Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки 13 оилаи ҳунарманди ҷумҳурӣ ва оилаҳои ҳунарманди вилояти Хатлон Форуми ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» баргузор шуд. Форум бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб бо мақсади таъмини иштироки фаъоли ҳунармандони ҷумҳурӣ дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа дар доираи иҷрои нақшаи амали «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2026» гузаронида шуд. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода изҳор дошт, ки дар шароите, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи мустақилонаи тараққиётро пеш гирифта, дар марҳилаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандии адолатпеша қарор дорад, бунёди хонаводаи солеҳ, тарбияи комилу солими насли он ва таъсиси ҷомеаи ҳуқуқбунёд ба манфиат хоҳад буд. «Имрӯз зарурат пеш омадааст, ки ҳар як аъзои оила дар баробари соҳибмаълумот будан, соҳибикасбу ҳунарманд бошад. Агар ин аз як ҷиҳат василаи зиёд гардидани теъдоди оилаҳои ҳунарманд дар қаламрави ҷумҳурӣ бошад, аз тарафи дигар ба ғанӣ намудани буҷаи оила ва таъмини пурраи иқтисодиёту иҷтимоиёти оила мусоидат мекунад», – баён дошт Бунафша Файзиддинзода. Таъкид гардид, ки маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона тавассути соҳибкасбу соҳибмаълумот ва соҳибҳунар намудани онҳо, инчунин пойдории оила аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, барои эҳёи ҳунарҳои миллию мардумӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Ҷудо гардидани маблағҳои гранти президентӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва фаъолияти соҳибкории занон, таъсиси ҷойҳои корӣ ва ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани ҷавондухтарон шаҳодати ин гуфтаҳо мебошад. Иброз гардид, ки дар доираи татбиқи иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори занони ҳунарманду соҳибкори гирандаи грантҳои президентӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат даҳҳо марказҳои ҳунармандӣ ва коргоҳҳои дӯзандагӣ таъсис ёфта, таҳти роҳбарии занони боистеъдод фаъолият мебаранд. «Имрӯз фурсате фаро расидааст, ки аз ҳунару ҳунармандӣ самара бигирем ва дар баланд бардоштани сатҳи иқтисодии оилаҳо, дар эҳё ва муаррифӣ намудани расму оинҳои мардумӣ саҳми бештар гузорем», – гуфта шуд дар форум. Ёдовар мешавем, ки соли 2025 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 200 грант ба андозаи 15 миллион сомонӣ расонида шуд (соли 2024 120 грант ба маблағи 5 миллион сомонӣ), яъне ҳаҷми грантҳои президентӣ 3 баробар зиёд карда шуд. Тибқи ин қарор, аз соли 2025 то соли 2030 ҳар сол ба андозаи 15 миллион сомонӣ 200 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон равона мегардад, ҷудо карда мешавад. Ин иқдом ба ҷалб ва ҳавасмандгардонии занон ба истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, кишоварзӣ ва саноатӣ мусоидат мекунад. Имсол 200 нафар занон-ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ гардиданд. Боварӣ дорем, ки ғолибони озмуни имсола маблағҳои грантиро мувофиқи буҷети пешниҳодшуда мақсаднок истифода карда, дар рушди иқтисоди миллӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат саҳми арзанда мегузоранд. Ин иқдом нишон медиҳад, ки грантҳои президентӣ дар мамлакат дар рушди соҳибкории занон ва таъмини ҷойи нави кор барои занону духтарон нақши муҳим доранд. Вазъи иқтисодии ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ва махсусияти иқтисоди бозаргонӣ барои доираи фаъолияти соҳибкории занон имконияти бештар фароҳам овардааст. Ин аст, ки теъдоди занони соҳибкор рӯз ба рӯз меафзояд.