Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва раванди корҳои ободониву созандагӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Сарвари давлатро раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд. Маврид ба таъкид аст, ки бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баъди бунёд, таъмир ва навсозӣ бештар аз 12 ҳазор иншооти гуногун ба истифода дода шуда, то моҳи сентябри соли 2026 боз 2 ҳазор иншооти дигар бунёд карда мешавад. Навигация записи Назад Предыдущая запись: Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги гузаштагонамон ба 13 ҳазору 383 оила дар ноҳияи Муъминобод китоби безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ тақдим мегардад. Пешвои миллат дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» Ҳаким Абулқосим Фирдавсиро «ситоишгари адлу ростӣ ва нуру хирад» номида, таъкид менамоянд, ки ««Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Ин асар пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонӣ аст. Аз достонҳои ҷангӣ, ишқӣ ва нақлу ривоёти «Шоҳнома» мо таърихи пурифтихори халқҳои ориёинажод, суннат ва анъанаҳои мардум, одоби зисту зиндагӣ, оини мамлакатдорӣ, раъиятпарварӣ, ватандӯстӣ, таъмини истиқлоли мамлакат, озодӣ ва озодагӣ, маънои ҷангу сулҳ ва шинохтани ҳаққу ботил, пирӯзии нур бар зулмот, мардумшиносӣ, ҳалли мушкилоти байни давлатҳо, бемаъно будани ихтилофоти динию мазҳабӣ, эҳтиром гузоштан ба ҳаққу ҳуқуқи дигарон ва дӯстию рафоқатро меомӯзем».Ёдовар мешавем, ки соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад. Ин озмун ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бахшида мешавад. Озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи осори адабии ниёгон ташкил карда мешавад.Сарпарасти озмун Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои мукофотонидани ғолибон аз Фонди захиравии Президент 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.Далее Следующая запись: Анҷумани ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба таҳкими ҳамкории мардуми минтақа нигаронида шудааст, соли 2026 дар Душанбе баргузор мегардад. Дар ин хусус Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Москва хабар дод. «Барои таҳкими робитаҳо байни мардумони мо мехоҳам эълон намоям, ки моҳи марти соли 2026 дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мешавад. Ин барои тавсеаи робита ва ҳамкории ҷавонони мо платформаи муҳим хоҳад шуд», — таъкид намуд Сарвазири Тоҷикистон.Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ба тавсеаи ҳамкории башардӯстона байни давлатҳои ин созмон аҳамияти хосса дода, густариши табодули башардӯстона ва тарҳҳоеро, чун «Пойтахти гардишгарии СҲШ» ва «Пойтахти фарҳангии СҲШ» ҷонибдорӣ менамояд.Қоҳир Расулзода иброз намуд, ки Тоҷикистон соли 2026 раёсати Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро ба уҳда мегирад. «Тоҷикистон саъю кӯшиши худро ба таҷдиди минбаъдаи рӯзномаи иқтисодии ин созмон равона менамояд», — гуфт Сарвазири Тоҷикистон.Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай 17-18 ноябр дар пойтахти Русия баргузор шуд. Ин охирин чорабинии раёсати Русия дар Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар солҳои 2024-2025 мебошад.