15 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи Вохӯрии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ якҷо бо дигар роҳбарони давлатҳо аз Маркази тамаддуни исломӣ боздид намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои Маркази тамаддуни исломӣ дар Узбекистон бо услуби меъмории Самарқанди асримиёнагӣ — Ҳирот тарҳрезӣ шудааст. Масоҳати замини марказ зиёда аз 10 гектарро ташкил медиҳад. Дар чор тарафи бино дарвозаҳо бо баландии 34 метр сохта шудааст ва дар марказ гунбази 65-метра қомат афрохтааст. Ба меҳмонони олиқадр дар бораи сохтори ин марказ маълумот пешкаш гардид. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки Маркази тамаддуни исломӣ аз шуъбаҳои тадқиқотӣ, феҳристи миллии дастнависҳои нодир, китобхона, бойгонӣ, бахшҳои байналмилалӣ, сайёҳӣ ва ғайра иборат аст. Галереяи намоишгоҳ бо ашё ва осори таърихӣ аз давраҳои гуногуни таърих ва китобхонаи калон бо 100 ҳазор дастнавис аз имконоти дигари марказ мебошад. Дар марказ ба меҳмонони олимақом дар бораи саҳми донишмандони бузурги сарзамини Мовароуннаҳри бостон дар рушди тамаддуни башарӣ, ба монанди Имом Бухорӣ, Имом Термизӣ, Ҳаким Термизӣ, Баҳовуддини Нақшбанд ва Хоҷа Аҳрори Валӣ маълумоти муфассал пешкаш карда шуд. Ҳамчунин, дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими супоридани ҷоизаи байналмилалии “Мероси оянда” иштирок намуданд. Бояд гуфт, ки озмуни ҷоизаи байналмилалии “Мероси оянда” шуруъ аз соли 2025 дар соҳаҳои адабиёт, мероси фарҳангӣ, театр, синамо, мусиқӣ ва рақс, санъати тасвирӣ, мӯд ва тарроҳӣ, илму маориф ва технологияи рақамӣ гузаронида мешавад. Ба ғолибон дар ҳар як номина муҷассама, диплом ва ҷоизаи пулии яквақта дода мешавад. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маросим Давлат Сафар — муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири Халқии Тоҷикистон дар номинаи Мероси фарҳангӣ соҳиби Ҷоизаи байналмилалӣ гардид. Навигация записи Назад Предыдущая запись: 15 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошкент дар ҳошияи Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ шуд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба роҳбари кишвари мизбон барои даъват ва истиқболи гарм изҳори сипос намуданд. Аз рушди мунтазами муколамаи сиёсии байнидавлатӣ изҳори қаноат карда шуд. Ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, истифодаи имкониятҳои соҳаҳои муҳими стратегӣ, аз қабили энергетика, саноат, кишоварзӣ ва рушди робитаҳо дар самти технологияҳои инноватсионӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Бо ёдоварӣ аз афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар, ки дар 9 моҳи соли равон ба зиёда аз 440 миллион доллари амрикоӣ расидааст, таъкид гардид, ки имконияти кофӣ барои боз ҳам афзун намудани ин нишондод мавҷуд аст. Таҳкими ҳамкорӣ миёни минтақаҳо ва самараи назарраси он таъкид гардид. Робитаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва башарӣ дорои мавқеи хос дар муносибатҳои ду кишвар дониста шуд. Таъмини амнияти минтақавӣ ва муборизаи муштараки кишварҳо бар зидди терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд. Ҳамчунин, оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар доираи СММ, СҲШ, ИДМ ва Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ табодули афкор сурат гирифт.Далее Следующая запись: Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги гузаштагонамон ба 13 ҳазору 383 оила дар ноҳияи Муъминобод китоби безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ тақдим мегардад. Пешвои миллат дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» Ҳаким Абулқосим Фирдавсиро «ситоишгари адлу ростӣ ва нуру хирад» номида, таъкид менамоянд, ки ««Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Ин асар пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонӣ аст. Аз достонҳои ҷангӣ, ишқӣ ва нақлу ривоёти «Шоҳнома» мо таърихи пурифтихори халқҳои ориёинажод, суннат ва анъанаҳои мардум, одоби зисту зиндагӣ, оини мамлакатдорӣ, раъиятпарварӣ, ватандӯстӣ, таъмини истиқлоли мамлакат, озодӣ ва озодагӣ, маънои ҷангу сулҳ ва шинохтани ҳаққу ботил, пирӯзии нур бар зулмот, мардумшиносӣ, ҳалли мушкилоти байни давлатҳо, бемаъно будани ихтилофоти динию мазҳабӣ, эҳтиром гузоштан ба ҳаққу ҳуқуқи дигарон ва дӯстию рафоқатро меомӯзем».Ёдовар мешавем, ки соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад. Ин озмун ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бахшида мешавад. Озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи осори адабии ниёгон ташкил карда мешавад.Сарпарасти озмун Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои мукофотонидани ғолибон аз Фонди захиравии Президент 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.