Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

23 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба таври фосилавӣ Маркази хизматрасонии сайёҳӣ дар деҳаи Булёни Поён ва зиёда аз 50 километр роҳҳои мумфаршгардидаи ҳудуди ноҳияро мавриди истифода қарор доданд. Маркази хизматрасонии сайёҳӣ аз гӯшаи намоиши ҳунарҳои мардумӣ, меҳмонхона, ошхона бо 20 ҷойи нишаст ва 4 ҳуҷраи дигари ёрирасон иборат мебошад. Бинои мазкур дар канори роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ бо мақсади муаррифии имконияҳои сайёҳии ноҳия, ҳунарҳои қадимаи миллӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ сохта шудааст. Аснои шиносоӣ иттилоъ доданд, ки тарҳи бино ба талаботи меъмории муосир ҷавобгӯ буда, дар дохили он тамоми унсурҳои миллӣ ба инобат гирифта шудааст ва масоҳати умумии он 1500 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Атрофи бино чароғону сабзкорӣ шуда, ҳамчунин дар канори он ҳавзи моҳипарварӣ мавҷуд аст, ки барои сайёҳон имконият медиҳад, ба моҳидорӣ, қаиқронӣ ва ба сайру гашт машғул шаванд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ ба масуълин барои ҷалби бештари сайёҳон ба кишвар, шоиста муаррифи намудани имконияҳои сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори соҳа дастуру супоришҳо доданд. Ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ба таври фосилавӣ бо зиёда аз 50 километр роҳҳои ҳудуди ноҳияи Данғара, ки аз ҷониби соҳибкорони боҳиммату ватандӯст бунёд ва мумфарш гардидаанд, шинос шуданд. Сокинону соҳибкорони ватандӯсти ноҳия бо пайравӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат барои дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни пуршукуҳи миллӣ — 35 — солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон корҳои ободониро вусъат мебахшанд. Иттилоъ дода шуд, ки роҳҳои ҳудуди шаҳраки Данғараи ноҳия навсозӣ ва канорҳои роҳ васеъ карда шуда, то ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ 77 километр роҳҳои дигари деҳоти ноҳия мумфарш карда мешаванд. Ҳоло зиёда аз 10 километр роҳҳои 3 кӯчаи марказӣ ва 4 деҳоти ноҳияи Данғара, аз ҷумла кӯчаҳои Мирзо Турсунзода, Восеъ, Кароматулло Қурбонов ва деҳаҳои Пушинг, Шар-Шар, Ғиҷовак ва Алиҷон мумфарш карда шудаанд. Бунёд ва мумфаршнамоии роҳҳои дохили деҳоти ноҳия имкон медиҳад, ки ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт ва рафту омади сокинон ба дигар деҳот ва маркази ноҳия дар ҳама фасли сол пурра таъмин карда шавад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони маҳаллиро дар бунёду мумфаршнамоии роҳҳо шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат хонда, ин ташаббусҳоро нишонаи возеҳи ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан маънидод карданд.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

23 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду бинои нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ноҳияи Данғара мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Биноҳои таълимии рақами 2 ва 3 дар доираи марҳилаи дуюми бунёди маҷмааи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳу услуби зебои меъморӣ бунёд ёфтааст. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои таълимии рақами 2 бо 45 синфхонаи таълимӣ барои 1200 донишҷӯ ва бинои таълимии рақами 3 бо 49 синфхонаи таълимӣ барои 1416 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон дар биноҳои нави таълимӣ 9 синфхонаи озмоишӣ, 2 толори маърӯзавӣ, 1 маркази тестӣ бо фарогирии 2600 ҷойи нишаст ва 6 кафедра аз ҷумла “Биохимия ва биология” , “Фармакология ва микробиология”, “Тибби ҳарбӣ”, “Беҳдошт ва эпидемиология”, “Химияи тиббӣ ва экология” ва “Физиологияи нормалӣ ва патологӣ” бо шароити хуби таълимӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ омода карда шудаанд. Ёдовар мешавем, ки соли 2016 бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон бо кадрҳои баландихтисоси соҳа бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон таъсис дода шуда, 31 августи соли 2016 бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои асосии донишгоҳ оғоз бахшида шуд. Бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо бинои таълимии рақами 1 моҳи сентябри соли 2023 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки он замон донишгоҳ бо зиёда аз 2 ҳазор ҷойи нишаст дар як вақт таъмин гардида буд. Акнун бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани биноҳои таълимии рақами 2 ва 3 дар ин даргоҳи илму маърифат 2600 ҷойи нишаст зиёд гардид. Ҳоло дар донишгоҳ дар маҷмуъ 5 ҳазору 412 ҷойи нишаст барои донишҷӯён омода карда шудааст. Шумораи умумии донишҷӯён дар соли хониши 2025-2026 2 ҳазору 852 нафар аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ва ҳайати омӯзгорону профессорон 215 нафарро ташкил медиҳанд. Фаъолияти илмӣ-инноватсионии донишгоҳ аз соли 2018 инҷониб роҳандозӣ гардида, то имрӯз 1465 таълифоти илмӣ, 6 монография, 6 ихтироот, 65 пешниҳоди навоварона, 112 санади воридсозӣ, 14 китоби таълимӣ ва зиёда аз 60 дастури методӣ аз ҷониби олимони донишгоҳ ба нашр расидааст. Инчунин аз соли 2018 инҷониб 3 корманди донишгоҳ рисолаи докторӣ ва 8 кас рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаанд. Дар самти таҳқиқот ва гузаронидани корҳои илмӣ олимони ҷавони донишгоҳ низ муваффақ буда, ҳамасола дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат меварзанд. Ин аст, ки донишҷӯёни ин муассисаи олии касбӣ дар озмунҳо 25 ҷойи аввал, 27 ҷойи дуюм, 30 ҷойи сеюм, 20 ҷойи ифтихорӣ ва 9 дипломи дараҷаи 1 ва 2-ро ба даст овардаанд. Ҳамзамон соли 2022 дар Озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” ғолиби ҷойи сеюм, соли 2023 соҳиби шоҳҷоиза ва соли 2024 сазовори ҷойи дуюм гардидаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорони донишгоҳ таъкид намуданд, ки илму маориф доимо дар сиёсати Ҳукумати кишвар мавқеи меҳварӣ дорад ва олимону муҳаққиқон, омӯзгорону зиёиён неруи созанда ва пешбарандаи кулли соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд. Яке аз ҳадафҳои муҳимме, ки дар назди омӯзгорону олимон қарор дорад, ин тарбияи мутахассисони варзида, ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ аст. Давоми 9 соли фаъолият заминаи моддию техникии Донишгоҳи давлатии тиббии Данғара мукаммал гардонида шуда, дар синфхонаҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳои фаннию илмӣ технологияи нав, дастгоҳу таҷҳизоти муосир мавриди истифода қарор доранд. Ба хотири густариши равобит ва ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои олӣ ва марказҳои бонуфузи илмии дохил ва хориҷи кишвар донишгоҳ 22 шартномаи ҳамкорӣ бо Мактаби байналмилалии Қирғизистон, Донишгоҳи тиббии Ал-Форобӣ, Донишгоҳи тиббии Қарагандаи Қазоқистон, Академияи тиббии Ҷумҳурии Беларус, Донишгоҳи тиббии Павияи Италия, Донишгоҳи ҷаҳонии Куруши Кабири ИМА ва Донишгоҳи давлатии тиббии Урали Ҷанубии Федератсияи Русия ба имзо расонидааст, ки то имрӯз соҳиби 5 лоиҳаи грантӣ мебошад. Донишгоҳ соли 2022 аъзои комилҳуқуқи “Ассотсиатсияи баҳодиҳии экспертии таълими тиббӣ дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ” ва соли 2023 расман дар руйхати Феҳристи Умумиҷаҳонии Донишгоҳҳои тиббӣ ворид гардидааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми маорифи кишвар стандартҳои нави давлатӣ қабул гардида, бунёд ва зиёд намудани шумораи муассисаҳои олӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Ин аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои олии кишвар аз 13 ба 47 муассисаи олӣ ва шумораи донишҷӯён аз 65 ҳазор ба зиёда аз 220 ҳазор расонида шудааст. Таъсиси Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара низ аз дастовардҳои назарраси соҳаҳои маорифу тандурустӣ мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ба масъалаҳои сифати дониш, касбияти донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорону олимони ҷавон эътибори ҷиддӣ дода шуда, усулҳои нави таълим ва истифодаи васеи технологияи муосир ба пуррагӣ ҷорӣ карда шавад. Ҳоло дар донишгоҳ 10 шуъба, 2 Шурои илмӣ, 5 марказ, 5 факултет, 21 кафедра, 2 коллеҷ, китобхонаи барҳаво, 4 ташкилоти ҷамъиятӣ, дармонгоҳ ва озмоишгоҳи марказӣ фаъолияти самаранок доранд. Боиси зикр аст, ки соли 2021 аввалин маротиба дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон хатми донишҷӯён сурат гирифт ва то имрӯз 1532 донишҷӯ ин боргоҳи илмро хатм намудааст. Аз ин шумора 113 нафар соҳиби дипломи аъло гардидаанд. Дар ҳамин ҷо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи Нақшаи генералии маркази маъмурии ноҳияи Данғара ва лоиҳаи бунёди ду бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Данғара шинос шуданд. Зимни муаррифӣ иттилоъ доданд, ки сохтмони биноҳо дар масоҳати 1430 метри мураббаъ дар кӯчаи Исмат Шарифи шаҳраки Данғара ба нақша гирифта шудааст. Хурсандиовар аст, ки Ҳукумати кишвар маорифро аз соҳаҳои калидӣ ва пешбарандаи ҷомеа эътироф намуда, омӯзгорону олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа медонад ва мақоми олимону омӯзгоронро аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд мебардорад. Ҳарду бино аз нуҳ ошёна иборат буда, 36 хонаи дуҳуҷрагӣ бо масоҳати 67,84 метри мураббаъ ва 36 хонаи якҳуҷрагӣ бо масоҳати 52,80 метри мураббаъ пешбинӣ гардидааст, ки барои таъмини 72 оилаи омӯзгор бо манзили истиқоматӣ пешбинӣ гардидааст. Манзилҳои истиқоматӣ дар 3 сол омода хоҳанд шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ба хотири устуворӣ ва мустаҳкамии иншоот дар раванди корҳои сохтмонӣ маҳсулоти хушсифат истифода бурда шуда, сифати корҳои сохтмонӣ дар мадди аввал гузошта шавад. Ҳамчунин дар ҳамин ҷо, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Нақшаи генералии шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара маълумот дода шуд. Нақшаи генералии шаҳраки Данғара аз ҷониби ҶСК “Шаҳрофар” дар масоҳати 3861 гектар таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 2022 тасдиқ гардидааст. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳудуди нақшаи генералии шаҳрак ба ҳудудҳои маркази маъмурию ҷамъиятӣ, иморатсозии бисёрошёна ва хусусии истиқоматӣ, коммуналию анборӣ ва хизматрасонии марказӣ ҷудо карда шудааст. Дар соли 2024 лоиҳаи муфассали банақшагирии кӯчаҳои Марказӣ, Неъмат Қарабоев, Зебунисо, Шарқ, Киров, Исмат Шариф, маҳаллаи рақами 8 ва Ҷамоати деҳоти Сафобахш ва деҳаи Файзбахш дар масоҳати 240 гектар барои 72 ҳазору 700 хонавода таҳия гардидааст. Фонди манзили лоиҳавӣ 1 миллиону 455 ҳазору 300 метри мураббаъро дар бар гирифта, аҳолӣ аз ҳисоби 20 метри мураббаъ ба 1 нафар 72 ҳазору 700 нафарро ташкил медиҳад. Талабот ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 9600 ва таҳсилоти томактабӣ 7200 касро дар бар мегирад. Дар ин асос, дар лоиҳаи муфассали банақшагирӣ бунёди 315 бинои истиқоматии аз 9 то 16 ошёна, 8 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 13 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 46 иншооти ҷамъиятию корӣ ва савдо, 6 таваққуфгоҳи нақлиётии 5-6 ошёна, роҳҳои мошингард, майдончаҳои варзишӣ, боғҳои фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти гуногуни пешбинигардида ба сифати кор ва маҳсулот таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шуда, иншооти таъйиноти гуногун ва биноҳои баландошёна бо риояи стандартҳои байналмилалӣ ва унсурҳои меъмории миллӣ бунёд гардад.

54874138243_c2de88bb32_b (1)
Далее Следующая запись:

23 октябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара бинои нави Раёсати маорифи ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд. Бинои бошукўҳ аз 7 ошёна ва 157 ҳуҷраи корӣ иборат буда, он дар доираи истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи замонавӣ ва услуби меъмории миллӣ бунёд шудааст. Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур дар масоҳати 0,88 гектар бунёд гардида, дар он шароити арзандаи корӣ фароҳам оварда шудааст. Бинои нави Раёсати маорифи ноҳияи Данғара дорои ду маҷлисгоҳи барҳаво дар маҷмуъ бо 500 ҷойи нишаст мебошад. Ҳамзамон дар бино 2 лифти замонавӣ насб гардидааст. Ин бинои хуштарҳу замонавӣ дорои китобхона ва ошхона бо 140 ҷойи нишаст буда, ҳамчунин ҳуҷраҳои мусоиди корӣ муҷаҳҳаз бо муосиртарин технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ аз бартариятҳои дигари иншоот ба шумор меравад, ки ба ноҳия ҳусни дигар зам кардааст. Шароити фароҳамгардида дар бинои нав барои 40 корманд имконият медиҳад, ки минбаъд аҳли маориф фаъолияти худро ҷоннок намуда, дар рушди соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва таълиму табрияи насли худогоҳу ватандӯст саҳми намоён гузоранд. Атрофи бинои нави Раёсати маорифи ноҳияи Данғара чароғон ва сабзу хуррам гардонида шудааст. Ҳоло дар ноҳияи Данғара 85 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 53 ҳазору 646 хонанда фаъолият дорад. Соли равон тибқи Квотаи Президентӣ 18 хатмкарда ба макотиби олии кишвар дохил шуданд, ки 9 касашон духтарон мебошанд. Ҳамзамон барои таҳсили солҳои 2025-2026 454 омӯзгор аз курси такмили ихтисос гузаштаанд. Дар идомаи таҳсили соли 2025 хонандагон дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, соҳиби 171 медал, аз ҷумла 13 медали тилло, 22 медали нуқра ва 136 медали биринҷӣ, гардиданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо иншооти нав ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба аҳли маорифи ноҳия барои боз ҳам баланд бардоштани сифати тадрис, истифодаи васеи технологияҳои муосир, ҷалби ҳарчи бештари хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дастуру тавсияҳо доданд.

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Октябрь 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
« Сен   Ноя »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram