Бо мақсади ба шаҳри «сабз» табдил додани пойтахт дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар мавсими нави ниҳолшинонӣ- тирамоҳи соли 2025 дар ҳудуди пойтахт 3 миллиону 999 ҳазору 630 дона гули лола шинонида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд. Бояд иброз намуд, ки талошу тадбирҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аз ҳидояту роҳнамоиҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба сабзкорию ободгардонӣ, гулзору гулпӯшгардонии мамлакат сарчашма гирифта, имрӯз ин иқдомро ҳама пиру ҷавони кишвар вазифаи хеш дониста, пайи анҷом додани он талош менамоянд. Ёдовар мешавем, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, аз соли 2019 то инҷониб дар тамоми мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» гузаронида мешавад. Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи рушди маҳал мукофотонида мешаванд. Барои баргузории Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» Кумитаи рушди маҳал, вазоратҳои кишоварзӣ, фарҳанг, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии хоҷагии ҷангал, кумитаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, телевизион ва радио, рушди сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, иттифоқи нависандагон, дизайнерон ва рассомон вазифадор гардидаанд. Тибқи иттилои таърихшиносон, нақши гули лола дар қадимтарин осори бостонии миллати тоҷик ба назар мерасад. Қадимӣ будани нақши лола дар мӯҳрҳои сангӣ ва биринҷие, ки сабт шудаанд, беш аз 20 аср пеш аз мелодиро ташкил медиҳад. Дар асрҳои 3-5 мелодӣ нақши гули лола дар зарфҳои нуқрагин ва муҳрҳо бо се гулбарг ба тасвир кашида шудааст. Навигация записи Назад Предыдущая запись: Дар доираи истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод беш аз 16 километр роҳҳои маҳаллӣ ҳамвор ва мумфарш гардонида шуданд. Дар назар аст, ки то соли 2026 24 километр роҳ пурра таъмиру навсозӣ гардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод хабар доданд. То имрӯз дар бештари ҷамоатҳои ноҳия роҳҳои маҳаллӣ мумфарш гардида, вазъи роҳу нақлиёт назар ба солҳои гузашта беҳтар шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, ки «роҳу пул бунёд намудан аз ҷумлаи амалҳои неку созанда ба шумор рафта, роҳҳои тибқи меъёрҳои шаҳрсозӣ бунёдгардида даҳсолаҳо ба насли имрӯзу фардои миллат хизмат менамоянд». Дар деҳоти Тутиён мумфаршкунии роҳҳо идома дорад. Инчунин роҳҳои деҳаи Ободон ва Кулдамон низ пурра мумфарш карда шудааст, ки имкони ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт таъмин гардид. Сокинони деҳа изҳор намуданд, ки дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакатро ҳама вақт эҳсос менамоянд. Онҳо барои амалӣ кардани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имконияти мавҷуда истифода бурда, дар ободу зебо намудани ҳар маҳалла ва деҳаю кӯча саҳм мегузоранд.Далее Следующая запись: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳӣ борон меборад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар медиҳад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳӣ борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Дар ноҳияҳои алоҳида хокбориш ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 12-17 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 6+8 дараҷа ва рӯзона 18+20 дараҷа гарм мешавад.