День: 19.11.2025

55415-1

Анҷумани ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба таҳкими ҳамкории мардуми минтақа нигаронида шудааст, соли 2026 дар Душанбе баргузор мегардад. Дар ин хусус Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Москва хабар дод. «Барои таҳкими робитаҳо байни мардумони мо мехоҳам эълон намоям, ки моҳи марти соли 2026 дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мешавад. Ин барои тавсеаи робита ва ҳамкории ҷавонони мо платформаи муҳим хоҳад шуд», — таъкид намуд Сарвазири Тоҷикистон.Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкории башардӯстона байни давлатҳои ин созмон аҳамияти хосса дода, густариши табодули башардӯстона ва тарҳҳоеро, чун «Пойтахти гардишгарии СҲШ» ва «Пойтахти фарҳангии СҲШ» ҷонибдорӣ менамояд.Қоҳир Расулзода иброз намуд, ки Тоҷикистон соли 2026 раёсати Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро ба уҳда мегирад. «Тоҷикистон саъю кӯшиши худро ба таҷдиди минбаъдаи рӯзномаи иқтисодии ин созмон равона менамояд», — гуфт Сарвазири Тоҷикистон.Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай 17-18 ноябр дар пойтахти Русия баргузор шуд. Ин охирин чорабинии раёсати Русия дар Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар солҳои 2024-2025 мебошад.