Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

БОЗ ЯК ХАБАРИ ХУШ! Дар иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО 1050-солагии Робияи Балхӣ ба Феҳристи бузургдоштҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2026-2027 ворид карда шуд. Бояд таъкид намуд, ки ҷашни солгарди шоири шинохтаи тоҷик Робияи Балхӣ, ки ҳамзамони Рӯдакӣ буду дар даврони Сомониён зиндагӣ мекард, дар арсаи байналмилалӣ аз таърих ва фарҳанги бойи миллати тоҷик шаҳодат медиҳад. Ин воқеаи фарҳангии басо муҳиму ифтихорманд аст, ки боз як нобиғаи сухан Робияи Балхӣ, бонуи шеъру зебоӣ ва рамзи андешаи озод, ба феҳристи бузургдошти ЮНЕСКО ворид гардид. Ин иқдоми арзишманд шинохти ҷаҳонии адабиёти тоҷику форс буда, нишони эҳтироми ҷомеаи байналмилалӣ ба нақши зан дар рушди тамаддуни башар мебошад. Ворид шудани номи Робияи Балхӣ ба ин феҳрист гувоҳи он аст, ки адабиёт ва фарҳанги тоҷик бо решаҳои амиқи таърихӣ ва паёми инсондӯстонааш имрӯз низ дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи шоиста дорад. Ин тасмим натиҷаи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки пайваста барои муаррифии чеҳраҳои барҷастаи илму адаб ва баланд бардоштани обрӯву эътибори фарҳанги тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ талош меварзанд. Робиаи Балхӣ аввалин зани суханвар дар таърихи адабиёти форсу тоҷик шинохта шудааст. Тавре аз сарчашмаҳо бармеояд, аксари шоирони замони Сомониён соҳибдевон буданд. Эҳтимол Робиа низ девони худро бо забонҳои форсӣ ва арабӣ мураттаб кардааст, вале, мутассифона, он то замони мо нарасидааст. Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт, Чаман ранги «Аржанг»-и Моно гирифт. Сабо нофаи мушки Тиббат надошт, Ҷаҳон бӯйи мушк аз чӣ маъно гирифт?! Магар чашми Маҷнун ба абр — андар аст, Ки гул ранги рухсори Лайло гирифт. Ҳаме монад андар ақиқин қадаҳ Сиришке, ки дар лола маъво гирифт. Қадаҳ гир чандею дунё магир, Ки бадбахт шуд, он ки дунё гирифт. Сари наргиси тоза аз зарру сим Нишони сари тоҷи Кисро гирифт. Чу руҳбон шуд андар либоси кабуд Бунафша, магар дини тарсо гирифт?!

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши дуюм дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” (С5+1) дар шаҳри Вашингтон бо Президенти ИМА муҳтарам Доналд Трамп мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар баррасӣ шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Президенти ИМА барои даъват ва пазироии гарм арзи сипос намуданд. Сарвари давлати мо дар идомаи суҳбат ба аҳаммияти таъмини сулҳ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ишора намуда, пойдории амну суботро заминаи бебаҳо барои рушди устувори ҳамаи кишварҳои дунё арзёбӣ намуданд. 6 ноября Президент Республики Таджикистан, Лидер нации уважаемый Эмомали Рахмон в Вашингтоне встретился с Президентом Соединённых Штатов Америки уважаемым Дональдом Трампом в рамках второго саммита «Центральная Азия – США» (С5+1). На встрече обсуждался широкий круг вопросов, касающихся текущего состояния и перспектив отношений сотрудничества между двумя странами. Президент нашей страны, в начале беседы, поблагодарил Президента Соединённых Штатов за приглашение и тёплый приём. В ходе беседы Глава нашего государства, отметил важность обеспечения мира, что является бесценной основой для устойчивого развития всех стран.

577532231_122155229252949321_7392626978711428995_n
Далее Следующая запись:

3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои барои таъин ба вазифаҳои ҳайати роҳбарикунандаи Прокуратураи генералӣ, Вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва Хадамоти алоқа пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Зимнан сардорони якчанд раёсати Прокуратураи генералӣ, прокуророни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва прокуророни шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуросон, Балҷувон, Шаҳритус, Зафаробод, Спитамен, Деваштич, Рашт, Файзобод, прокурори ҳарбии гарнизони Рашт аз ҳисоби кадрҳои ҷавону кордон ва соҳиби таҷрибаву собиқаи корӣ дар мақомот таъин карда шуданд. Бо қарорҳои Ҳукумати кишвар директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, муовини вазири энергетика ва захираҳои об, муовини якум ва муовинони сардори Хадамоти алоқа, раиси комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок, ректорони Донишгоҳи Славянии Тоҷикистон-Россия, Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа Нуъмон Ибни Собит аз ҳисоби мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир таъин гардиданд. Прокурори вилояти Хатлон Назарзода Аваз бинобар сабаби риоя накардани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳавӣ ва содир намудани кирдоре, ки шаъну шарафи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқро паст мезанад, аз вазифа озод ва аз мақомоти Прокуратура хориҷ карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти давлатӣ таъиншуда таъкид намуданд, ки вазифаи асосии онҳо, пеш аз ҳама таъмини волоияти қонун, амну субот, ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва омода намудани мутахассисони варзидаву забондон мебошад. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки вазифаҳои хизматии худро дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ба роҳ монанд.

54898760435_b561aa2057_b

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Ноябрь 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
« Окт   Дек »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram