Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои Вазири рушди иқтисод ва савдо ва роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор кишварҳои хориҷӣ таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ – аз вазифаи Вазири рушди иқтисод ва савдо озод шуда, Абдураҳмонзода Абдураҳмон, ки дорои собиқаи корӣ ва таҷрибаи кофӣ дар мақомоти давлатӣ мебошад, Вазири рушди иқтисод ва савдо таъин гардид. Ҳамчунин, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Фаронса, Ҷумҳурии Австрия, Ҷумҳурии Италия ва бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон консулҳои генералии кишвар дар як қатор вилоятҳо ва шаҳрҳои Федератсияи Русия аз ҳисоби кадрҳои дорои таҷрибаву собиқаи корӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир таъин гардиданд. Зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти нави Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир ба беҳсозии таҳлилҳои иқтисодӣ, дарёфти роҳу василаҳои нави пешрафту тараққиёт, тезонидани раванди рақамикунонӣ ва истифодаи босамар аз имконоти зеҳни сунъӣ супоришҳои мушаххас доданд. Ба кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохторҳои Вазорати корҳои хориҷӣ таъиншуда дастур доданд, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ манфиати давлату миллат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро дар хориҷи кишвар дар мадди аввал гузоранд. Супоришҳои дахлдор, ҳамчунин, доир ба рушди муносибатҳои гуногунҷанба бо кишварҳои номбурда, аз ҷумла дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди равобити иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, дода шуд.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

Дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштирок дар кори ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳод ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ассамблеяи байнипарлумонӣ майдони муҳимми муколамаи ҳамаҷониба ва созанда байни кишварҳои иштирокдори Иттиҳод мебошад ва дар доираи он имрӯзҳо корҳои зиёди маҷмуӣ анҷом дода мешавад. “Фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонӣ дар баробари ташаккул ва мутобиқсозии қонунгузории кишварҳои иштирокдор, чандин самтҳои дигари калидии ҳамкориро, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию гуманитарӣ фаро мегирад”, изҳор доштанд дар робита ба ин Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, иброз намуданд, ки дар ин самтҳо имкону захираҳо фаровон аст ва моро зарур аст, ки аз онҳо ба таври самаранок ба нафъи мардумонамон истифода намоем. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои сатҳи баланд баргузоркардаи Тоҷикистон дар давраи раёсат дар ИДМ, аз ҷумла Ҳамоиши сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ, Вохӯрии дуюми Сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Русия”, ки дар моҳи октябри ҳамин сол дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ёдовар шуданд. Ба таъкиди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ беш аз сад чорабинии гуногунсатҳ, бо шумули ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ки имрӯзҳо дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузор мегардад, гузаронида шуданд. Аз раванди рушди ҳамкории байнипарлумонии кишварҳои иштирокдори ИДМ дар ҳама сатҳу зинаҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Алоқамандӣ ва омодагии Тоҷикистон ба идомаи ҳамкории муштарак дар доираи дигар сохторҳои равобити байнипарлумонӣ, аз ҷумла Иттиҳоди байнипарлумонӣ, Ассамблеяи байнипарлумонии СААД ва дигар сохторҳо таъкид гардид. Дар фароварди сухан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони парлумонҳои кишварҳои иштирокдори ИДМ ҷиҳати таҳкими ҳарчи бештари ҳамкории байнидавлатӣ дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар мубориза бо чунин хавфу хатарҳои муосир, ба монанди терроризму ифротгарӣ, тундгароии динӣ, таҳдидҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории фаромарзӣ даъват намуданд.

54921835152_58b6309872_b
Далее Следующая запись:

15 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

54923928567_7f6ef92a90_b

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Ноябрь 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
« Окт   Дек »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram