Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қисми ҳарбии 3502-и Қушунҳои дохилӣ, ҳамчунин, ба таври фосилавӣ биноҳои нави истиқоматӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва шаҳри Хуҷанд ва ду бинои нави Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва ноҳияи Вахши вилояти Хатлонро ифтитоҳ намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани 3 бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Хуҷанд 240 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили нави истиқоматӣ таъмин шуданд. Тадбири муҳими иҷтимоӣ, ки бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат амалӣ шуд, ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ неруи тоза бахшид. Бинои нави истиқоматӣ дар кӯчаи Садриддин Айнии пойтахт бо тарҳи муосир сохта шуда, аз 5 ошёна ва 32 хонаи 1, 2 ва 3 ҳуҷрагӣ иборат аст. Хизматчиёни ҳарбии ин ниҳоди қудратӣба Сарвари давлат барои таваҷҷуҳу ғамхории ҳамешагияшон ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки баҳри иҷрои масъулиятҳои касбиашон содиқона ва поквиҷдонона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон хизмат менамоянд. Иншооти дуюми истиқоматӣ дар кӯчаи Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо риояи қоидаҳои меъмориву шаҳрсозӣ бунёд ёфтааст, ки дар он барои зист ва истироҳати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шароити хуб фароҳам шудааст. Бино аз 18 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои таъмини 128 корманди шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо манзили нави зист пешбинӣ гардидааст. Дар доираи корҳои ободонӣ барои кӯдакон ва калонсолон дар назди ин биноҳо айвону нишастгоҳҳо ва майдонҳои хурди бозӣ бунёд шудааст. Бинои истиқоматӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар кӯчаи Ҳаким Карими шаҳри Хуҷанд, ки бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта ба истифода дода шуд, аз 10 ошёна ва 80 хонаи истиқоматӣ иборат мебошад. Корҳои сохтмониро дар ҳар се бинои нав дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд кормандону мутахассисони Раёсати сохтмони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ба анҷом расонидаанд. Биноҳои нави Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки аз ду ошёна иборат буда, бо тарҳи якхела сохта шудаанд, дорои ҳуҷраҳои корӣ, толори маҷлисӣ, хобгоҳ барои ҳайати шахсӣ, ҳаммом ва дигар иншооти ёрирасон мебошанд. Ҳамчунин биноҳои навсохти Хадамоти оташнишонӣ дар ноҳияҳои болозикр бо таваққуфгоҳ ва дастгоҳу таҷҳизоти лозимаи техникӣ таъмин буда, дар маҷмуъ дар онҳо барои пешбурди фаъолияти кормандон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалисозии иқдоми мазкурро натиҷаи фаъолияти босамари кормандони ин ниҳод арзёбӣ карда, масъулони соҳаро барои дастгирӣ ва беҳсозии шароити кору зиндагии мутахассисони ҷавон вазифадор намуданд.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қисми ҳарбии 3502-и Қушунҳои дохилӣ, маркази инноватсионии Вазорати корҳои дохилиро бо маҷмуи бинову иншооти хизматӣ ифтитоҳ намуданд. Боздиди Роҳбари давлат аз бинои шуъбаи махсуси зудамали ин қисми ҳарбӣ бо вохурӣ бо ҳайати шахсии ин ниҳод оғоз ёфт. Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамин мавзеъ барои ташкили фаъолияти хизматии кормандони шуъбаи махсуси зудамали қисми ҳарбӣ бинои дуошёна сохта шудааст, ки он аз хобгоҳ, ҳуҷраҳои кориву санитарӣ, ҳуҷраи нигоҳдории аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Бино бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ бо тарҳи муосир бунёд шуда, дар он барои ҳайати шахсӣ ва кормандони шуъбаи махсуси зудамали қисми ҳарбии 3502-и Қушунҳои дохилӣ шароити хуби корӣ ва хизматӣ фароҳам оварда шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суҳбат ҳайати шахсиро ба муносибати рӯзи касбиашон самимона табрик намуданд ва кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба хизмати софдилона ба Ватан ва истифодаи самараноки шароиту имконоти фароҳамшуда ҳидоят карданд. Зимни боздид аз маркази нави инноватсионии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти кишвар иттилоъ доданд, ки дар марказ мутахассисон пас аз хатми курсҳои омӯзишӣ бо истифода аз хатти нави технологӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти махсус, ҳавопаймоҳои хурди бесарнишин (дрон) ва маҷмуи бесарнишини разведкаи ҳавоиро омода месозанд. Маркази инноватсионии Вазорати корҳои дохилӣ ва маҷмуи иншооти таъйиноти хизмативу маишӣ бо супориши Президенти кишвар ҷиҳати рақамикунонии соҳа, омӯзиш ва омодасозии кадрҳои ҷавони самти технологияи рақамӣ дар муҳлати 5 моҳ сохта шудааст. Низоми муосири фаъолият дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълони солҳои 2025-2030, «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» амалӣ шуда, ба тақвияти омодабошии ҷангии воҳидҳои таъйиноти махсус, таъмини амният, мубориза бо терроризм ва ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат мекунад. Дар идомаи боздид ба Роҳбари давлат фаъолияти мустақими мутамаркази навтаъсис дар нуқтаҳои дурдасти кишвар бо истифода аз технологияи нави инноватсионӣ намоиш дода шуд. Ҳоло бо ҳадафи рақамикунонӣ дар сохтори мазкур, татбиқи низоми ягонаи иттилоотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад, ки якчанд намуди модулҳоро дар бар мегирад. Таъсиси замима-барономаи мобилии Вазорати корҳои дохилӣ яке аз модулҳои низоми муосир аст, ки тавассути он, шаҳрвандони кишвар метавонанд маълумоти дурусту саривақтиро дастрас намоянд. Дар робита ба ин, соли 2025 дар сохтори Раёсати қушунҳои дохилӣ, Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, Раёсати воҳидҳои таъйиноти махсус ва Раёсати алоқаи Вазорати корҳои дохилӣ шуъба ва бахшҳои технологияи инноватсионӣ таъсис дода шуд. Дар марказ барои кормандону мутахассисони ҷавон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст, ки бо таҷҳизоти лозима таъмин мебошад. Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо шароити бинову иншооти дигари навсохт шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин мавзеъ барои пешбурди фаъолият ва будубоши хизматчиёни ҳарбӣ, ҳамзамон бинои дуошёнаи маъмурӣ, бинои таълимӣ, бошишгоҳи нигоҳдории техника, истгоҳи мошинҳо, толори варзишӣ, ошхона, ҳаммоми замонавӣ, майдончаҳои футболи хурд ва валейбол, ҳавзи шиноварии тобистона, комплекси машқҳои атлетикӣ, бинои озмоишгоҳи махсус, майдони сафороӣ ва хатти монеаҳои махсус барои машқу тамрин бунёд шудааст, ки ҳамаи он бо таҷҳизоту лавозимот ва инфрасохтори зарурӣ таъмин мебошад. Ҳамаи бинову иншооти навсохти қисми ҳарбии 3502-и Қушунҳои дохилӣ ба системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст аст. Дар ин ҷо, ҳамчунин ба Сарвари давлат фаъолияти намунавии хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ дар соли 2025 муаррифӣ шуд. Тибқи иттилои масъулин соли 2025 аҳли заҳмати хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ тавонистаанд аз заминҳои корам ҳосили хуби меваю сабзавот ва ғалладона ба даст оранд. Хоҷагӣ 370 гектар замини корам, 47 гектар боғу токзор ва 253 оилаи замбури асал дар ихтиёр дорад, ки ҳосили фаровони меваю сабзавот ва полезӣ ба қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои он равона мегардад. Дар хоҷагии ёрирасони Қушунҳои дохилӣ, ҳамзамон 835 сар чорвои калону майда ва 49 сар асп парвариш меёбанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар барои беҳсозии шароити кории хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бинову иншооти замонавӣ бунёд ва дар ин баробар пойгоҳи моддиву техникӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои он пурқувват гардонида мешавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди боздид таъкид намуданд, ки пойдории сулҳу осоиш, суботи сиёсӣ, таъмини зиндагии ороми мардум ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ, ки имрӯз дар кишвар ба назар мерасад, натиҷаи саъю талоши ватандӯстона ва матонату садоқати хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон мебошад.

54913905793_c09d09395e_b
Далее Следующая запись:

Имрӯз дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» оғоз гардид. Дар расми ифтитоҳи он муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар шарикони рушд сухан гуфтанд.ҳадафи Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест -2025» муаррифии имконияти сармоягузории вилояти Хатлон, ҷалби сармояи хориҷӣ, хусусан сармояи мустақим ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят, инчунин тақвияти ҳамкории байниминтақавӣ, дар маҷмуъ баланд бардоштани иқтидори содиротии вилоят ва таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо шарикони рушд мебошад. Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои марбутаи мамлакат гузаронида мешавад. Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» шарикони рушд, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, роҳбарони минтақаҳои кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Қазоқистон, Эрон, Покистон, Чин, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Беларус, Озарбойҷон, Туркия, инчунин доираҳои соҳибкорони ватанию хориҷӣ иштирок доранд. Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» дар ду панел — «Сармоягузорӣ барои рушди устувори минтақаҳо: имконияти рақамикунонӣ, шарикӣ бо бахши хусусӣ ва табдили вилояти Хатлон ба маркази иқтисоди муосир» ва «Аз замин то бозор- рушди занҷираи арзиш дар кишоварзӣ, содирот ва коркарди маҳсулоти маҳаллӣ дар вилояти Хатлон» гузаронида мешавад. Дар онҳо механизмҳои ҷалби сармоя ба кластерҳои агроиндустриалӣ, имконияти сармоягузорӣ ва рақамикунонӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, дар соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаҳои кӯҳии вилоят, саёҳати экотуризм ва маҳсулоти миллӣ, бренд ва рақамикунонии содирот, инфрасохтори логистикӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои нав, ҷалби занон ва ҷавонон ба занҷираи арзиши кишоварзӣ баррасӣ мегарданд. Интизор меравад, ки дар доираи баргузории форуми байналмилалӣ байни ширкату корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расанд. Доираҳои соҳибкорию сармоягузорӣ ва меҳмонону иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2025» ҳамзамон бо фаъолияти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», корхонаҳои саноатии минтақаи Бохтар, Кӯлоб ва Норак шинос гардида, мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлонро тамошо менамоянд.

Hatlon-invest

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Ноябрь 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
« Окт   Дек »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram