Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

23 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғара ташриф оварда, нахуст корхонаи хишти Данғараро ифтитоҳ намуданд. Тавре иттилоъ доданд, иншооти саноатӣ аз ҷониби Ширкати ватании Тоҷвар сохта шуда, иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 120 ҳазор дона хишти пухтаро ташкил намуда, дар он 60 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Хишти ин корхона бо таҷҳизоту технологияи муосири даврзананда истеҳсолу пухта мешавад. Истифодаи 3 намуди ашёми хом — хоки сафед, гили сурх ва хокаи ангишт дар корхонаи нави саноатӣ имкон медиҳад маҳсулоти босифати ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол шавад. Ҳудуди умумии корхонаи хишт 12 гектарро ташкил медиҳад ва тавре мутахассисон иброз доштанд, маҳсулоти хоми табиии мавзеъ, метавонад барои пешбурди фаъолияти муназзами корхона солҳои зиёд хизмат расонад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи корхонаи навро дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати кишвар барои афзоиши истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, фарогирии сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва рушди саноат муҳим арзёбӣ намуданд. Амалишавии ҳадафҳои Ҳукумати кишвар ва татбиқи имтиёзҳо барои намояндагони бахши хусусӣ ба ворид кардани таҷҳизоти муосире, ки дар як вақт чанд амалро иҷро менамояд, замина гузоштааст. Аз ҷумла, роботҳо ба фаъолияти мунтазам ва баланд шудани иқтидори истеҳсолии ин корхонаи саноатӣ мусоидат менамояд. Иқтидори баланди хатҳои технологӣ ва сарфаи қувваи барқ аз бартариҳои дигари технологияи ин корхонаи нави саноатӣ маҳсуб меёбад. Тавре иттилоъ доданд, ҳоло дар кишвар 160 корхонаи хишти пухта мавҷуд аст ва ба кор оғоз намудани Корхонаи хишти ноҳияи Данғара дар оянда таъминкунандаи асосии маҳсулоти сохтмонӣ ва рушди тадбирҳои созандагӣ дар ин ва дигар ноҳияҳои наздик мегардад. Дар ҳамин ҷо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ барои бунёди ҳамин гуна як корхонаи калон дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бо иқтидори 36 миллион дона хишт дар як сол асос гузоштанд. Корхонаи саноатӣ дар давоми як сол сохта шуда, дар он 80 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

​Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Миралиобод аз боғи хоҷагии деҳқонии Миралӣ Маҳмадалӣ боздид намуданд. ​Тавре иттилоъ дода шуд, дар ин қитъаи замин боғдорон ба парвариши дарахтони нок, шафтолу, олу, хурмо, чормағз ва зардолу машғуланд. ​Дар гармхонаи хоҷагӣ ниҳолҳои лиму парвариш карда мешавад, ки як роҳи дигари даромади хуби иқтисодии коргарон аст. ​Бо мақсади истифодаи самараноки замин дар байни қатори дарахтон сабзавот, аз қабили помидор, қаланфури булғорӣ, каду, боимҷон, полезӣ ва дар кишти дуюм сабзӣ, шалғам, карам, лаблабуи сурх, ҷуворимакаи дон ва ғайра кишт карда шудааст. ​Дар ноҳияи Восеъ, ки яке аз минтақаҳои калони аграрию саноатии вилояти Хатлон ба шумор меравад, аз майдони умумии 23 334 гектар замини корам 1632 гектарро замини боғот ташкил медиҳад. ​Тавре иттилоъ дода шуд, ба ҳолати 1 октябри соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия беш аз 36 ҳазор тонна меваву ангур истеҳсол карда шудааст. ​Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо нашъунамои дарахтон, вазъи парвариши лиму дар гармхонаи хоҷагӣ ва истифодаи самараноки замин ба коргарон барои рушди соҳаи боғутокпарварӣ ва самаранок истифода бурдани ҳар як порча замин тавсияҳои муфид доданд.

54871379267_2911453166_b
Далее Следующая запись:

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Корез Маркази нави саломатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои марказ дуошёна буда, аз 14 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои қабул, иммунизатсия, табобатӣ, доругузаронӣ, барои табибони оилавӣ ва таҳлилгоҳ иборат мебошад. Бунёди иншоот моҳи феврали соли равон оғоз гардида, дар корҳои сохтмонӣ 20 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуданд. Бинои Маркази саломатӣ дар деҳаи Корез аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланду саховатпеша бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа ва фароҳам овардани шароити беҳтари хизматрасонии тиббӣ ба сокинон сохта шудааст. Маркази саломатӣ бо таҷҳизоти мухталифи тиббӣ муҷаҳҳаз мебошад ва дар ин иншооти соҳаи тандурустӣ ҳамакунун мутахассисони лаёқатманд ба кор ҷалб гардида, бо шароити кории хуб таъмин карда мешаванд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, мутахассисонро ба хизматрасонии муосири тиббӣ ба аҳолӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҳидоят намуданд. Иншооти соҳаи тандурустӣ туҳфаи арзишманд ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои сокинони деҳаи Корези ноҳияи Данғара номида шуд.

54873842451_4ebc3d74e5_b

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Октябрь 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
« Сен   Ноя »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram