Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, аз 2 то 5 ноябр дар мамлакат ҳаво номусоид шуда, борон ва барф пешгӯӣ мешавад. Сабаби якбора сард шудани ҳаво воридшавии анбӯҳи ҳавои сард дар ҷумҳурӣ мебошад. Рӯзҳои 3 ва 4 ноябр бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сард дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид шуда, дар бештари ноҳияҳо бориши борон, дар баландиҳои зиёда аз ҳазор метр аз сатҳи баҳр бориши борон бо гузариш ба барф дар назар аст. Инчунин дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Дар ноҳияҳои водию доманакӯҳӣ пастшавии ҳарорати ҳаво то 9-11 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Аз 2 то 5 ноябр дар минтақаҳои доманакӯҳию кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд, ноҳияҳои доманакӯҳии вилояти Хатлон ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабаби бориши борон омадани сел аз эҳтимол дур нест. Тибқи иттилои манбаъ, аз 3 то 5 ноябр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва 3 ноябр дар шаҳру ноҳияҳои шимолии вилояти Суғд бо сабаби омилҳои метеорологӣ хокборише, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ, шимолу-ғарбӣ ба мамлкат ворид мегардад, баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон то 10мкр (Рм-10) ва зарачаҳои андозаашон то 2,5мкр (Рм-2,5) дар назар аст.

  • Ноя, Сб, 2025