День: 17.11.2025

photo_2025-11-17_09-23-10

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги гузаштагонамон ба 13 ҳазору 383 оила дар ноҳияи Муъминобод китоби безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ тақдим мегардад. Пешвои миллат дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» Ҳаким Абулқосим Фирдавсиро «ситоишгари адлу ростӣ ва нуру хирад» номида, таъкид менамоянд, ки ««Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Ин асар пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонӣ аст. Аз достонҳои ҷангӣ, ишқӣ ва нақлу ривоёти «Шоҳнома» мо таърихи пурифтихори халқҳои ориёинажод, суннат ва анъанаҳои мардум, одоби зисту зиндагӣ, оини мамлакатдорӣ, раъиятпарварӣ, ватандӯстӣ, таъмини истиқлоли мамлакат, озодӣ ва озодагӣ, маънои ҷангу сулҳ ва шинохтани ҳаққу ботил, пирӯзии нур бар зулмот, мардумшиносӣ, ҳалли мушкилоти байни давлатҳо, бемаъно будани ихтилофоти динию мазҳабӣ, эҳтиром гузоштан ба ҳаққу ҳуқуқи дигарон ва дӯстию рафоқатро меомӯзем».Ёдовар мешавем, ки соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад. Ин озмун ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бахшида мешавад. Озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи осори адабии ниёгон ташкил карда мешавад.Сарпарасти озмун Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои мукофотонидани ғолибон аз Фонди захиравии Президент 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.