6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Вашингтон дар зиёфати кории Ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” (С5+1) иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари кишвари мизбон Доналд Трамп барои даъват ва пазироии самимӣ изҳори сипос карда, доир ба зарурат ва роҳҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико андешаронӣ намуданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва амнияти пойдорро “заминаи бунёдии ҳама гуна робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ” арзёбӣ намуданд. Дар идомаи сухан ба тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол миёни кишварҳо ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои ояндадори Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Бинобар захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва мавқеи географиии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷониби моро бо дигар шарикон дар тавсеаи ҳамкорӣ оид ба таҳкими соҳаи “энергияи сабз” ва интиқоли он ба кишварҳои ҳамсоя таъкид намуданд. Таъкид карда шуд, ки дар кишвари мо, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда, ба рушди соҳаҳои гуногуни саноат ва энергетика, бахусус афзоиши иқтидорҳои тавлидоти нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда, аҳаммияти хосса зоҳир карда мешавад. Дар ин зимн алоқамандии Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳо бо шарикони байналмилалӣ дар ин самтҳо иброз гардид. Сармоягузорӣ ба истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок низ, аз ҷумлаи самтҳои ояндадори иқтисоди Тоҷикистон номида шуд. Дар фароварди сухан иброз гардид, ки Тоҷикистон ба инобати иқтидори иқтисодии худ, метавонад тавассути густариши ҳамкорию ҳамёрӣ дар таҳкими занҷираҳои устувори истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ мавқеи назаррас дошта бошад. Навигация записи Назад Предыдущая запись: Дар шаҳри Вашингтон мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Дафтари кор бо Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Пол Капур баргузор гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар самтҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, инчунин масъалаҳои нишасти сарони давлатҳо дар сиғаи C5+1 дар Вашингтон баррасӣ намуданд.Далее Следующая запись: 6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши дуюм дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” (С5+1) дар шаҳри Вашингтон бо Президенти ИМА муҳтарам Доналд Трамп мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар баррасӣ шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Президенти ИМА барои даъват ва пазироии гарм арзи сипос намуданд. Сарвари давлати мо дар идомаи суҳбат ба аҳаммияти таъмини сулҳ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ишора намуда, пойдории амну суботро заминаи бебаҳо барои рушди устувори ҳамаи кишварҳои дунё арзёбӣ намуданд. 6 ноября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в Вашингтоне встретился с Президентом Соединённых Штатов Америки уважаемым Дональдом Трампом в рамках второго саммита «Центральная Азия – США» (С5+1). На встрече обсуждался широкий круг вопросов, касающихся текущего состояния и перспектив отношений сотрудничества между двумя странами. Президент нашей страны, в начале беседы, поблагодарил Президента Соединённых Штатов за приглашение и тёплый приём. В ходе беседы Глава нашего государства, отметил важность обеспечения мира, что является бесценной основой для устойчивого развития всех стран.