Имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе чорабиниҳои сессияи тирамоҳии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз мегарданд. Дар ҷаласа иштироки ҳайатҳои парламентии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар назар аст. 13 ноябр ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад, ки дар он роҳбарони парламентҳои давлатҳои иштирокдори Иттиҳод иштирок хоҳанд кард. Дар ҷаласа иштирокчиён маълумотро оид ба қарорҳои Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 10 октябри соли 2025 ва Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 29 сентябри соли 2025 шунида, як қатор масъалаҳоро баррасӣ мекунанд. Аз ҷумла, раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025, фаъолияти Комиссияи ҳуқуқи инсон Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, супоридани ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматов ва дигар масъалаҳои рӯзнома мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳод ҳамчунин нақшаи кори Ассамблеяро барои соли 2026 ва натиҷаҳои чорабиниҳои баргузоргардидаро дар соли равон баррасӣ хоҳанд кард. Дар ҷаласа роҳбарону вакилони парламентҳои давлатҳои аъзо масъалаҳои таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ, тавсеаи заминаҳои қонунгузорӣ ва таъмини амнияти минтақавиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Ҳамчунин дар ҳамоиш оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории байнипарламентӣ мубодилаи афкор доир мегардад. 14 ноябр 59-уми ҷаласаи пленарии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Навигация записи Назад Предыдущая запись: Дар натиҷаи мулоқоту тавофуқи ҳосилшуда байни доираҳои тиҷоратию сармоягузорӣ дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» 30 ёддошти тафоҳум ба маблағи беш аз 900 миллион сомонӣ ба имзо расид. Ҳадафи Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025», ки 11 ноябр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон –шаҳри Бохтар оғоз гардид, ҷалби сармояи хориҷӣ, хусусан сармояи мустақим ба соҳаҳои иқтисодиёти вилояи Хатлон, инчунин тақвияти ҳамкории байниминтақавӣ, дар маҷмуъ баланд бардоштани иқтидори содиротии вилоят ва таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо шарикони рушд мебошад. Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон-Инвест-2025» намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, намояндагони корпусҳои дипломатии муҳими Тоҷикистон, доираҳои тиҷоратию сармоягузории ватанӣ ва хориҷӣ, намояндагони расмии минтақаҳои беш аз 20 кишвар, роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд иштирок намуда, намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлонро тамошо карданд. Кори форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар бахшҳои «Сармоягузорӣ барои рушди устувори минтақаҳо: шарикӣ бо бахши хусусӣ ва табдили Хатлон ба маркази иқтисодии муосир», «Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ» ва «Аз замин то бозор: рушди занҷираи арзиш дар кишоварзӣ, содирот ва коркарди маҳсулоти маҳаллӣ дар вилояти Хатлон» идома ёфт. Дар ин ҷаласаҳо оид ба механизмҳои ҷалби сармоя ба кластерҳои агроиндустриалӣ, имконияти сармоягузорӣ ва рақамикунонӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, пешбурди лоиҳаҳои инфрасохторӣ бо истифода аз механизми шарикии давлат бо бахши хусусӣ, имконияти сармоягузорӣ ба соҳаи сайёҳӣ муаррифӣ гардиданд. Инчунин роҳбарону намояндагони вазорату илораҳои мамлакат ва шарикони рушд доир ба рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ барои сармоягузорон дар сатҳи вилоят, брендинг ва рақамикунии содирот: «Made in Khatlon», таъсис ва таблиғи брендҳои ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, имконият барои рушди соҳибкорӣ тавассути рақамисозӣ, шаклҳои муосири сармоягузорӣ, механизм ва имконияти маблағгузории Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Узбекистон, ҷорӣ намудани низоми пардохти ғайринақдии роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Бохтар ва дигар масъалаҳои муҳими самти рақамикунонӣ, ташкили кластерҳои агроиндустриалӣ ва коркарди маҳсулот дар вилояти Хатлон, тақвияти корхонаҳои бастубандӣ, яхдонҳо ва коркарди сабзавоту мева, иқтидори содиротии мамлакат, «Гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — омили пешрафти соҳибкории занон» ибрози назар намуданд. Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвкест-2025» силсиламулоқотҳои соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ дар шакли В2В баргузор гардид. Интизор меравад, ки имрӯз иштирокдорон ва меҳмонони Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» корхонаҳои истеҳсолию саноатии вилояти Хатлон ва ҳамзамон Фестивали анор дар шаҳри Норакро тамошо намоянд.Далее Следующая запись: 14 ноябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфтанд. Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар чорчӯби шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонӣ, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ, муҳокима гардид. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми дипломатияи парлумониро дар таҳким ва рушди ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистону Русия бо шумули муколамаи сиёсӣ, рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарии ду кишвар муҳим арзёбӣ намуданд. Дар ин зимн таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамкории байнипарлумониро ҳамчун ҷузъи муҳимми тамоми маҷмӯи муносибатҳо медонад. Тақвияти кори кумитаҳои соҳавии парлумонӣ, бахусус дар бахшҳои иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, тиб ва экология зарур шумурда шуд. Ба тавсеаи мубодилаи таҷриба дар соҳаи қонунгузорӣ, рақамикунонӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва сиёсати иҷтимоӣ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир гардид. Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои вобаста ба раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз натиҷаҳои сермаҳсули сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба Тоҷикистон, ҳамзамон, мулоқотҳои сатҳи олии сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ ва дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Русия” изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Табодули афкор, ҳамчунин, доир ба идомаи таҷрибаи созандаи ҳамкорӣ дар чорчӯби дигар созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат гирифт.