15 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи Вохӯрии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ якҷо бо дигар роҳбарони давлатҳо аз Маркази тамаддуни исломӣ боздид намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки бинои Маркази тамаддуни исломӣ дар Узбекистон бо услуби меъмории Самарқанди асримиёнагӣ — Ҳирот тарҳрезӣ шудааст. Масоҳати замини марказ зиёда аз 10 гектарро ташкил медиҳад. Дар чор тарафи бино дарвозаҳо бо баландии 34 метр сохта шудааст ва дар марказ гунбази 65-метра қомат афрохтааст. Ба меҳмонони олиқадр дар бораи сохтори ин марказ маълумот пешкаш гардид. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки Маркази тамаддуни исломӣ аз шуъбаҳои тадқиқотӣ, феҳристи миллии дастнависҳои нодир, китобхона, бойгонӣ, бахшҳои байналмилалӣ, сайёҳӣ ва ғайра иборат аст. Галереяи намоишгоҳ бо ашё ва осори таърихӣ аз давраҳои гуногуни таърих ва китобхонаи калон бо 100 ҳазор дастнавис аз имконоти дигари марказ мебошад. Дар марказ ба меҳмонони олимақом дар бораи саҳми донишмандони бузурги сарзамини Мовароуннаҳри бостон дар рушди тамаддуни башарӣ, ба монанди Имом Бухорӣ, Имом Термизӣ, Ҳаким Термизӣ, Баҳовуддини Нақшбанд ва Хоҷа Аҳрори Валӣ маълумоти муфассал пешкаш карда шуд. Ҳамчунин, дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими супоридани ҷоизаи байналмилалии “Мероси оянда” иштирок намуданд. Бояд гуфт, ки озмуни ҷоизаи байналмилалии “Мероси оянда” шуруъ аз соли 2025 дар соҳаҳои адабиёт, мероси фарҳангӣ, театр, синамо, мусиқӣ ва рақс, санъати тасвирӣ, мӯд ва тарроҳӣ, илму маориф ва технологияи рақамӣ гузаронида мешавад. Ба ғолибон дар ҳар як номина муҷассама, диплом ва ҷоизаи пулии яквақта дода мешавад. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маросим Давлат Сафар — муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири Халқии Тоҷикистон дар номинаи Мероси фарҳангӣ соҳиби Ҷоизаи байналмилалӣ гардид. 0
15 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошкент дар ҳошияи Вохӯрии ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ шуд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба роҳбари кишвари мизбон барои даъват ва истиқболи гарм изҳори сипос намуданд. Аз рушди мунтазами муколамаи сиёсии байнидавлатӣ изҳори қаноат карда шуд. Ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, истифодаи имкониятҳои соҳаҳои муҳими стратегӣ, аз қабили энергетика, саноат, кишоварзӣ ва рушди робитаҳо дар самти технологияҳои инноватсионӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Бо ёдоварӣ аз афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар, ки дар 9 моҳи соли равон ба зиёда аз 440 миллион доллари амрикоӣ расидааст, таъкид гардид, ки имконияти кофӣ барои боз ҳам афзун намудани ин нишондод мавҷуд аст. Таҳкими ҳамкорӣ миёни минтақаҳо ва самараи назарраси он таъкид гардид. Робитаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва башарӣ дорои мавқеи хос дар муносибатҳои ду кишвар дониста шуд. Таъмини амнияти минтақавӣ ва муборизаи муштараки кишварҳо бар зидди терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд. Ҳамчунин, оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар доираи СММ, СҲШ, ИДМ ва Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ табодули афкор сурат гирифт. 0
15 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ вориди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд-Ҳумо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов ва дигар намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Узбекистон истиқбол гирифтанд. 0
15 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон сафар карданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд. 0
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои Вазири рушди иқтисод ва савдо ва роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор кишварҳои хориҷӣ таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ – аз вазифаи Вазири рушди иқтисод ва савдо озод шуда, Абдураҳмонзода Абдураҳмон, ки дорои собиқаи корӣ ва таҷрибаи кофӣ дар мақомоти давлатӣ мебошад, Вазири рушди иқтисод ва савдо таъин гардид. Ҳамчунин, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Фаронса, Ҷумҳурии Австрия, Ҷумҳурии Италия ва бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон консулҳои генералии кишвар дар як қатор вилоятҳо ва шаҳрҳои Федератсияи Русия аз ҳисоби кадрҳои дорои таҷрибаву собиқаи корӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир таъин гардиданд. Зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти нави Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир ба беҳсозии таҳлилҳои иқтисодӣ, дарёфти роҳу василаҳои нави пешрафту тараққиёт, тезонидани раванди рақамикунонӣ ва истифодаи босамар аз имконоти зеҳни сунъӣ супоришҳои мушаххас доданд. Ба кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохторҳои Вазорати корҳои хориҷӣ таъиншуда дастур доданд, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ манфиати давлату миллат, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро дар хориҷи кишвар дар мадди аввал гузоранд. Супоришҳои дахлдор, ҳамчунин, доир ба рушди муносибатҳои гуногунҷанба бо кишварҳои номбурда, аз ҷумла дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди равобити иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, дода шуд. 0
Дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштирок дар кори ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳод ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ассамблеяи байнипарлумонӣ майдони муҳимми муколамаи ҳамаҷониба ва созанда байни кишварҳои иштирокдори Иттиҳод мебошад ва дар доираи он имрӯзҳо корҳои зиёди маҷмуӣ анҷом дода мешавад. “Фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонӣ дар баробари ташаккул ва мутобиқсозии қонунгузории кишварҳои иштирокдор, чандин самтҳои дигари калидии ҳамкориро, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию гуманитарӣ фаро мегирад”, изҳор доштанд дар робита ба ин Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, иброз намуданд, ки дар ин самтҳо имкону захираҳо фаровон аст ва моро зарур аст, ки аз онҳо ба таври самаранок ба нафъи мардумонамон истифода намоем. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои сатҳи баланд баргузоркардаи Тоҷикистон дар давраи раёсат дар ИДМ, аз ҷумла Ҳамоиши сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ, Вохӯрии дуюми Сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Русия”, ки дар моҳи октябри ҳамин сол дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ёдовар шуданд. Ба таъкиди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ беш аз сад чорабинии гуногунсатҳ, бо шумули ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ки имрӯзҳо дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузор мегардад, гузаронида шуданд. Аз раванди рушди ҳамкории байнипарлумонии кишварҳои иштирокдори ИДМ дар ҳама сатҳу зинаҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Алоқамандӣ ва омодагии Тоҷикистон ба идомаи ҳамкории муштарак дар доираи дигар сохторҳои равобити байнипарлумонӣ, аз ҷумла Иттиҳоди байнипарлумонӣ, Ассамблеяи байнипарлумонии СААД ва дигар сохторҳо таъкид гардид. Дар фароварди сухан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони парлумонҳои кишварҳои иштирокдори ИДМ ҷиҳати таҳкими ҳарчи бештари ҳамкории байнидавлатӣ дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар мубориза бо чунин хавфу хатарҳои муосир, ба монанди терроризму ифротгарӣ, тундгароии динӣ, таҳдидҳои киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории фаромарзӣ даъват намуданд. 0
14 ноябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд. Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар чорчӯби шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ, муҳокима гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми дипломатияи парлумониро дар таҳким ва рушди ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Русия бо шумули муколамаи сиёсӣ, рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарии ду кишвар муҳим арзёбӣ намуданд. Дар ин зимн таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамкории байнипарлумониро ҳамчун ҷузъи муҳимми тамоми маҷмӯи муносибатҳо медонад. Тақвияти кори кумитаҳои соҳавии парлумонӣ, бахусус дар бахшҳои иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, тиб ва экология зарур шумурда шуд. Ба тавсеаи мубодилаи таҷриба дар соҳаи қонунгузорӣ, рақамикунонӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва сиёсати иҷтимоӣ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир гардид. Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои вобаста ба раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз натиҷаҳои сермаҳсули сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба Тоҷикистон, ҳамзамон, мулоқотҳои сатҳи олии сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ ва дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Русия” изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Табодули афкор, ҳамчунин, доир ба идомаи таҷрибаи созандаи ҳамкорӣ дар чорчӯби дигар созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат гирифт. 0