5 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Трамп барои иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» аз шаҳри Давҳа ба Вашингтон сафар карданд. Навигация записи Назад Предыдущая запись: 4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳаи Қатар дар ҳошияи ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ як зумра масоили вобаста ба рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд. Зимнан аз мунтазамии мулоқотҳои сатҳи олию баланд ва натиҷаҳои онҳо, ки бозгӯй аз ҳамкории ҳамаҷониба ва шарикии стратегии ду кишвар арзёбӣ мегардад, изҳори қаноат карда шуд. Барои таҳким ва густариши ҳамкории судманд таъсиси Шӯрои муколамаи стратегӣ ва бештар фаъол шудани дигар абзорҳои дуҷониба зарур дониста шуд. Бо ишора ба имкону захираҳои васеъ барои афзун намудани нишондодҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таъкид гардид, ки ниҳодҳои дахлдори ду кишвар аз ин зарфиятҳо бояд ҳамаҷониба истифода намоянд. Тақвияти ҳамкории байнипарлумонӣ, аз ҷумла фаъолияти Гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ, ҳам ба манфиати кор арзёбӣ гардид.Далее Следующая запись: 6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Вашингтон шуданд. Дар фурудгоҳи ҳарбии Эндрюси шаҳри Вашингтон меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос Муовини якуми Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау, Ёвари Котиби давлатӣ Пол Капур, Муовини роҳбари Протоколи ИМА Эбби Ҷонс ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд. Хотиррасон бояд намуд, ки сафари кории Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вашингтон бо даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Трамп сурат мегирад. Дар ин ҷо Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» ва дигар чорабиниҳои муҳим баргузор мегарданд. Дар иқоматгоҳи муваққатӣ дар шаҳри Вашингтон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро як гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.