Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

11 ноябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз як гуруҳ сафирони нави давлатҳои хориҷ эътимоднома қабул намуданд. Зимни маросим ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Го Ҷитсзюн, Иттиҳоди Аврупо Радослав Дарски, Подшоҳии Дания Йеспер Вар, Ҷумҳурии Юнон хонум Екатерини Ксагорари, Ҷумҳурии Эстония Яаап Ора, Гурҷистон Давид Котария, Подшоҳии Ҳошимии Урдун Ҳамза ал Умарӣ, Буркина Фасо Аристид Рапугдондба Людовик, Ҷумҳурии Аргентина Себастян Саюс ва Ҷумҳурии Доминикан Алехандро Ариас Сарсуэла эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳояшон тақдим карданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ сафирони навро ба муносибати оғози фаъолияти дипломатиашон дар ин маснади масъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд. Президенти кишвар таъкид доштанд, ки асоси сиёсати хориҷии мутавозину сулҳхоҳонаи давлати Тоҷикистонро усули “дарҳои кушода” ташкил медиҳад. “Дар такя ба он мо робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманди фарогирро бо кишварҳои минтақаҳои гуногуни олам роҳандозӣ намуда, густариш медиҳем”, — иброз доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, Иттиҳоди Аврупо, Подшоҳии Дания, Ҷумҳурии Юнон, Ҷумҳурии Эстония, Гурҷистон, Подшоҳии Ҳошимии Урдун, Буркина Фасо, Ҷумҳурии Аргентина ва Ҷумҳурии Доминикан андешаронӣ намуданд. Ба сафирони навтаъин муроҷиат намуда, Сарвари давлат таъкид карданд, ки Тоҷикистон идомаи шарикӣ бо кишварҳои онҳоро бахши таркибии сиёсати хориҷии худ медонад ва дурнамои онро нек арзёбӣ менамояд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуданд, ки талошҳои пайвастаи сафирон дар ҷодаи рушду такомули робитаҳои гуногунҷанбаи миёни кишварҳо самараву натиҷаҳои нав ба бор хоҳанд овард. Дар хотима Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сафирони нав комёбӣ хоста, ба роҳбарони давлатҳои онҳо салому паёми гарм ирсол намуданд.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

ФОРУМИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ-2025» — МУАРРИФИИ ИМКОНИЯТҲОИ САРМОЯГУЗОРИИ КАЛОНТАРИН МИНТАҚАИ ТОҶИКИСТОН Дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории “Хатлон Инвест-2025” ба кори худ шуруъ кард. Раисми вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид меҳмонони сатҳи баланди ҳамоишро хайрамақдам гуфта, бо онҳо аз намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлон боздид намуданд. Пасон, дар толори Маркази байналмилалии рушд ва инноватсияи Хатлон бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, намояндагони корпусҳои дипломатии муҳими Тоҷикистон, доираҳои тиҷоратию сармоягузории ватанӣ ва хориҷӣ, намояндагони расмии минтақаҳои беш аз 20 кишвар, аз ҷумла Русия, Эрон, Чин, Туркия, Қазоқистон, Узбекистон, Покистон, Қирғизистон, роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд ҷаласаи пленарии форум барпо гардид. Иштирокдорони Форум нахуст филми кутоҳи мустанадро оид ба имкониятҳои сармоягузории вилояти Хатлонтамошо карданд. Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни ифтитоҳи кори Форум онро минбари муҳими муколамаи созанда, ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҳамкорӣ ва тавсеаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ арзёбӣ намуд. Қайд гардид, ки рушди устувори иқтисодиёт бе ҳамкории байнидавлатӣ, бе равобити эътимодноки бахши давлатӣ ва хусусӣ имконнопазир аст. — Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бахши хусусиро яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иқтисодии худ қарор додааст, — гуфт Давлаталӣ Саид. — Мо дар фаъолияти худ ба ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ва Стратегияи рушди иқтисоди сабз барои солҳои 2023-2037 такя мекунем, ки бо равандҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла афзоиши сармоягузорӣ ба технологияҳои сабз ва рақамикунонии иқтисодиёт ҳамоҳанг мебошад. Раиси вилоят афзуд, ки имрӯз вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои босуръат тараққикунандаи ҷумҳурӣ буда, қариб 4 миллион нафар, яъне 40 фоизи аҳолии кишвар дар он кору зиндагӣ мекунанд ва 60 фоизи он аҳолии қобили меҳнат ва соҳибтахассус мебошанд. Ин неруи инсонӣ бузургтарин сармоя барои рушд ба шумор меравад. Аксари сокинони вилояти Хатлонро ҷавонони фаъолу бофарҳанг ва меҳнатдӯст ташкил медиҳад, ки ба омӯзиш ва навоварӣ майлу рағбати баланд доранд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ фаъолият намуда, ҳамасола ҳазорон мутахассисони соҳаҳои иқтисодӣ, техникӣ, кишоварзӣ, саноатӣ ва тиббӣ омода менамоянд. — Мо омодаем, ки ҳамкориҳои худро дар самтҳои омӯзиши муштараки кадрҳо, табодули таҷриба ва барномаҳои инноватсионӣ васеъ намоем, — таъкид намуд Давлаталӣ Саид. Дар идома гуфта шуд, ки вилояти Хатлон дорои инфрасохтори ҳамлу нақли бор ва мусофирон буда, дар ҳудуди вилоят ду фурудгоҳи байналмилалӣ, роҳи оҳан, роҳҳои автомобилгарди мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ мавҷуд мебошад, ки дар пешбурди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ нақши бунёдӣ доранд. Вилояти Хатлон бо масоҳати 24,7 ҳазор км² ва иқлими мусоид яке аз минтақаҳои асосии кишоварзии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, имрӯз зиёда аз 60%-и истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии мамлакатро таъмин мекунад. Масоҳати заминҳои обёришаванда дар вилоят 338 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки он ба 45 фоизи тамоми заминҳои обии ҷумҳурӣ баробар аст. Вилояти Хатлон ҳамеша бо маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту меваҳои болаззат ва полезиҳои дорои сифати баланд ва аз ҷиҳати экологӣ тоза машҳур мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 2 миллион тоннаро ташкил медиҳад, ки аз ин 400 ҳазор тоннааш пиёзи барвақтӣ мебошад. Ҳамзамон, дар вилоят соҳаҳои пахтакорӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, занбӯри асалпарварӣ ва моҳипарварӣ босуръат рушд ёфта истодаанд. Дар вилоят зиёда аз 1 миллион дона пӯсти чорво ва 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол гардида, қисми зиёди он дар шакли ашёи хоми коркарднашуда ба хориҷи кишвар содирот мегардад. — Мо дар самтҳои парвариши пахта, сабзавот, мева ва ангур, истеҳсоли маҳсулоти органикӣ барои содирот нигаронкунанда технологияҳои муосири обёрии қатрагӣ, сохтани сардхонаҳо, марказҳои бастубанду логистикӣ ва корхонаҳои коркард омодаи ҳамкорӣ мебошем, — зикр намуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид. — Ин омил дар баробари имтиёзҳои назарраси андозию гумрукӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри дорои арзиши баланди иловашуда муҳим арзёбӣ мегардад. Қайд гардид, ки рушди соҳаи саноат барои гузариш ба модели индустриалӣ-аграрӣ, ки дар ҳуҷҷатҳои стратегии кишвари мо ҳамчун афзалият муайян шудааст, мақоми хосро касб мекунад. Соҳаи саноат дар вилоят бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ босуръат рушд карда истодаанд. Имрӯз саҳми вилоят дар маҷмӯи саноати ҷумҳурӣ ба 25 фоиз баробар мебошад, ки ин нишондиҳандаи муҳим ва нишонаи тавсеаи самараноки истеҳсолот, ҷалби сармоя ва татбиқи стратегияҳои рушди саноат ба шумор меравад. Яке аз имкониятҳои афзалиятдоштаи иқтисодиёти вилояти Хатлон дар самти истеҳсоли энергияи сабз ин тавлиди неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда мебошад. Дар ин замина, силсиланеругоҳҳои барқи обии Вахш, аз ҷумла нерӯгоҳҳои барқи обии “Норак”, “Бойғозӣ”, “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2” ва “Сарбанд” дар тавлиди қувваи барқ нақши калидӣ доранд. Айни замон 84 фоизи иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқи ҷумҳурӣ дар қаламрави вилояти Хатлон ҷойгир буда, ин нишондиҳанда барои рушди саноат ва таъмини иқтисоди миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Неруи истеҳсолшаванда комилан нерӯи сабз ва аз манбаъҳои барқароршаванда буда, барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегияи иқтисоди сабзи миллӣ ва ҷаҳонӣ нақши асосиро мебозад. Пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллӣ низ ба «энергияи сабз», ки аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол мегардад, вобастагии зиёд дорад. Зеро он омили муҳими таъмин намудани рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, алалхусус коҳиши партовҳои гази карбон мебошад. Дар идома раиси вилоят қайд намуд, ки бо дастгирии давлатӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ имконият ҳаст якҷо бо шарикони хориҷӣ дар соҳаи нассоҷӣ корхонаҳои муосир ва рақобатпазир бунёд карда шавад. Инчунин, вилоят дорои захираҳои фаровони ашёи хом, бахусус пахтаи босифат мебошад. Соли ҷорӣ ҳосили пахта дар вилояти мо фаровон буда, кишоварзони вилоят ба ҳолати имрӯза зиёда аз 250 ҳазор тонна пахтаи хом ҷамъоварӣ намуданд. Ин нишондиҳанда гувоҳи рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ва имкониятҳои воқеии мо барои таъмин кардани корхонаҳои нассоҷӣ бо ашёи хоми ватанӣ мебошад. — Инчунин, дар заминаи мавҷуд будани имкониятҳои соҳаи боғпарварию сабзавоткорӣ имконият аст, ки дар ҳамкорӣ бунёди боғҳои нави интенсивӣ, коркард ва хушконидани меваю сабзавотро бо истифода аз технологияҳои нав ба роҳ монем, — афзуд раиси вилоят. — Табиати зебо ва иқлими мусоиди вилоят имкон медиҳад, ки меваю сабзавоти хушсифату аз лиҳози экологӣ тоза маҳсулоти комилан органикӣ, ба талаботи консепсияи маҳсулоти сабз мутобиқ бошад. Ин барои содироткунандагон барои дастрасӣ ба бозорҳои хориҷӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи муштариёни ба маҳсулоти органикӣ ҳавасмандбуда бо афзалиятҳои иловагии рақобатнокӣ шароит фароҳам меорад. Дар форум зикр шуд, ки дар вилоят се минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 50 ширкат бо муваффақият фаъолият менамоянд ва озодона маҳсулоти босифату рақобатпазири худро дар дохил ва хориҷи кишвар ба фурӯш бароварда истодаанд. Бо дарназардошти ин, аз сармоягузорон ва шарикони рушд даъват карда шуд, ки аз имконияти махсуси минтаќањои озоди иқтисодӣ барои ташкили њам иќтидорњои истењсоли худӣ ва њам корхонањои муштарак истифода намоянд. Истифодаи имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон, ки ҳамасола садҳо ҳазор меҳмонони дохилию хориҷиро ҷалб мекунад, ҳамчунин самти муҳими ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ арзёбӣ шуд. Дар ҳудуди вилоят 940 адад ёдгории таърихию фарҳангӣ арзи вуҷуд дошта, 11 адади онҳо ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардидаанд. Татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба таъсиси инфрасохтори муносиби сайёҳӣ, омода намудани кадрҳои касбӣ дар соҳаи сайёҳии кӯҳӣ, дар бахши хизматрасонӣ, тиҷорати меҳмонхона ва тарабхона самти хеле ҷолиб барои тавсеаи ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ маҳсуб мешавад. — Мо барои ҳар як шарик кафолати қонунӣ, дастгирии маъмурӣ ва ҳамкории мустақими сатҳи роҳбарияти вилоятро медиҳем, — таъкид кард раиси вилоят Давталаӣ Саид. — Дар вилояти Хатлон ҳар як сармоя бо меҳр қабул ва ҳар як иқдом бо натиҷаи дилхоҳ анҷом меёбад. Сармоягузорӣ ба Хатлон сармоягузорӣ ба неруи инсонии мардуми заҳматкаш, ба замини ҳосилхез ва ба ояндаи дурахшон ба ҳисоб меравад. Муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода зимни ироаи сухани худ қайд кард, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва имрӯзҳо заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд. Дар кишвар зиёда аз 240 имтиёзу сабукиҳо, аз ҷумла 110 имтиёзи андозию гумрукӣ ва сармоягузорӣ амал мекунанд. Инчунин, барои интиқоли даромади бадастомадаи сармоягузорон бо асъори хориҷӣ монеае вуҷуд надорад. Дар идомаи ҷаласаи ифтитоҳии форум вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода, ҳамраиси Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон Холгер Вифел, роҳбари Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Ко Сакамото ва дигарон доир ба аҳамияти форум, ки минбари муҳими муколамаи созандагӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои нави ҳамкорӣ ва тавсеаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ мебошад, сухан гуфтанд. Нимаи дуюми рӯз Форуми байналмилалии сармоягузории “Хатлон инвест-2025” дар се бахш — «Сармоягузорӣ барои рушди устувори минтақаҳо: шарикӣ бо бахши хусусӣ ва табдили Хатлон ба маркази иқтисодии муосир», «Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ» ва «Аз замин то бозор: рушди занҷираи арзиш дар кишоварзӣ, содирот ва коркарди маҳсулоти маҳаллӣ дар вилояти Хатлон» идома меёбад. Ҳамзамон, дидору мулоқоти хосаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафирони як қатор кишварҳои хориҷӣ ва намояндагони шарикони рушд, ки дар Форуми байналмилалӣ иштирок доранд, дар назар дошта шудааст. Қобили зикр аст, ки ҳадафи ин Форуми байналмилалӣ муаррифии имкониятҳои сармоягузории вилояти Хатлон, ҷалби сармояи хориҷӣ, хусусан сармояи мустақим ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят, инчунин тақвияти хамкории байниминтақавӣ, дар маҷмуъ, баланд бардоштани иқтидори содиротии вилоят ва таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо шарикони рушд мебошад. Кори Форум ду рӯз давом карда, дар назар аст, ки фардо, 12 ноябр, доираҳои соҳибкорию сармоягузорӣ ва меҳмонону иштирокдорони Форум бо фаъолияти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Бохтару Норак шинос гардида, мавзеъҳои ҷолиби вилояти Хатлонро тамошо менамоянд. Ёдовар мешавем, ки Форуми байналмилалии сармоягузории “Хатлон инвест” соли дуюм аст, ки баргузор мешавад. Дао доираи ин форум соли гузашта миёни доираҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 165 миллион доллари амрикоӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расида буд. “Хатлон”

Далее Следующая запись:

Дар натиҷаи мулоқоту тавофуқи ҳосилшуда байни доираҳои тиҷоратию сармоягузорӣ дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» 30 ёддошти тафоҳум ба маблағи беш аз 900 миллион сомонӣ ба имзо расид. Ҳадафи Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025», ки 11 ноябр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон –шаҳри Бохтар оғоз гардид, ҷалби сармояи хориҷӣ, хусусан сармояи мустақим ба соҳаҳои иқтисодиёти вилояи Хатлон, инчунин тақвияти ҳамкории байниминтақавӣ, дар маҷмуъ баланд бардоштани иқтидори содиротии вилоят ва таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо шарикони рушд мебошад. Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон-Инвест-2025» намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, намояндагони корпусҳои дипломатии муҳими Тоҷикистон, доираҳои тиҷоратию сармоягузории ватанӣ ва хориҷӣ, намояндагони расмии минтақаҳои беш аз 20 кишвар, роҳбарони созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд иштирок намуда, намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумии вилояти Хатлонро тамошо карданд. Кори форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар бахшҳои «Сармоягузорӣ барои рушди устувори минтақаҳо: шарикӣ бо бахши хусусӣ ва табдили Хатлон ба маркази иқтисодии муосир», «Рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ» ва «Аз замин то бозор: рушди занҷираи арзиш дар кишоварзӣ, содирот ва коркарди маҳсулоти маҳаллӣ дар вилояти Хатлон» идома ёфт. Дар ин ҷаласаҳо оид ба механизмҳои ҷалби сармоя ба кластерҳои агроиндустриалӣ, имконияти сармоягузорӣ ва рақамикунонӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, пешбурди лоиҳаҳои инфрасохторӣ бо истифода аз механизми шарикии давлат бо бахши хусусӣ, имконияти сармоягузорӣ ба соҳаи сайёҳӣ муаррифӣ гардиданд. Инчунин роҳбарону намояндагони вазорату илораҳои мамлакат ва шарикони рушд доир ба рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ барои сармоягузорон дар сатҳи вилоят, брендинг ва рақамикунии содирот: «Made in Khatlon», таъсис ва таблиғи брендҳои ватанӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, имконият барои рушди соҳибкорӣ тавассути рақамисозӣ, шаклҳои муосири сармоягузорӣ, механизм ва имконияти маблағгузории Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Узбекистон, ҷорӣ намудани низоми пардохти ғайринақдии роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Бохтар ва дигар масъалаҳои муҳими самти рақамикунонӣ, ташкили кластерҳои агроиндустриалӣ ва коркарди маҳсулот дар вилояти Хатлон, тақвияти корхонаҳои бастубандӣ, яхдонҳо ва коркарди сабзавоту мева, иқтидори содиротии мамлакат, «Гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — омили пешрафти соҳибкории занон» ибрози назар намуданд. Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвкест-2025» силсиламулоқотҳои соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ дар шакли В2В баргузор гардид. Интизор меравад, ки имрӯз иштирокдорон ва меҳмонони Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» корхонаҳои истеҳсолию саноатии вилояти Хатлон ва ҳамзамон Фестивали анор дар шаҳри Норакро тамошо намоянд.

Hatlon-invest

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Ноябрь 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
« Окт   Дек »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram