Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши дуюм дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” (С5+1) дар шаҳри Вашингтон бо Президенти ИМА муҳтарам Доналд Трамп мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар баррасӣ шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Президенти ИМА барои даъват ва пазироии гарм арзи сипос намуданд. Сарвари давлати мо дар идомаи суҳбат ба аҳаммияти таъмини сулҳ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ишора намуда, пойдории амну суботро заминаи бебаҳо барои рушди устувори ҳамаи кишварҳои дунё арзёбӣ намуданд. Зимни баррасии робитаҳои дуҷониба таваҷҷуҳи зиёд ба таҳким ва густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид. Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 70 ширкат бо иштироки сармояи амрикоӣ фаъолият доранд. Бо ёдоварӣ аз ҷараён ва натиҷаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи саноати Тоҷикистон, аз ҷумла барои истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, бахусус фулузоти нодир, густариши чунин робитаҳо ба манфиати кор арзёбӣ шуд. Таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашуда барои таҳким ва густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории судовар миёни ду кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, илму техника, зеҳни сунъи ва технологияҳои муосир хеле зиёд аст. Баррасии масоили вобаста ба мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, ба мисли терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз бахшҳои муҳими суҳбат буд. Табодули судбахши андеша, ҳамчунин, атрофи дигар масоили минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Вашингтон шуданд. Дар фурудгоҳи ҳарбии Эндрюси шаҳри Вашингтон меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос Муовини якуми Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау, Ёвари Котиби давлатӣ Пол Капур, Муовини роҳбари Протоколи ИМА Эбби Ҷонс ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд. Хотиррасон бояд намуд, ки сафари кории Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вашингтон бо даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Трамп сурат мегирад. Дар ин ҷо Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» ва дигар чорабиниҳои муҳим баргузор мегарданд. Дар иқоматгоҳи муваққатӣ дар шаҳри Вашингтон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро як гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

54904840354_1e7626507a_b
Далее Следующая запись:

6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Вашингтон дар зиёфати кории Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” (С5+1) иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари кишвари мизбон Доналд Трамп барои даъват ва пазироии самимӣ изҳори сипос карда, доир ба зарурат ва роҳҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико андешаронӣ намуданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва амнияти пойдорро “заминаи бунёдии ҳама гуна робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ” арзёбӣ намуданд. Дар идомаи сухан ба тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол миёни кишварҳо ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои ояндадори Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Бинобар захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва мавқеи географиии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷониби моро бо дигар шарикон дар тавсеаи ҳамкорӣ оид ба таҳкими соҳаи “энергияи сабз” ва интиқоли он ба кишварҳои ҳамсоя таъкид намуданд. Таъкид карда шуд, ки дар кишвари мо, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда, ба рушди соҳаҳои гуногуни саноат ва энергетика, бахусус афзоиши иқтидорҳои тавлидоти нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда, аҳаммияти хосса зоҳир карда мешавад. Дар ин зимн алоқамандии Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳо бо шарикони байналмилалӣ дар ин самтҳо иброз гардид. Сармоягузорӣ ба истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок низ, аз ҷумлаи самтҳои ояндадори иқтисоди Тоҷикистон номида шуд. Дар фароварди сухан иброз гардид, ки Тоҷикистон ба инобати иқтидори иқтисодии худ, метавонад тавассути густариши ҳамкорию ҳамёрӣ дар таҳкими занҷираҳои устувори истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ мавқеи назаррас дошта бошад.

54907175379_afa1e33d9f_b

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Ноябрь 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
« Окт   Дек »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram