3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои барои таъин ба вазифаҳои ҳайати роҳбарикунандаи Прокуратураи генералӣ, Вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва Хадамоти алоқа пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Зимнан сардорони якчанд раёсати Прокуратураи генералӣ, прокуророни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва прокуророни шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуросон, Балҷувон, Шаҳритус, Зафаробод, Спитамен, Деваштич, Рашт, Файзобод, прокурори ҳарбии гарнизони Рашт аз ҳисоби кадрҳои ҷавону кордон ва соҳиби таҷрибаву собиқаи корӣ дар мақомот таъин карда шуданд. Бо қарорҳои Ҳукумати кишвар директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, муовини вазири энергетика ва захираҳои об, муовини якум ва муовинони сардори Хадамоти алоқа, раиси комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, ректорони Донишгоҳи Славянии Тоҷикистон-Россия, Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон Ибни Собит аз ҳисоби мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир таъин гардиданд. Прокурори вилояти Хатлон Назарзода Аваз бинобар сабаби риоя накардани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ ва содир намудани кирдоре, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад, аз вазифа озод ва аз мақомоти Прокуратура хориҷ карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ таъиншуда таъкид намуданд, ки вазифаи асосии онҳо, пеш аз ҳама таъмини волоияти қонун, амну субот, ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва омода намудани мутахассисони варзидаву забондон мебошад. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки вазифаҳои хизматии худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ба роҳ монанд. Навигация записи Назад Предыдущая запись: БОЗ ЯК ХАБАРИ ХУШ! Дар иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО 1050-солагии Робияи Балхӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2026-2027 ворид карда шуд. Бояд таъкид намуд, ки ҷашни солгарди шоири шинохтаи тоҷик Робияи Балхӣ, ки ҳамзамони Рӯдакӣ буду дар даврони Сомониён зиндагӣ мекард, дар арсаи байналмилалӣ аз таърих ва фарҳанги бойи миллати тоҷик шаҳодат медиҳад. Ин воқеаи фарҳангии басо муҳиму ифтихорманд аст, ки боз як нобиғаи сухан Робияи Балхӣ, бонуи шеъру зебоӣ ва рамзи андешаи озод, ба феҳристи бузургдошти ЮНЕСКО ворид гардид. Ин иқдоми арзишманд шинохти ҷаҳонии адабиёти тоҷику форс буда, нишони эҳтироми ҷомеаи байналмилалӣ ба нақши зан дар рушди тамаддуни башар мебошад. Ворид шудани номи Робияи Балхӣ ба ин феҳрист гувоҳи он аст, ки адабиёт ва фарҳанги тоҷик бо решаҳои амиқи таърихӣ ва паёми инсондӯстонааш имрӯз низ дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи шоиста дорад. Ин тасмим натиҷаи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки пайваста барои муаррифии чеҳраҳои барҷастаи илму адаб ва баланд бардоштани обрӯву эътибори фарҳанги тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ талош меварзанд. Робиаи Балхӣ аввалин зани суханвар дар таърихи адабиёти форсу тоҷик шинохта шудааст. Тавре аз сарчашмаҳо бармеояд, аксари шоирони замони Сомониён соҳибдевон буданд. Эҳтимол Робиа низ девони худро бо забонҳои форсӣ ва арабӣ мураттаб кардааст, вале, мутассифона, он то замони мо нарасидааст. Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт, Чаман ранги «Аржанг»-и Моно гирифт. Сабо нофаи мушки Тиббат надошт, Ҷаҳон бӯйи мушк аз чӣ маъно гирифт?! Магар чашми Маҷнун ба абр — андар аст, Ки гул ранги рухсори Лайло гирифт. Ҳаме монад андар ақиқин қадаҳ Сиришке, ки дар лола маъво гирифт. Қадаҳ гир чандею дунё магир, Ки бадбахт шуд, он ки дунё гирифт. Сари наргиси тоза аз зарру сим Нишони сари тоҷи Кисро гирифт. Чу руҳбон шуд андар либоси кабуд Бунафша, магар дини тарсо гирифт?!Далее Следующая запись: 3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Саммити дуюми ҷаҳонӣ оид ба рушди иҷтимоӣ ба Давлати Қатар сафар карданд. Сипас, аз Давлати Қатар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Трамп барои иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои қолаби «Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» ба шаҳри Вашингтон сафар хоҳанд кард. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.