Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

22 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъро бо 21 ҳазор ҷойи нишаст мавриди истифода қарор доданд. Иншоот барои тамрин ва бозии дастаҳои футболи ноҳия, баргузории мусобиқаҳо, тарғиби варзиш ва ҷалби ҷавонону наврасон ба футбол аз ҷониби “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст. Корҳои сохтмонӣ ҳанӯз соли 2017 оғоз гардида, бо харҷи наздики 69 млн. сомонӣ ба итмом расид. Дарозию паҳноии майдони футбол 105 ба 68 метр буда, дорои чамани табиист. Ин имкон медиҳад, ки бозигарон дар майдони ба талаботи мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бозӣ ва тамрин намоянд. Атрофи чаман, ки бо роҳрави резинӣ барои дав иҳота гардидааст, барои машқ ва қабули мусобиқаҳои риштаи варзиши сабук пешбинӣ мегардад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити варзишгоҳ бо ҳайати дастаи футболи “Ҳулбук”, ки ноҳияи Восеъро дар Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ намояндагӣ менамоянд, суҳбат карда, онҳоро ба дӯст доштани варзиш, рушд додани малакаи касбӣ ва муаррифии арзандаи Ватану миллат ҳидоят намуданд. Варзишгоҳ дорои 4 минбар барои мухлисон ва 21 ҳазор ҷойи нишаст мебошад. Бинои варзишгоҳ аз се ошёна, аз ҷумла аз ҳуҷраҳои корӣ, ивази либос, ҳамому дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Инчунин дар он толорҳои варзишӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири варзишӣ, ҷой барои меҳмонони фахрӣ, маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи нишаст ва пешайвон омода гардидааст, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошад. Барои таъмини рӯшноӣ дар майдони футбол 4 манораи калони муосири равшанидиҳанда насб гардидааст. Ин имкон медиҳад, шабона ҳам мусобиқаҳо гузаронда шаванд. Дар ҳудуди иншоот ду майдонча барои футболи хурд, волейбол ва баскетбол, таваққуфгоҳ барои мошинҳо, зеристоҳи барқӣ, чоҳи амудӣ барои бо об таъмин кардани варзишгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд шудааст. Ба истифода додани чунин иншооти муосир дар ноҳия барои рушди варзиш ва ташкили чорабиниҳои мухталифи солимгардонӣ имкониятҳои лозимаро фароҳам меорад. Ба истифода додани Варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ нишона аз таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар доираи Барномаи давлатии рушди футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 дар вилояти Хатлон сохтмони 130 иншооти дигар идома дорад, ки барои амалисозии ҳадафҳои ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон доир ба тарғиби футбол замина мегузорад.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

22 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва мулоқоту суҳбат бо сокинон ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи муваққатии ноҳия Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва дигар шахсони расмӣ самимона пешвоз гирифтанд. Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ифтитоҳи Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, ки дар майдони 3,3 гектар бунёд гардидааст, оғоз ёфт. Майдони Парчам ва Нишони давлатиро, ки рамзи ифтихору соҳибихтиёрист Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ намуданд. Қомат афрохтани муқаддасоти миллӣ дар ноҳия ин рамзи ифтихор ва ягонагии сокинон ба ҳисоб рафта, ҳадаф аз он баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, идомаи анъаноти нек ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад. Дар майдони мазкур, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити мусоид фароҳам аст. Баландии пояи Парчами давлатии Тоҷикистон дар маҷмуъ бо таҳкурсиаш 52 метр буда, матои парчам 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад. Атрофи иншоот дар масоҳати 32 ҳазор метри мураббаъ сабзкорию гулкорӣ ва чароғон шуда, дар он наздики 600 бех дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шудааст. Нишони давлатӣ бошад, 22 метр баландӣ дошта, таҳкурсии он бо санги мармар оро ёфт. Роҳравҳои майдон дар масоҳати наздики 5 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон курсиҳо гузошта шудааст. Майдони мазкур, ки дар шаҳраки Ҳулбук воқеъ аст, ба макони дилкашу тамошобоб барои сайругашти сокинон табдил ёфтааст ва барои баргузории чорабиниҳои гуногуни ватандӯстона бо ҷалби ҷавонону наврасон пешбинӣ гаштааст.

54870745327_60ffdd8a0b_b
Далее Следующая запись:

22 октябр дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази ташхисии Тибби Ҳулбукро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти нав бо тарҳи муосир бунёд ёфта, аз ҳашт ошёна иборат аст. Маркази ташхисии Тибби Ҳулбук дар ошёнаи якум ва таҳхона ҷойгир шуда, бо таҷҳизоти навтарин таъмин ва шароити мувофиқ барои ташхис ва табобати беморон фароҳам оварда шудааст. Ошёнаи якум дорои 9 ҳуҷра буда, дар даромадгоҳ дорухона, гӯшаи гиёҳдармонӣ ва ҳуҷраҳо барои мутахассисони амрози даруна, асабшинос, табиби гӯшу гулӯ ва бинӣ, табиби амрози занона ва қалбшинос ҷой дода шудааст. Иловатан ҳуҷраҳои озмоишӣ ва фаросавтӣ занон фаъолият мекунанд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар таҳхонаи Марказ барои ташхиси беморон дастгоҳҳои муосири тиббӣ насб карда шудааст. Дастгоҳҳои ташхиси магнитию резонансӣ, томографияи компютерӣ, рентгени рақамӣ, рентгени скопӣ, рентгени дандон ва фаросавтӣ, аз зумраи таҷҳизотест, ки дар ҳамин қисмати Маркази ташхисии Тибби Ҳулбук ҷойгир карда шудааст. Ҳамчунин, дар таҳхона ҳуҷраҳои табобати физиотерапевтӣ бо дастгоҳ ва таҷҳизоти муосир муҷҷаҳаз аст. Зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ифтитоҳи чунин иншооти муосири ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалиро ба истиқболи сазовори ҷашни бузургу пуршукӯҳи миллӣ – 35 солагии Истиқлоли давлатӣ иқдоми шоиста ва намунаи ибрат арзёбӣ намуданд. Маркази ташхисии Тибби Ҳулбук дар заминаи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи роҳбарияти олии давлат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Раҷабалӣ Мирзоалиев бо харҷи 20 миллион сомонӣ ва бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияи Восеъ бунёд гардидааст. Дар Маркази нави ташхисӣ 40 мутахассиси дорои таҷрибаи баланди касбӣ фаъолият мекунанд, ки аксари онҳо аз ҳисоби занону духтарони маҳаллӣ мебошанд. Табибони марказ аз дастгирии ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки чунин марказҳои муосир имконият медиҳанд сатҳи касбӣ ва сифати хизматрасонии тиббӣ боз ҳам беҳтар гардад. Сокинони ноҳия изҳори хушнудӣ карданд, ки ифтитоҳи чунин марказ ба беҳбудии зиндагии мардум мусоидат карда, дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои тиббӣ хеле осон хоҳад шуд. Гирду атрофи муассисаи нави тиббӣ бо гулҳои рангоранг оро дода шуда, роҳраву гузаргоҳҳо сафолакпӯш гардидааст. Ҳамзамон, дар ҳамин мавзеъ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди Маҷмааи нави тандурустӣ-табобатӣ шинос шуданд ва барои бунёди он санги асос гузоштанд. Бино аз 6 ошёна иборат буда, тибқи нақша дорои 60 кати хоб ва 45 ҷойи нави корӣ мебошад. Маҷмаа аз шуъбаҳои ҷарроҳӣ, бемориҳои дил, урологӣ, бемориҳои занона, маркази ташхис ва ёрии таъҷилӣ иборат хоҳад буд. Татбиқи ин лоиҳа, ба беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, зиёд шудани ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам омадани шароити арзандаи нигоҳдории саломатии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард. Пешвои миллат зимни шиносоӣ бо имкониятҳои марказ ва нақшаи бунёди маҷмааи нави тиббӣ, ба масъулон дастур доданд, ки ба масъалаи омодагии кадрҳои баландихтисос, сатҳи хизматрасонӣ ва истифодаи дурусти таҷҳизоти муосир диққати махсус диҳанд.

54870793687_4271ce16eb_b

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Октябрь 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
« Сен   Ноя »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram