Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғара Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ҷасурро ифтитоҳ намуданд. Иншоот дар асоси супориши Роҳбари давлат вобаста ба бунёди ҳатмии кӯдакистон дар маҳаллаҳои дорои зиёда аз 100 хоҷагӣ аз ҷониби соҳибкор Ҷомии Абдураҳмон сохта шудааст. Ин иқдом бозгӯи гузоштани саҳми муносиб дар татбиқи босамари “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 — 2025” аз ҷониби соҳибкорон аст. Иншооти мазкур дар деҳаи Ғарғара аввалин кӯдакистон буда, тарҳи миллӣ ва муосир дорад. Синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимот барои бо таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтани 350 кӯдак пешбинӣ шудааст. Таълими дӯстрӯякон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бо ҷалби 12 парастори соҳибтахассус сурат мегирад. Машғулияти кӯдакон бо истифода аз ранг, ҳарфу рақам, аломату нишонаҳо ва шаклҳои геометрӣ гузаронида мешавад. Парасторон бо истифода аз ин шароит ва ташкили бозиҳои гуногун, омӯзиши суруд, рассомӣ ва машқҳои равонӣ қобилияти ҳалли масъалаҳо ва фикрронии кӯдаконро инкишоф медиҳанд. Барои истироҳати кӯдакон ҳуҷраҳо бо рахти бароҳат, ҷевон ва бозичаҳои мутобиқ ба завқи онҳо таҷҳизонида шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорро барои дар шароити деҳот бунёд намудани кӯдакистони ҷавобгў ба талабот намунаи пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар унвон намуданд. Ба таъкиди Сарвари давлат фаъолияти боғчаҳо дар рушди зеҳну тафаккур, забон ва муошират, эҷодкорӣ, мутобиқ шудан ба муҳити омӯзиш ва омодагии кӯдакон ба давраи мактаб нақши муасир мегузорад. Масъалаҳои бунёд ва фаъолияти кӯдакистонҳо дар ҳама шаҳру деҳот, ки ба иҷрои талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар хусуси фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон бо таҳсилоти томактабӣ нақш мегузорад, бештар таъкид гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳайати мураббияҳо истифодаи дурусти шароити фароҳамшуда ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани кӯдаконро тақозо намуда, иҷрои дурусти ин рисолатро нишони дӯст доштани миллату давлат унвон карданд. Барои бемушкилӣ сипарӣ намудани мавсими тирамоҳу зимистон ҳуҷраҳо бо шабакаи гармидиҳӣ пайваст буда, зиёда аз 100 тонна ангишт захира карда шудааст. Гулу буттаҳо ва дарахтони ороишии дар саҳни ҳарду бино шинонидашуда ҳусни ин мавзеъи деҳаи Ғарғараро диданӣ ва афзун мекунад. Ду иншооти ба зеҳну тафаккур заминагузор: Китобхона ва Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Ҷасур, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғара ифтитоҳ ёфтанд, ба таъсиси 37 ҷойи нави корӣ замина гузоштанд.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

Майдони варзишии болопӯшида дар деҳаи Ғарғараи деҳоти Корези ноҳияи Данғара сеюмин иншооти аз ҷониби соҳибкор Ҷомии Абдураҳмон сохта шуда аст, ки дар ҳамин рӯз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт. Иншоот барои баргузории бозии футбол пешбинӣ шуда, рамзи таваҷҷуҳ ба рушди ин навъи варзиш ва сарафрозии соҳибкорон аз ташаббус ва пешниҳоди Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба эълони рӯзи ҷаҳонии футбол аст, ки соли 2024 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. Майдони варзишии болопӯшида дар масоҳати 20 садяк замини бекорхобида бо паҳноии 22 метр ва дарозии 42 метр бунёд шудааст. Иншоот бо ҷалби 40 сокини маҳаллӣ ҷавобгӯи талабот сохта шуда, ҳамчун макони баргузории бозиҳои дӯстона ва муттаҳидкунандаи ҷавонон хизмат менамояд. Тарҳи майдони варзишӣ имкон медиҳад, ки бозиҳои футбол новобаста ба фасли сол ташкил ва баргузор шавад. Дар шафати иншоот барои бозии волейбол ва дигар машқу тамрин шароит фароҳам оварда шудааст. Ҳуҷраҳои ивазкунии либос, ҳаммом ва дигар инфрасохтори мавҷуд таваҷҷуҳи ҷавононро ба намудҳои гуногуни варзиш бештар намуда, ба ташаккули тарзи ҳаёти солим нақш мегузорад. Ҳудуди майдони варзишии болопӯшидаро гулҳои рангин, буттаҳо ва дарахтони ороишву ҳамешасабз зиннат медиҳанд. Сокинон имкон доранд, ки аз рақобати дастаҳои футбол ва гулгашти ҳудуди он хушу бароҳат тамошо намоянд. Барои ин дар паҳлӯи майдони варзишӣ нишастгоҳҳо насб карда шудааст.

Далее Следующая запись:

Китобхонаи бо тарҳу намои муосир сохташуда аввалин иншооте буд, ки 23 октябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғара ба фаъолияти он оғоз бахшиданд. Иншоот бо ҳадафи тақвияти дониш ва иттилооти аҳолии деҳот, омӯзиши илмҳои замони муосир ва омодагии довталабон ба сабқатҳои зеҳнӣ аз ҷониби соҳибкор Ҷомии Абдураҳмон сохта шудааст. Дар китобхона 10 ҳазор адабиёти гуногун мавҷуд аст. Ҳамкорӣ ва пайваст будан бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон, китобхонаи фарҳанг, китобхонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар марказҳои илму дониш хазинаи адабиёти электронии китобхонаро ба зиёда аз як миллион баробар мекунад. Фароҳам будани ин шароит имкон медиҳад, ки хоҳишмандон ба асарҳои сиёсӣ, бадеӣ ва илмии бузургтарин шахсиятҳои ҷаҳон дастрасӣ дошта бошанд. Омӯзиш ва донистани забонҳои хориҷӣ аз масъалаҳои зери таваҷҷуҳи доимии роҳбари давлат аст.Дар китобхона маркази забономӯзӣ низ кушода шуд, ки бо 18 компютери пайваст бо хатти интернет ва дигар аёниятҳои хониш муҷаҳҳаз мебошад. Дар се синфхонаи барои 36 нафар пешбинишуда шароити муосири омӯзиши забон ва фанҳои дақиқ муҳайё карда шудааст. Омўзиши забонҳои рӯсӣ, англисӣ, чинӣ, олмонӣ ва илмҳои дақиқ бо ҷалби омӯзгорони дорои дониш ва таҷрибаи баланди касбӣ гузаронида мешавад. Панҷ ҳуҷраи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти рӯзгор барои истироҳат ва будубоши омӯзгорон пешбинӣ шудааст. Дар китобхона ва маркази омӯзиши забонҳо 12 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шудаанд.

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Октябрь 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
« Сен   Ноя »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram