10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Синоро ба истифода доданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамгардида шинос шуда, бо ҳайати шахсии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии 1-и ноҳияи Сино суҳбат намуданд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бино аз таҳхона ва панҷ ошёна иборат буда, дорои 64 ҳуҷраи корӣ мебошад. Он мувофиқи талаботи хизматӣ ва бо шароити мусоиди корӣ сохта шудааст. Маҷлисгоҳи васеи бино дорои 240 ҷойи нишаст буда, барои баргузорсозии ҷаласаҳои корӣ ва машғулиятҳои соҳавӣ пурра муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Синфхонаҳо ва толорҳои таълимии бино бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошанд. Дар ин ҷо навъҳои гуногуни дастгоҳҳои соҳавӣ, яроқу аслиҳа, воситаҳои алоқа ва дигар лавозимоти корӣ ҷой дода шудааст. Барои кормандон китобхонаи замонавӣ низ фаъолият мекунад. Ҳамчунин ҳангоми корҳои сохтмонӣ ба ободонии гирду атроф таваҷҷуҳи махсус дода шуда, дар саҳни бино майдони сафороӣ, таваққуфгоҳ барои мошинҳои хизматӣ ва дигар иншооти ёрирасон низ бунёд гардидааст. Зимни суҳбат бо ҳайати шахсӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки кормандон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, дониш ва малакаи худро баланд бардоранд ва барои пешгирӣ аз ҳар гуна ҳолатҳои ногаҳонӣ омода бошанд. Бунёди чунин бинои замонавӣ ва таъмин намудани он бо таҷҳизоти муосир имкон медиҳад, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вазифаҳои худро боз ҳам беҳтар ва бо масъулияти баланд иҷро намоянд. Дар охир ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Сино як зумра нақлиёти нави хизматӣ супурда шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандон дастур доданд, ки ба Ватан содиқона хизмат намуда, дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва таҳкими асосҳои давлатдории миллӣ саҳми арзанда гузоранд. Навигация записи Назад Предыдущая запись: 6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Вашингтон дар зиёфати кории Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” (С5+1) иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари кишвари мизбон Доналд Трамп барои даъват ва пазироии самимӣ изҳори сипос карда, доир ба зарурат ва роҳҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико андешаронӣ намуданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва амнияти пойдорро “заминаи бунёдии ҳама гуна робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ” арзёбӣ намуданд. Дар идомаи сухан ба тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол миёни кишварҳо ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои ояндадори Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Бинобар захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва мавқеи географиии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷониби моро бо дигар шарикон дар тавсеаи ҳамкорӣ оид ба таҳкими соҳаи “энергияи сабз” ва интиқоли он ба кишварҳои ҳамсоя таъкид намуданд. Таъкид карда шуд, ки дар кишвари мо, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда, ба рушди соҳаҳои гуногуни саноат ва энергетика, бахусус афзоиши иқтидорҳои тавлидоти нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда, аҳаммияти хосса зоҳир карда мешавад. Дар ин зимн алоқамандии Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳо бо шарикони байналмилалӣ дар ин самтҳо иброз гардид. Сармоягузорӣ ба истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок низ, аз ҷумлаи самтҳои ояндадори иқтисоди Тоҷикистон номида шуд. Дар фароварди сухан иброз гардид, ки Тоҷикистон ба инобати иқтидори иқтисодии худ, метавонад тавассути густариши ҳамкорию ҳамёрӣ дар таҳкими занҷираҳои устувори истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ мавқеи назаррас дошта бошад.Далее Следующая запись: 10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қисми ҳарбии 3502-и Қушунҳои дохилӣ, маркази инноватсионии Вазорати корҳои дохилиро бо маҷмуи бинову иншооти хизматӣ ифтитоҳ намуданд. Боздиди Роҳбари давлат аз бинои шуъбаи махсуси зудамали ин қисми ҳарбӣ бо вохурӣ бо ҳайати шахсии ин ниҳод оғоз ёфт. Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамин мавзеъ барои ташкили фаъолияти хизматии кормандони шуъбаи махсуси зудамали қисми ҳарбӣ бинои дуошёна сохта шудааст, ки он аз хобгоҳ, ҳуҷраҳои кориву санитарӣ, ҳуҷраи нигоҳдории аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Бино бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ бо тарҳи муосир бунёд шуда, дар он барои ҳайати шахсӣ ва кормандони шуъбаи махсуси зудамали қисми ҳарбии 3502-и Қушунҳои дохилӣ шароити хуби корӣ ва хизматӣ фароҳам оварда шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суҳбат ҳайати шахсиро ба муносибати рӯзи касбиашон самимона табрик намуданд ва кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба хизмати софдилона ба Ватан ва истифодаи самараноки шароиту имконоти фароҳамшуда ҳидоят карданд. Зимни боздид аз маркази нави инноватсионии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти кишвар иттилоъ доданд, ки дар марказ мутахассисон пас аз хатми курсҳои омӯзишӣ бо истифода аз хатти нави технологӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти махсус, ҳавопаймоҳои хурди бесарнишин (дрон) ва маҷмуи бесарнишини разведкаи ҳавоиро омода месозанд. Маркази инноватсионии Вазорати корҳои дохилӣ ва маҷмуи иншооти таъйиноти хизмативу маишӣ бо супориши Президенти кишвар ҷиҳати рақамикунонии соҳа, омӯзиш ва омодасозии кадрҳои ҷавони самти технологияи рақамӣ дар муҳлати 5 моҳ сохта шудааст. Низоми муосири фаъолият дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълони солҳои 2025-2030, «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» амалӣ шуда, ба тақвияти омодабошии ҷангии воҳидҳои таъйиноти махсус, таъмини амният, мубориза бо терроризм ва ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат мекунад. Дар идомаи боздид ба Роҳбари давлат фаъолияти мустақими мутамаркази навтаъсис дар нуқтаҳои дурдасти кишвар бо истифода аз технологияи нави инноватсионӣ намоиш дода шуд. Ҳоло бо ҳадафи рақамикунонӣ дар сохтори мазкур, татбиқи низоми ягонаи иттилоотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад, ки якчанд намуди модулҳоро дар бар мегирад. Таъсиси замима-барономаи мобилии Вазорати корҳои дохилӣ яке аз модулҳои низоми муосир аст, ки тавассути он, шаҳрвандони кишвар метавонанд маълумоти дурусту саривақтиро дастрас намоянд. Дар робита ба ин, соли 2025 дар сохтори Раёсати қушунҳои дохилӣ, Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, Раёсати воҳидҳои таъйиноти махсус ва Раёсати алоқаи Вазорати корҳои дохилӣ шуъба ва бахшҳои технологияи инноватсионӣ таъсис дода шуд. Дар марказ барои кормандону мутахассисони ҷавон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст, ки бо таҷҳизоти лозима таъмин мебошад. Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо шароити бинову иншооти дигари навсохт шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин мавзеъ барои пешбурди фаъолият ва будубоши хизматчиёни ҳарбӣ, ҳамзамон бинои дуошёнаи маъмурӣ, бинои таълимӣ, бошишгоҳи нигоҳдории техника, истгоҳи мошинҳо, толори варзишӣ, ошхона, ҳаммоми замонавӣ, майдончаҳои футболи хурд ва валейбол, ҳавзи шиноварии тобистона, комплекси машқҳои атлетикӣ, бинои озмоишгоҳи махсус, майдони сафороӣ ва хатти монеаҳои махсус барои машқу тамрин бунёд шудааст, ки ҳамаи он бо таҷҳизоту лавозимот ва инфрасохтори зарурӣ таъмин мебошад. Ҳамаи бинову иншооти навсохти қисми ҳарбии 3502-и Қушунҳои дохилӣ ба системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст аст. Дар ин ҷо, ҳамчунин ба Сарвари давлат фаъолияти намунавии хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ дар соли 2025 муаррифӣ шуд. Тибқи иттилои масъулин соли 2025 аҳли заҳмати хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ тавонистаанд аз заминҳои корам ҳосили хуби меваю сабзавот ва ғалладона ба даст оранд. Хоҷагӣ 370 гектар замини корам, 47 гектар боғу токзор ва 253 оилаи замбури асал дар ихтиёр дорад, ки ҳосили фаровони меваю сабзавот ва полезӣ ба қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои он равона мегардад. Дар хоҷагии ёрирасони Қушунҳои дохилӣ, ҳамзамон 835 сар чорвои калону майда ва 49 сар асп парвариш меёбанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар барои беҳсозии шароити кории хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бинову иншооти замонавӣ бунёд ва дар ин баробар пойгоҳи моддиву техникӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои он пурқувват гардонида мешавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди боздид таъкид намуданд, ки пойдории сулҳу осоиш, суботи сиёсӣ, таъмини зиндагии ороми мардум ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ, ки имрӯз дар кишвар ба назар мерасад, натиҷаи саъю талоши ватандӯстона ва матонату садоқати хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон мебошад.