Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, рӯзона борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво шабона 9+11 дараҷа ва рӯзона 22+24 дараҷа гарм мешавад. Навигация записи Назад Предыдущая запись: Аз 28 то 30 октябр дар Кинотеатри «Ватан» Рӯзҳои синамои Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешаванд. Маросими ифтитоҳи расмии Рӯзҳои синамои Қазоқистон 28 октябр, соати 17:00 баргузор шуда, нахуст филми драмаи ҳарбии «Вақти ватанпарварон» (Время патриотов) таҳти коргардонии Серикбол Утепбергенов намоиш дода мешавад. 29 октябр, соати 17:00 тамошобинон метавонанд филми «Кажимукан — Чемпиони ҷаҳон» (Кажымукан — Чемпион мира) — филми биографӣ-варзишии коргардон Канагат Мустафинро тамошо намоянд. 30 октябр, соати 17:00 филми драмаи иҷтимоии «Амре» (Амре), ки коргардони он Ҷефф Веспа мебошад, пешниҳоди тамошобинон карда мешавад. Тибқи иттилои манбаъ, вуруд ба намоишҳо озод буда, хоҳишмандон метавонанд ба олами фарҳанги синамоии ин кишвари дӯсту ҳамсоя ошно шаванд. Баргузории Рӯзҳои синамои Қазоқистон дар Тоҷикистон идомаи анъанаи хуби ҳамкории фарҳангии байни ду давлат мебошад, ки дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии мардумони ду кишвар нақши арзанда мегузорад. Ёдовар мешавем, ки соли равон маротибаи дуюм аст, ки Рӯзҳои синамои Қазоқистон дар Тоҷикистон доир карда мешаванд. Дар ин замина метавон гуфт, ки ин раванд ба рушди минбаъдаи робитаю ҳамкории судманди синамогарони ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меоварад.Далее Следующая запись: Дар Тоҷикистон Маркази зеҳни сунъии Осиёи Марказӣ таъсис дода мешавад. Чунин иттилоъ дода шуд зимни Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ «AI Conf 2025», ки 25 октябри соли равон дар пойтахти мамлакат баргузор шуд. Бояд гуфт, ки имрӯз ҷаҳони муосир ба марҳилаи нави илму техника ворид гаштааст. Зеҳни сунъӣ яке аз самтҳои муҳими иқтисоди рақамӣ ба шумор рафта, дар ҷаҳон ба таври бесобиқа рушд менамояд. Дар доираи татбиқи «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040» дар Тоҷикистон беш аз 750 мутахассиси ҷавон омода карда шудааст. Инчунин ба барномаҳои таълимии 10 донишгоҳи ҷумҳурӣ ихтисоси «зеҳни сунъӣ» ворид карда шуд. Ҳамзамон татбиқи ин Стратегия дар 100 муассисаи таълимии мамлакат оғоз гардидааст. Мавриди тазаккур аст, ки соли равон бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул карда шуд, ки он аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, мавқеи кишварро ҳамчун ташаббускори рушди зеҳни сунъӣ дар сатҳи минтақавӣ таҳким мебахшад. Бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ кишвари ташаббускор дар соҳаи зеҳни сунъӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ҳанӯз соли 2022 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ барои давраи то соли 2040» қабул гардид, ки аввалин санад дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Хотиррасон мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз бо ширкатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла «Scale AI», «Mistral AI», «Perplexity AI», «Presight» ва Шурои технологияи пешрафтаи АМА (ATRC) ҳамкорӣ мекунад, ки лоиҳаҳои миллии зеҳни сунъиро дар амал татбиқ менамоянд. Айни замон дар шаҳри Душанбе марказҳои таҳияи барнома ва кор дар самти зеҳни сунъӣ амал мекунанд. Ёдовар мешавем, ки 25 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ «AI Conf 2025» баргузор шуд.