10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қисми ҳарбии 3502-и Қушунҳои дохилӣ, ҳамчунин, ба таври фосилавӣ биноҳои нави истиқоматӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва шаҳри Хуҷанд ва ду бинои нави Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва ноҳияи Вахши вилояти Хатлонро ифтитоҳ намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани 3 бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Хуҷанд 240 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили нави истиқоматӣ таъмин шуданд. Тадбири муҳими иҷтимоӣ, ки бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат амалӣ шуд, ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ неруи тоза бахшид. Бинои нави истиқоматӣ дар кӯчаи Садриддин Айнии пойтахт бо тарҳи муосир сохта шуда, аз 5 ошёна ва 32 хонаи 1, 2 ва 3 ҳуҷрагӣ иборат аст. Хизматчиёни ҳарбии ин ниҳоди қудратӣба Сарвари давлат барои таваҷҷуҳу ғамхории ҳамешагияшон ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки баҳри иҷрои масъулиятҳои касбиашон содиқона ва поквиҷдонона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон хизмат менамоянд. Иншооти дуюми истиқоматӣ дар кӯчаи Аҳмади Дониши ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо риояи қоидаҳои меъмориву шаҳрсозӣ бунёд ёфтааст, ки дар он барои зист ва истироҳати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шароити хуб фароҳам шудааст. Бино аз 18 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои таъмини 128 корманди шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо манзили нави зист пешбинӣ гардидааст. Дар доираи корҳои ободонӣ барои кӯдакон ва калонсолон дар назди ин биноҳо айвону нишастгоҳҳо ва майдонҳои хурди бозӣ бунёд шудааст. Бинои истиқоматӣ барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар кӯчаи Ҳаким Карими шаҳри Хуҷанд, ки бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта ба истифода дода шуд, аз 10 ошёна ва 80 хонаи истиқоматӣ иборат мебошад. Корҳои сохтмониро дар ҳар се бинои нав дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд кормандону мутахассисони Раёсати сохтмони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ба анҷом расонидаанд. Биноҳои нави Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ки аз ду ошёна иборат буда, бо тарҳи якхела сохта шудаанд, дорои ҳуҷраҳои корӣ, толори маҷлисӣ, хобгоҳ барои ҳайати шахсӣ, ҳаммом ва дигар иншооти ёрирасон мебошанд. Ҳамчунин биноҳои навсохти Хадамоти оташнишонӣ дар ноҳияҳои болозикр бо таваққуфгоҳ ва дастгоҳу таҷҳизоти лозимаи техникӣ таъмин буда, дар маҷмуъ дар онҳо барои пешбурди фаъолияти кормандон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалисозии иқдоми мазкурро натиҷаи фаъолияти босамари кормандони ин ниҳод арзёбӣ карда, масъулони соҳаро барои дастгирӣ ва беҳсозии шароити кору зиндагии мутахассисони ҷавон вазифадор намуданд. 0
10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қисми ҳарбии 3502-и Қушунҳои дохилӣ, маркази инноватсионии Вазорати корҳои дохилиро бо маҷмуи бинову иншооти хизматӣ ифтитоҳ намуданд. Боздиди Роҳбари давлат аз бинои шуъбаи махсуси зудамали ин қисми ҳарбӣ бо вохурӣ бо ҳайати шахсии ин ниҳод оғоз ёфт. Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамин мавзеъ барои ташкили фаъолияти хизматии кормандони шуъбаи махсуси зудамали қисми ҳарбӣ бинои дуошёна сохта шудааст, ки он аз хобгоҳ, ҳуҷраҳои кориву санитарӣ, ҳуҷраи нигоҳдории аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ, китобхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Бино бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ бо тарҳи муосир бунёд шуда, дар он барои ҳайати шахсӣ ва кормандони шуъбаи махсуси зудамали қисми ҳарбии 3502-и Қушунҳои дохилӣ шароити хуби корӣ ва хизматӣ фароҳам оварда шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни суҳбат ҳайати шахсиро ба муносибати рӯзи касбиашон самимона табрик намуданд ва кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба хизмати софдилона ба Ватан ва истифодаи самараноки шароиту имконоти фароҳамшуда ҳидоят карданд. Зимни боздид аз маркази нави инноватсионии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти кишвар иттилоъ доданд, ки дар марказ мутахассисон пас аз хатми курсҳои омӯзишӣ бо истифода аз хатти нави технологӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти махсус, ҳавопаймоҳои хурди бесарнишин (дрон) ва маҷмуи бесарнишини разведкаи ҳавоиро омода месозанд. Маркази инноватсионии Вазорати корҳои дохилӣ ва маҷмуи иншооти таъйиноти хизмативу маишӣ бо супориши Президенти кишвар ҷиҳати рақамикунонии соҳа, омӯзиш ва омодасозии кадрҳои ҷавони самти технологияи рақамӣ дар муҳлати 5 моҳ сохта шудааст. Низоми муосири фаъолият дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълони солҳои 2025-2030, «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» амалӣ шуда, ба тақвияти омодабошии ҷангии воҳидҳои таъйиноти махсус, таъмини амният, мубориза бо терроризм ва ошкору пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат мекунад. Дар идомаи боздид ба Роҳбари давлат фаъолияти мустақими мутамаркази навтаъсис дар нуқтаҳои дурдасти кишвар бо истифода аз технологияи нави инноватсионӣ намоиш дода шуд. Ҳоло бо ҳадафи рақамикунонӣ дар сохтори мазкур, татбиқи низоми ягонаи иттилоотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад, ки якчанд намуди модулҳоро дар бар мегирад. Таъсиси замима-барономаи мобилии Вазорати корҳои дохилӣ яке аз модулҳои низоми муосир аст, ки тавассути он, шаҳрвандони кишвар метавонанд маълумоти дурусту саривақтиро дастрас намоянд. Дар робита ба ин, соли 2025 дар сохтори Раёсати қушунҳои дохилӣ, Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, Раёсати воҳидҳои таъйиноти махсус ва Раёсати алоқаи Вазорати корҳои дохилӣ шуъба ва бахшҳои технологияи инноватсионӣ таъсис дода шуд. Дар марказ барои кормандону мутахассисони ҷавон шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст, ки бо таҷҳизоти лозима таъмин мебошад. Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо шароити бинову иншооти дигари навсохт шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин мавзеъ барои пешбурди фаъолият ва будубоши хизматчиёни ҳарбӣ, ҳамзамон бинои дуошёнаи маъмурӣ, бинои таълимӣ, бошишгоҳи нигоҳдории техника, истгоҳи мошинҳо, толори варзишӣ, ошхона, ҳаммоми замонавӣ, майдончаҳои футболи хурд ва валейбол, ҳавзи шиноварии тобистона, комплекси машқҳои атлетикӣ, бинои озмоишгоҳи махсус, майдони сафороӣ ва хатти монеаҳои махсус барои машқу тамрин бунёд шудааст, ки ҳамаи он бо таҷҳизоту лавозимот ва инфрасохтори зарурӣ таъмин мебошад. Ҳамаи бинову иншооти навсохти қисми ҳарбии 3502-и Қушунҳои дохилӣ ба системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст аст. Дар ин ҷо, ҳамчунин ба Сарвари давлат фаъолияти намунавии хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ дар соли 2025 муаррифӣ шуд. Тибқи иттилои масъулин соли 2025 аҳли заҳмати хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ тавонистаанд аз заминҳои корам ҳосили хуби меваю сабзавот ва ғалладона ба даст оранд. Хоҷагӣ 370 гектар замини корам, 47 гектар боғу токзор ва 253 оилаи замбури асал дар ихтиёр дорад, ки ҳосили фаровони меваю сабзавот ва полезӣ ба қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои он равона мегардад. Дар хоҷагии ёрирасони Қушунҳои дохилӣ, ҳамзамон 835 сар чорвои калону майда ва 49 сар асп парвариш меёбанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар барои беҳсозии шароити кории хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бинову иншооти замонавӣ бунёд ва дар ин баробар пойгоҳи моддиву техникӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои он пурқувват гардонида мешавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди боздид таъкид намуданд, ки пойдории сулҳу осоиш, суботи сиёсӣ, таъмини зиндагии ороми мардум ва вусъати корҳои ободониву созандагӣ, ки имрӯз дар кишвар ба назар мерасад, натиҷаи саъю талоши ватандӯстона ва матонату садоқати хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон мебошад. 0
10 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе бинои нави шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Синоро ба истифода доданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамгардида шинос шуда, бо ҳайати шахсии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии 1-и ноҳияи Сино суҳбат намуданд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бино аз таҳхона ва панҷ ошёна иборат буда, дорои 64 ҳуҷраи корӣ мебошад. Он мувофиқи талаботи хизматӣ ва бо шароити мусоиди корӣ сохта шудааст. Маҷлисгоҳи васеи бино дорои 240 ҷойи нишаст буда, барои баргузорсозии ҷаласаҳои корӣ ва машғулиятҳои соҳавӣ пурра муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Синфхонаҳо ва толорҳои таълимии бино бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошанд. Дар ин ҷо навъҳои гуногуни дастгоҳҳои соҳавӣ, яроқу аслиҳа, воситаҳои алоқа ва дигар лавозимоти корӣ ҷой дода шудааст. Барои кормандон китобхонаи замонавӣ низ фаъолият мекунад. Ҳамчунин ҳангоми корҳои сохтмонӣ ба ободонии гирду атроф таваҷҷуҳи махсус дода шуда, дар саҳни бино майдони сафороӣ, таваққуфгоҳ барои мошинҳои хизматӣ ва дигар иншооти ёрирасон низ бунёд гардидааст. Зимни суҳбат бо ҳайати шахсӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки кормандон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, дониш ва малакаи худро баланд бардоранд ва барои пешгирӣ аз ҳар гуна ҳолатҳои ногаҳонӣ омода бошанд. Бунёди чунин бинои замонавӣ ва таъмин намудани он бо таҷҳизоти муосир имкон медиҳад, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вазифаҳои худро боз ҳам беҳтар ва бо масъулияти баланд иҷро намоянд. Дар охир ба шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ 1 дар ноҳияи Сино як зумра нақлиёти нави хизматӣ супурда шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандон дастур доданд, ки ба Ватан содиқона хизмат намуда, дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва таҳкими асосҳои давлатдории миллӣ саҳми арзанда гузоранд. 0
6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Вашингтон дар зиёфати кории Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” (С5+1) иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари кишвари мизбон Доналд Трамп барои даъват ва пазироии самимӣ изҳори сипос карда, доир ба зарурат ва роҳҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико андешаронӣ намуданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва амнияти пойдорро “заминаи бунёдии ҳама гуна робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ” арзёбӣ намуданд. Дар идомаи сухан ба тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол миёни кишварҳо ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои ояндадори Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Бинобар захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва мавқеи географиии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷониби моро бо дигар шарикон дар тавсеаи ҳамкорӣ оид ба таҳкими соҳаи “энергияи сабз” ва интиқоли он ба кишварҳои ҳамсоя таъкид намуданд. Таъкид карда шуд, ки дар кишвари мо, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда, ба рушди соҳаҳои гуногуни саноат ва энергетика, бахусус афзоиши иқтидорҳои тавлидоти нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда, аҳаммияти хосса зоҳир карда мешавад. Дар ин зимн алоқамандии Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳо бо шарикони байналмилалӣ дар ин самтҳо иброз гардид. Сармоягузорӣ ба истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок низ, аз ҷумлаи самтҳои ояндадори иқтисоди Тоҷикистон номида шуд. Дар фароварди сухан иброз гардид, ки Тоҷикистон ба инобати иқтидори иқтисодии худ, метавонад тавассути густариши ҳамкорию ҳамёрӣ дар таҳкими занҷираҳои устувори истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ мавқеи назаррас дошта бошад. 0
6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши дуюм дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” (С5+1) дар шаҳри Вашингтон бо Президенти ИМА муҳтарам Доналд Трамп мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар баррасӣ шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Президенти ИМА барои даъват ва пазироии гарм арзи сипос намуданд. Сарвари давлати мо дар идомаи суҳбат ба аҳаммияти таъмини сулҳ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ишора намуда, пойдории амну суботро заминаи бебаҳо барои рушди устувори ҳамаи кишварҳои дунё арзёбӣ намуданд. Зимни баррасии робитаҳои дуҷониба таваҷҷуҳи зиёд ба таҳким ва густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид. Зикр гардид, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 70 ширкат бо иштироки сармояи амрикоӣ фаъолият доранд. Бо ёдоварӣ аз ҷараён ва натиҷаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи саноати Тоҷикистон, аз ҷумла барои истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, бахусус фулузоти нодир, густариши чунин робитаҳо ба манфиати кор арзёбӣ шуд. Таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашуда барои таҳким ва густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории судовар миёни ду кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, илму техника, зеҳни сунъи ва технологияҳои муосир хеле зиёд аст. Баррасии масоили вобаста ба мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, ба мисли терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, аз бахшҳои муҳими суҳбат буд. Табодули судбахши андеша, ҳамчунин, атрофи дигар масоили минтақавию ҷаҳонӣ сурат гирифт. 0
6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Вашингтон шуданд. Дар фурудгоҳи ҳарбии Эндрюси шаҳри Вашингтон меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос Муовини якуми Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау, Ёвари Котиби давлатӣ Пол Капур, Муовини роҳбари Протоколи ИМА Эбби Ҷонс ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд. Хотиррасон бояд намуд, ки сафари кории Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вашингтон бо даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Трамп сурат мегирад. Дар ин ҷо Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» ва дигар чорабиниҳои муҳим баргузор мегарданд. Дар иқоматгоҳи муваққатӣ дар шаҳри Вашингтон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро як гурӯҳ шаҳрвандони Тоҷикистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. 0
5 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Трамп барои иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» аз шаҳри Давҳа ба Вашингтон сафар карданд. 0
4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳаи Қатар дар ҳошияи ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ як зумра масоили вобаста ба рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд. Зимнан аз мунтазамии мулоқотҳои сатҳи олию баланд ва натиҷаҳои онҳо, ки бозгӯй аз ҳамкории ҳамаҷониба ва шарикии стратегии ду кишвар арзёбӣ мегардад, изҳори қаноат карда шуд. Барои таҳким ва густариши ҳамкории судманд таъсиси Шӯрои муколамаи стратегӣ ва бештар фаъол шудани дигар абзорҳои дуҷониба зарур дониста шуд. Бо ишора ба имкону захираҳои васеъ барои афзун намудани нишондодҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ таъкид гардид, ки ниҳодҳои дахлдори ду кишвар аз ин зарфиятҳо бояд ҳамаҷониба истифода намоянд. Тақвияти ҳамкории байнипарлумонӣ, аз ҷумла фаъолияти Гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ, ҳам ба манфиати кор арзёбӣ гардид. 0
4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ мулоқот намуданд. Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат аз ҷараёни рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қатар изҳори қаноат намуданд. Ба густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар бахшҳои энергетика, саноат, истихроҷу коркарди маъданҳо, ва кишоварзӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Иштироки сармояи қатарӣ дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва тавлиди нерӯи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда муҳим дониста шуд. Таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳанг, илму маориф ва сайёҳӣ аз мавзуоти дигари суҳбат буд. Ба ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҳамкории Исломӣ, баҳои баланд дода шуд. Иброз гардид, ки Тоҷикистон аз иқдомҳои миёнаравии Давлати Қатар дар масоили ба эътидол овардани авзоъ дар Ховари Миёна ва хосатан дар Навори Ғазза, ҷонибдорӣ менамояд. Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин, доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо сурат гирифт. 0
4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Давлати Қатар шаҳри Давҳа дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки некуаҳволии иҷтимоӣ заминаи муҳимми таҳкими сулҳу суботи фарогир ва рушди устувор мебошад. Таъкид гардид, ки қабул ва татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 идомаи талошҳои кишвари мо дар ин ҷода мебошад. Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҳоло дар Тоҷикистон 8 барномаи давлатӣ ва 3 стратегияи дарозмуддат дар соҳаи маориф татбиқ шуда истодааст, ки ин ҳам барои рушди соҳаи иҷтимоӣ аҳамияти калидӣ дорад. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини фаъолияти босамари муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар заминаи татбиқи барномаву стратегияҳои қабулшуда, ки бо Ҳадафҳои Рушди Устувор ҳамоҳанг мебошанд, кишвари мо ба таҳкими сармояи инсонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Изҳор гардид, ки дар Тоҷикистон тайи 2 даҳсолаи охир дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ беш аз 4 миллион ҷойи корӣ таъсис ва барқарор гардидааст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, оид ба ҳамбастагии рушди иҷтимоӣ ва устувории муҳити зист дар Тоҷикистон андешаронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки кишвари мо бо мақсади таъмини некуаҳволии мардум дар самти муқовимат ба тағйирёбии иқлим пайваста чораҷӯӣ менамояд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “мо зарурати андешидани чораҳои ҷиддиро барои беҳтар намудани дастрасии кишварҳои осебпазир ба манбаъҳои молиявӣ ва таъмини маблағгузории устувор, алалхусус барои хизматрасониҳои иҷтимоӣ, таҳкими сармояи инсонӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таъкид менамоем”. Сарвари давлати мо доир ба масоили гузариш ба иқтисоди “сабз” ва энергияи “сабз”, ба истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои мухталифи Тоҷикистон низ андешаронӣ намуданд. Зимнан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милал зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” бо ибтикори Тоҷикистон ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки қатъномаи мазкур метавонад дар дастрасӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи мо нақши муассир дошта бошад. Дар фароварди сухан Сарвари давлати мо зарур донистанд, ки бо муттаҳид намудани талошҳо шароити одилонаи рушди иҷтимоӣ барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва кулли мардумони ҷаҳон фароҳам оварда шавад. Таъкид намуданд, ки ба рушди иҷтимоӣ ҳамчун яке аз бахшҳои калидии Ҳадафҳои Рушди Устувор якдилона ва бо иродаи муштарак таваҷҷуҳи хос бояд зоҳир гардад. 0