Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

15 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд-Ҳумо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов ва дигар намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Узбекистон истиқбол гирифтанд.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

15 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

54923928567_7f6ef92a90_b
Далее Следующая запись:

15 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошкент дар ҳошияи Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ шуд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба роҳбари кишвари мизбон барои даъват ва истиқболи гарм изҳори сипос намуданд. Аз рушди мунтазами муколамаи сиёсии байнидавлатӣ изҳори қаноат карда шуд. Ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, истифодаи имкониятҳои соҳаҳои муҳими стратегӣ, аз қабили энергетика, саноат, кишоварзӣ ва рушди робитаҳо дар самти технологияҳои инноватсионӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Бо ёдоварӣ аз афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар, ки дар 9 моҳи соли равон ба зиёда аз 440 миллион доллари амрикоӣ расидааст, таъкид гардид, ки имконияти кофӣ барои боз ҳам афзун намудани ин нишондод мавҷуд аст. Таҳкими ҳамкорӣ миёни минтақаҳо ва самараи назарраси он таъкид гардид. Робитаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва башарӣ дорои мавқеи хос дар муносибатҳои ду кишвар дониста шуд. Таъмини амнияти минтақавӣ ва муборизаи муштараки кишварҳо бар зидди терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд. Ҳамчунин, оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар доираи СММ, СҲШ, ИДМ ва Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ табодули афкор сурат гирифт.

54925329965_e53384fb7e_b

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Ноябрь 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
« Окт   Дек »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram