Дар доираи истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод беш аз 16 километр роҳҳои маҳаллӣ ҳамвор ва мумфарш гардонида шуданд. Дар назар аст, ки то соли 2026 24 километр роҳ пурра таъмиру навсозӣ гардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод хабар доданд. То имрӯз дар бештари ҷамоатҳои ноҳия роҳҳои маҳаллӣ мумфарш гардида, вазъи роҳу нақлиёт назар ба солҳои гузашта беҳтар шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, ки «роҳу пул бунёд намудан аз ҷумлаи амалҳои неку созанда ба шумор рафта, роҳҳои тибқи меъёрҳои шаҳрсозӣ бунёдгардида даҳсолаҳо ба насли имрӯзу фардои миллат хизмат менамоянд». Дар деҳоти Тутиён мумфаршкунии роҳҳо идома дорад. Инчунин роҳҳои деҳаи Ободон ва Кулдамон низ пурра мумфарш карда шудааст, ки имкони ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт таъмин гардид. Сокинони деҳа изҳор намуданд, ки дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакатро ҳама вақт эҳсос менамоянд. Онҳо барои амалӣ кардани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имконияти мавҷуда истифода бурда, дар ободу зебо намудани ҳар маҳалла ва деҳаю кӯча саҳм мегузоранд.

  • Ноя, Вс, 2025