Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

Дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштирок дар кори ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳод ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ассамблеяи байнипарлумонӣ майдони муҳимми муколамаи ҳамаҷониба ва созанда байни кишварҳои иштирокдори Иттиҳод мебошад ва дар доираи он имрӯзҳо корҳои зиёди маҷмуӣ анҷом дода мешавад. “Фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонӣ дар баробари ташаккул ва мутобиқсозии қонунгузории кишварҳои иштирокдор, чандин самтҳои дигари калидии ҳамкориро, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию гуманитарӣ фаро мегирад”, изҳор доштанд дар робита ба ин Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, иброз намуданд, ки дар ин самтҳо имкону захираҳо фаровон аст ва моро зарур аст, ки аз онҳо ба таври самаранок ба нафъи мардумонамон истифода намоем. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои сатҳи баланд баргузоркардаи Тоҷикистон дар давраи раёсат дар ИДМ, аз ҷумла Ҳамоиши сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ, Вохӯрии дуюми Сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Русия”, ки дар моҳи октябри ҳамин сол дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ёдовар шуданд. Ба таъкиди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ беш аз сад чорабинии гуногунсатҳ, бо шумули ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ки имрӯзҳо дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузор мегардад, гузаронида шуданд. Аз раванди рушди ҳамкории байнипарлумонии кишварҳои иштирокдори ИДМ дар ҳама сатҳу зинаҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Алоқамандӣ ва омодагии Тоҷикистон ба идомаи ҳамкории муштарак дар доираи дигар сохторҳои равобити байнипарлумонӣ, аз ҷумла Иттиҳоди байнипарлумонӣ, Ассамблеяи байнипарлумонии СААД ва дигар сохторҳо таъкид гардид. Дар фароварди сухан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони парлумонҳои кишварҳои иштирокдори ИДМ ҷиҳати таҳкими ҳарчи бештари ҳамкории байнидавлатӣ дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар мубориза бо чунин хавфу хатарҳои муосир, ба монанди терроризму ифротгарӣ, тундгароии динӣ, таҳдидҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории фаромарзӣ даъват намуданд.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

14 ноябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд. Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар чорчӯби шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ, муҳокима гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми дипломатияи парлумониро дар таҳким ва рушди ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Русия бо шумули муколамаи сиёсӣ, рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарии ду кишвар муҳим арзёбӣ намуданд. Дар ин зимн таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамкории байнипарлумониро ҳамчун ҷузъи муҳимми тамоми маҷмӯи муносибатҳо медонад. Тақвияти кори кумитаҳои соҳавии парлумонӣ, бахусус дар бахшҳои иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, тиб ва экология зарур шумурда шуд. Ба тавсеаи мубодилаи таҷриба дар соҳаи қонунгузорӣ, рақамикунонӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва сиёсати иҷтимоӣ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир гардид. Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои вобаста ба раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз натиҷаҳои сермаҳсули сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба Тоҷикистон, ҳамзамон, мулоқотҳои сатҳи олии сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ ва дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Русия” изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Табодули афкор, ҳамчунин, доир ба идомаи таҷрибаи созандаи ҳамкорӣ дар чорчӯби дигар созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат гирифт.

54922952820_cb77a9b8a3_b
Далее Следующая запись:

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои Вазири рушди иқтисод ва савдо ва роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор кишварҳои хориҷӣ таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ – аз вазифаи Вазири рушди иқтисод ва савдо озод шуда, Абдураҳмонзода Абдураҳмон, ки дорои собиқаи корӣ ва таҷрибаи кофӣ дар мақомоти давлатӣ мебошад, Вазири рушди иқтисод ва савдо таъин гардид. Ҳамчунин, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Фаронса, Ҷумҳурии Австрия, Ҷумҳурии Италия ва бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон консулҳои генералии кишвар дар як қатор вилоятҳо ва шаҳрҳои Федератсияи Русия аз ҳисоби кадрҳои дорои таҷрибаву собиқаи корӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир таъин гардиданд. Зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти нави Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир ба беҳсозии таҳлилҳои иқтисодӣ, дарёфти роҳу василаҳои нави пешрафту тараққиёт, тезонидани раванди рақамикунонӣ ва истифодаи босамар аз имконоти зеҳни сунъӣ супоришҳои мушаххас доданд. Ба кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохторҳои Вазорати корҳои хориҷӣ таъиншуда дастур доданд, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ манфиати давлату миллат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро дар хориҷи кишвар дар мадди аввал гузоранд. Супоришҳои дахлдор, ҳамчунин, доир ба рушди муносибатҳои гуногунҷанба бо кишварҳои номбурда, аз ҷумла дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди равобити иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, дода шуд.

54921852697_f27ee7bb63_b

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Ноябрь 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
« Окт   Дек »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram