Анҷумани ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба таҳкими ҳамкории мардуми минтақа нигаронида шудааст, соли 2026 дар Душанбе баргузор мегардад. Дар ин хусус Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Москва хабар дод. «Барои таҳкими робитаҳо байни мардумони мо мехоҳам эълон намоям, ки моҳи марти соли 2026 дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мешавад. Ин барои тавсеаи робита ва ҳамкории ҷавонони мо платформаи муҳим хоҳад шуд», — таъкид намуд Сарвазири Тоҷикистон.Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкории башардӯстона байни давлатҳои ин созмон аҳамияти хосса дода, густариши табодули башардӯстона ва тарҳҳоеро, чун «Пойтахти гардишгарии СҲШ» ва «Пойтахти фарҳангии СҲШ» ҷонибдорӣ менамояд.Қоҳир Расулзода иброз намуд, ки Тоҷикистон соли 2026 раёсати Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро ба уҳда мегирад. «Тоҷикистон саъю кӯшиши худро ба таҷдиди минбаъдаи рӯзномаи иқтисодии ин созмон равона менамояд», — гуфт Сарвазири Тоҷикистон.Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай 17-18 ноябр дар пойтахти Русия баргузор шуд. Ин охирин чорабинии раёсати Русия дар Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар солҳои 2024-2025 мебошад. ???????????????????????????????????? Навигация записи Назад Предыдущая запись: Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва раванди корҳои ободониву созандагӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Сарвари давлатро раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд. Маврид ба таъкид аст, ки бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баъди бунёд, таъмир ва навсозӣ бештар аз 12 ҳазор иншооти гуногун ба истифода дода шуда, то моҳи сентябри соли 2026 боз 2 ҳазор иншооти дигар бунёд карда мешавад.Далее Следующая запись: Ба ҳолати 1 октябри соли 2025 дар мамлакат 19 ҳазору 257 нафар ҳунармандон фаъолият мекунанд, ки ба истеҳсоли навъҳои гуногуни маснуоти ҳунармандӣ машғул мебошанд. Бо мақсади эҳё ва инкишофи ҳунарҳои миллӣ ва муосир, таҳкими мероси фарҳанги миллӣ, ба роҳ мондани анъанаҳои таърихии ҳунаромӯзии мардуми тоҷик, ҷалб ва ҳавасмандгардонии аҳолӣ барои истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии фаъолияти ҳунармандӣ ҳамчун воситаи васеъ намудани шуғли пурмаҳсул «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021- 2025» амал мекунад.Барнома бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2020 тасдиқ гардида, дар раванди амалисозии он ба роҳ мондани ҳамкории васеи тарафҳои манфиатдор барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби ташкилоти ҷамъиятӣ ва шарикони рушд пешбинӣ гардидааст.Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2020 дар миқёси ҷумҳурӣ 6805 ҳунарманд фаъолият менамуд, ки имрӯз шумораи онҳо ба беш аз 19 ҳазор расидааст.Бояд гуфт, ки рушди ҳунарҳои мардумӣ ба ташаккули бозори меҳнат ва таъмини шуғли аҳолӣ таъсири самарабахш мерасонад. Аз ин рӯ, маҳсулоти истеҳсолнамудаи ҳунармандон тавассути мағозаҳои фурӯши ҳунарҳои мардумӣ, ки аз соли 2019 инҷониб давра ба давра дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ифтитоҳ гардиданд, ба харидорон пешниҳод карда мешавад.Барои дастгирии ҳамаҷонибаи ҳунармандон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тадбирҳои мушаххас андешида шуда, аз пардохти ҳама намуди андозҳо озод намудани ҳунармандон барои рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ҳавасманд намудани косибон заминаи мусоид фароҳам овард.Ёдовар мешавем, ки дар мамлакат эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2018), Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021), Солҳои рушди саноат (2022-2026), инчунин қабул гардидани «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва таъсиси гранти президентӣ дар ин самт натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Президенти Тоҷикистон мебошанд.