Бо мақсади ба шаҳри «сабз» табдил додани пойтахт дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар мавсими нави ниҳолшинонӣ- тирамоҳи соли 2025 дар ҳудуди пойтахт 3 миллиону 999 ҳазору 630 дона гули лола шинонида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд. Бояд иброз намуд, ки талошу тадбирҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе аз ҳидояту роҳнамоиҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба сабзкорию ободгардонӣ, гулзору гулпӯшгардонии мамлакат сарчашма гирифта, имрӯз ин иқдомро ҳама пиру ҷавони кишвар вазифаи хеш дониста, пайи анҷом додани он талош менамоянд. Ёдовар мешавем, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, аз соли 2019 то инҷониб дар тамоми мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» гузаронида мешавад. Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи рушди маҳал мукофотонида мешаванд. Барои баргузории Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» Кумитаи рушди маҳал, вазоратҳои кишоварзӣ, фарҳанг, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии хоҷагии ҷангал, кумитаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, телевизион ва радио, рушди сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, иттифоқи нависандагон, дизайнерон ва рассомон вазифадор гардидаанд. Тибқи иттилои таърихшиносон, нақши гули лола дар қадимтарин осори бостонии миллати тоҷик ба назар мерасад. Қадимӣ будани нақши лола дар мӯҳрҳои сангӣ ва биринҷие, ки сабт шудаанд, беш аз 20 аср пеш аз мелодиро ташкил медиҳад. Дар асрҳои 3-5 мелодӣ нақши гули лола дар зарфҳои нуқрагин ва муҳрҳо бо се гулбарг ба тасвир кашида шудааст. 0
Дар доираи истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод беш аз 16 километр роҳҳои маҳаллӣ ҳамвор ва мумфарш гардонида шуданд. Дар назар аст, ки то соли 2026 24 километр роҳ пурра таъмиру навсозӣ гардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод хабар доданд. То имрӯз дар бештари ҷамоатҳои ноҳия роҳҳои маҳаллӣ мумфарш гардида, вазъи роҳу нақлиёт назар ба солҳои гузашта беҳтар шудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, ки «роҳу пул бунёд намудан аз ҷумлаи амалҳои неку созанда ба шумор рафта, роҳҳои тибқи меъёрҳои шаҳрсозӣ бунёдгардида даҳсолаҳо ба насли имрӯзу фардои миллат хизмат менамоянд». Дар деҳоти Тутиён мумфаршкунии роҳҳо идома дорад. Инчунин роҳҳои деҳаи Ободон ва Кулдамон низ пурра мумфарш карда шудааст, ки имкони ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт таъмин гардид. Сокинони деҳа изҳор намуданд, ки дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакатро ҳама вақт эҳсос менамоянд. Онҳо барои амалӣ кардани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имконияти мавҷуда истифода бурда, дар ободу зебо намудани ҳар маҳалла ва деҳаю кӯча саҳм мегузоранд. 0
Ноҳияи Балҷувон дар домани кӯҳҳои зебоманзари вилояти Хатлон ҷойгир буда, имрӯз ба яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Табиати нотакрор, таърихи куҳан, муҳити зисти нодир ва меҳмоннавозии мардуми ин минтақа боис гардидааст, ки таваҷҷуҳи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ба ин ноҳия сол то сол зиёд гардад. Тавре аз шуъбари рушди сайёҳии минтақаи Кӯлоб ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, танҳо дар нуҳ моҳи соли равон табибати дилфиреби ноҳияи Балҷувонро 45 ҳазору 663 нафар сайёҳони дохилию хориҷи тамошо кардаанд, ки аз ин шумора 520 нафари онро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳад. Ёдовар мешавем, ки соли 2001 Ҳукумати Тоҷикистон ҳудуди ноҳияи Балҷувонро Минтақаи байналмилалии сайёҳӣ эълон намуд. Тобистони соли 2002 «Барномаи комплексии рушди ноҳияи Балҷувон барои солҳои 2002-2012» ҳамчун минтақаи туризми байналмилалӣ қабул гардид, ки дар ин Барнома тадбирҳо оид ба рушд ва истифодаи иқтидори сайёҳии ноҳия мушаххас гардиданд. Дар натиҷа, дар доираи татбиқи ин Барнома дар ноҳия се меҳмонхонаи сеситорадор, пойгоҳи сайёҳӣ, маркази солимгардонӣ ва осорхонаи кишваршиносӣ бунёд карда шуданд. Айни замон дар ноҳия 7 меҳмонхона, 5 мавзеъи сайёҳӣ 4 осорхона, 3 ширкати сайёҳӣ, 37 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, 4 зиёратгоҳ ва 2 боғи фарҳангию фароғатӣ барои сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд. Воқеан ҳам, Балҷувон бо манзараҳои зебои табиӣ, обҳои софу зулол, чашмаҳои шифобахш ва кӯҳҳои баландаш шинохта мешавад. Минтақаи Сари Хосор, ки аз зеботарин мавзеъҳои ин ноҳия ба ҳисоб меравад, дорои шаршараҳои табиӣ, дараҳои сабз ва кӯҳҳои дилфиреб буда, ҳамасола садҳо сайёҳро аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ҷалб менамояд. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, дар ҳудуди ноҳия беш аз 200 чашмаи оби тоза ва табиӣ мавҷуд аст, ки бархе аз онҳо дорои хусусиятҳои табобатӣ мебошанд. Дар баробари ин, гуногунии набототу ҳайвонот, ҳавои тоза ва муҳити орому хушманзар имконият медиҳанд, ки Балҷувон ба маркази сайёҳии экологӣ табдил ёбад. Балҷувон на танҳо бо табиати дилфиреб, балки бо таърихи бостонии худ маъруф аст. Дар ин минтақа осори қадима, аз ҷумла қалъаҳо, осори маданӣ ва ҷойҳои муқаддас ҳифз шудаанд, ки гувоҳи зиндагии қадимаи тоҷикон дар ин сарзамин мебошанд. Маҳз ҳамин омилҳо рушди сайёҳии таърихӣ ва фарҳангиро дар ноҳия тақвият мебахшанд. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ, солҳои охир дар Балҷувон корҳои зиёде амалӣ шудаанд. Беҳтар намудани роҳҳои автомобилгард, бунёди нуқтаҳои хизматрасонӣ ва марказҳои иттилоотӣ барои сайёҳон аз ҷумлаи корҳои ободонию созандагӣ дар рушди соҳаи сайёҳи ба шумор мераванд. 0