Ноҳияи Балҷувон дар домани кӯҳҳои зебоманзари вилояти Хатлон ҷойгир буда, имрӯз ба яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Табиати нотакрор, таърихи куҳан, муҳити зисти нодир ва меҳмоннавозии мардуми ин минтақа боис гардидааст, ки таваҷҷуҳи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ба ин ноҳия сол то сол зиёд гардад. Тавре аз шуъбари рушди сайёҳии минтақаи Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, танҳо дар нуҳ моҳи соли равон табибати дилфиреби ноҳияи Балҷувонро 45 ҳазору 663 нафар сайёҳони дохилию хориҷи тамошо кардаанд, ки аз ин шумора 520 нафари онро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳад. Ёдовар мешавем, ки соли 2001 Ҳукумати Тоҷикистон ҳудуди ноҳияи Балҷувонро Минтақаи байналмилалии сайёҳӣ эълон намуд. Тобистони соли 2002 «Барномаи комплексии рушди ноҳияи Балҷувон барои солҳои 2002-2012» ҳамчун минтақаи туризми байналмилалӣ қабул гардид, ки дар ин Барнома тадбирҳо оид ба рушд ва истифодаи иқтидори сайёҳии ноҳия мушаххас гардиданд. Дар натиҷа, дар доираи татбиқи ин Барнома дар ноҳия се меҳмонхонаи сеситорадор, пойгоҳи сайёҳӣ, маркази солимгардонӣ ва осорхонаи кишваршиносӣ бунёд карда шуданд. Айни замон дар ноҳия 7 меҳмонхона, 5 мавзеъи сайёҳӣ 4 осорхона, 3 ширкати сайёҳӣ, 37 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, 4 зиёратгоҳ ва 2 боғи фарҳангию фароғатӣ барои сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд. Воқеан ҳам, Балҷувон бо манзараҳои зебои табиӣ, обҳои софу зулол, чашмаҳои шифобахш ва кӯҳҳои баландаш шинохта мешавад. Минтақаи Сари Хосор, ки аз зеботарин мавзеъҳои ин ноҳия ба ҳисоб меравад, дорои шаршараҳои табиӣ, дараҳои сабз ва кӯҳҳои дилфиреб буда, ҳамасола садҳо сайёҳро аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ҷалб менамояд. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, дар ҳудуди ноҳия беш аз 200 чашмаи оби тоза ва табиӣ мавҷуд аст, ки бархе аз онҳо дорои хусусиятҳои табобатӣ мебошанд. Дар баробари ин, гуногунии набототу ҳайвонот, ҳавои тоза ва муҳити орому хушманзар имконият медиҳанд, ки Балҷувон ба маркази сайёҳии экологӣ табдил ёбад. Балҷувон на танҳо бо табиати дилфиреб, балки бо таърихи бостонии худ маъруф аст. Дар ин минтақа осори қадима, аз ҷумла қалъаҳо, осори маданӣ ва ҷойҳои муқаддас ҳифз шудаанд, ки гувоҳи зиндагии қадимаи тоҷикон дар ин сарзамин мебошанд. Маҳз ҳамин омилҳо рушди сайёҳии таърихӣ ва фарҳангиро дар ноҳия тақвият мебахшанд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ, солҳои охир дар Балҷувон корҳои зиёде амалӣ шудаанд. Беҳтар намудани роҳҳои автомобилгард, бунёди нуқтаҳои хизматрасонӣ ва марказҳои иттилоотӣ барои сайёҳон аз ҷумлаи корҳои ободонию созандагӣ дар рушди соҳаи сайёҳи ба шумор мераванд.

  • Ноя, Вс, 2025