хотири сулҳу амният, рушди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии давлатҳо мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ телевизион ба бахши муҳим ва устувори низоми иттилоотӣ табдил ёфт. Дар айни замон дар мамлакат 15 телевизиони давлатӣ, 17 телевизиони хусусӣ, 17 телевизиони ноқилӣ ва 5 IP- телевизион фаъолият менамоянд. Ин нишондиҳанда шаҳодати афзоиши имконияти техникӣ, гуногунии барномаҳо ва рақобати солим байни шабакаҳо мебошад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, яке аз пешравиҳои муҳими солҳои охир гузариши пурраи телевизион ба пахши рақамӣ мебошад. Пахши рақамӣ сифати тасвир ва садоро чанд маротиба беҳтар намуда, барои мардум имкони тамошои шабакаҳои зиёдро фароҳам овардааст. Истифодаи дастгоҳҳои наворбардорӣ ва танзими муосир имкон дод, ки мазмуну муҳтавои барномаҳо касбӣ ва ҷолиб гардад. Телевизион дар Тоҷикистон на танҳо воситаи фароғат, балки мактаби муҳим дар рушди маърифат, фарҳанг ва худогоҳии миллӣ мебошад. Он ба таъмини иттилооти дақиқ ва саривақтӣ, таҳкими ваҳдат ва худшиносии миллӣ ва инкишофи маърифати ҷомеа мусоидат менамояд. Шабакаҳои телевизионӣ ҳамарӯза рӯйдодҳои минтақа ва ҷаҳонро ба самъи ҷомеа расонида, яке аз манбаъҳои боэътимод барои мардум ба ҳисоб мераванд. Барномаҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва миллии телевизионҳои Тоҷикистон дар муаррифии мероси ғании тоҷикон нақши муҳим доранд. Ин барномаҳо ба болоравии ҳисси ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мусоидат мекунанд. Дар телевизионҳои Тоҷикистон барномаҳои омӯзишӣ, илмӣ, тиббӣ ва тарбиявӣ низ пахш мегарданд, ки барои баланд бардоштани дониши ҷомеа, хусусан наврасону ҷавонон аҳамияти калон доранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2024 зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ба сохтору мақомоти дахлдор дастур доданд, ки доир ба таъсиси шабакаи алоҳидаи телевизионии таълими забонҳои хориҷӣ (махсус барои кӯдакон) чораҷӯӣ намоянд. Ҳадаф аз ин дастури Сарвари давлат забондон шудани насли наврасу ҷавон мебошад, зеро барои рақобатпазир будани соҳаҳои муҳими фаъолияти давлат дар бозори ҷаҳонӣ нақши мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, донандагони хуби забонҳои хориҷӣ муҳим мебошад. Ба андешаи мутахассисони соҳа, телевизион аз дигар воситаҳои ахбори омма бо он фарқ менамояд, ки дар матбуот воқеот, факту рақам ва таҳлили мавзуъҳо рӯи қоғаз дарҷ мегардад ва хонанда онҳоро интихобан мехонад. Одамони маълумотнок дар ин маврид ба назар гирифта мешаванд, яъне онҳое, ки хонда метавонанд ва таъсиррасонӣ тавассути суратҳо хос аст. Дар телевизион воқеоти муҳим ҳамон рӯз ё баъди лаҳзаҳое, ки муддати чандон нагузаштааст, пешкаши тамошобинон мегардад. Телевизион ҳам ба узвҳои шунавоӣ таъсир мерасонад ва ҳам ба биноӣ, яъне зимни тамошо дарки эҳсосоти якҷоя дида мешавад. Дар шабакаҳои телевизионии мамлакат имрӯз тамоми минтақаҳои сайёҳии мамлакат, дастовардҳои олимони тоҷик, пешравиҳои ҷавонони мамлакат дар соҳаҳои гуногун ва маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик тарғибу ташвиқ мегардад, ки яке аз роҳҳои хуби муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Телевизион ҳамчун воситаи муҳими иттилоотию фарҳангӣ дар ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дорад. Бо афзоиши шумораи шабакаҳо, рушди технологияҳои пахш ва беҳтар шудани сифати барномаҳо нақши телевизион дар ташаккули афкори ҷомеа, болоравии маърифат ва таҳкими фарҳанги миллӣ рӯз то рӯз бештар мегардад.

Ба ҳолати 1 октябри соли 2025 дар мамлакат 19 ҳазору  257 нафар ҳунармандон фаъолият мекунанд, ки ба истеҳсоли навъҳои гуногуни маснуоти ҳунармандӣ машғул мебошанд.  Бо мақсади эҳё ва инкишофи ҳунарҳои миллӣ ва муосир, таҳкими мероси фарҳанги миллӣ, ба роҳ мондани анъанаҳои таърихии ҳунаромӯзии мардуми тоҷик, ҷалб ва ҳавасмандгардонии аҳолӣ барои истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии фаъолияти ҳунармандӣ ҳамчун воситаи васеъ намудани шуғли пурмаҳсул «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021- 2025» амал мекунад.Барнома бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 28 октябри соли 2020 тасдиқ гардида, дар раванди амалисозии он ба роҳ мондани ҳамкории васеи тарафҳои манфиатдор барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби ташкилоти ҷамъиятӣ ва шарикони рушд пешбинӣ гардидааст.Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2020 дар миқёси ҷумҳурӣ 6805 ҳунарманд фаъолият менамуд, ки имрӯз шумораи онҳо ба беш аз 19 ҳазор расидааст.Бояд гуфт, ки рушди ҳунарҳои мардумӣ ба ташаккули бозори меҳнат ва таъмини шуғли аҳолӣ таъсири самарабахш мерасонад. Аз ин рӯ, маҳсулоти истеҳсолнамудаи  ҳунармандон тавассути мағозаҳои фурӯши ҳунарҳои мардумӣ, ки аз соли 2019 инҷониб давра ба давра дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ифтитоҳ гардиданд, ба харидорон пешниҳод карда мешавад.Барои дастгирии ҳамаҷонибаи ҳунармандон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои мушаххас андешида шуда, аз пардохти ҳама намуди андозҳо озод намудани ҳунармандон барои рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ҳавасманд намудани косибон заминаи мусоид фароҳам овард.Ёдовар мешавем, ки дар мамлакат эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2018), Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021), Солҳои рушди саноат (2022-2026), инчунин қабул гардидани «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва таъсиси гранти президентӣ дар ин самт натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон мебошанд.

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Ноябрь 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
« Окт   Дек »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram