Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

22 октябр дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази ташхисии Тибби Ҳулбукро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти нав бо тарҳи муосир бунёд ёфта, аз ҳашт ошёна иборат аст. Маркази ташхисии Тибби Ҳулбук дар ошёнаи якум ва таҳхона ҷойгир шуда, бо таҷҳизоти навтарин таъмин ва шароити мувофиқ барои ташхис ва табобати беморон фароҳам оварда шудааст. Ошёнаи якум дорои 9 ҳуҷра буда, дар даромадгоҳ дорухона, гӯшаи гиёҳдармонӣ ва ҳуҷраҳо барои мутахассисони амрози даруна, асабшинос, табиби гӯшу гулӯ ва бинӣ, табиби амрози занона ва қалбшинос ҷой дода шудааст. Иловатан ҳуҷраҳои озмоишӣ ва фаросавтӣ занон фаъолият мекунанд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар таҳхонаи Марказ барои ташхиси беморон дастгоҳҳои муосири тиббӣ насб карда шудааст. Дастгоҳҳои ташхиси магнитию резонансӣ, томографияи компютерӣ, рентгени рақамӣ, рентгени скопӣ, рентгени дандон ва фаросавтӣ, аз зумраи таҷҳизотест, ки дар ҳамин қисмати Маркази ташхисии Тибби Ҳулбук ҷойгир карда шудааст. Ҳамчунин, дар таҳхона ҳуҷраҳои табобати физиотерапевтӣ бо дастгоҳ ва таҷҳизоти муосир муҷҷаҳаз аст. Зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ифтитоҳи чунин иншооти муосири ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалиро ба истиқболи сазовори ҷашни бузургу пуршукӯҳи миллӣ – 35 солагии Истиқлоли давлатӣ иқдоми шоиста ва намунаи ибрат арзёбӣ намуданд. Маркази ташхисии Тибби Ҳулбук дар заминаи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи роҳбарияти олии давлат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Раҷабалӣ Мирзоалиев бо харҷи 20 миллион сомонӣ ва бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияи Восеъ бунёд гардидааст. Дар Маркази нави ташхисӣ 40 мутахассиси дорои таҷрибаи баланди касбӣ фаъолият мекунанд, ки аксари онҳо аз ҳисоби занону духтарони маҳаллӣ мебошанд. Табибони марказ аз дастгирии ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки чунин марказҳои муосир имконият медиҳанд сатҳи касбӣ ва сифати хизматрасонии тиббӣ боз ҳам беҳтар гардад. Сокинони ноҳия изҳори хушнудӣ карданд, ки ифтитоҳи чунин марказ ба беҳбудии зиндагии мардум мусоидат карда, дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои тиббӣ хеле осон хоҳад шуд. Гирду атрофи муассисаи нави тиббӣ бо гулҳои рангоранг оро дода шуда, роҳраву гузаргоҳҳо сафолакпӯш гардидааст. Ҳамзамон, дар ҳамин мавзеъ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди Маҷмааи нави тандурустӣ-табобатӣ шинос шуданд ва барои бунёди он санги асос гузоштанд. Бино аз 6 ошёна иборат буда, тибқи нақша дорои 60 кати хоб ва 45 ҷойи нави корӣ мебошад. Маҷмаа аз шуъбаҳои ҷарроҳӣ, бемориҳои дил, урологӣ, бемориҳои занона, маркази ташхис ва ёрии таъҷилӣ иборат хоҳад буд. Татбиқи ин лоиҳа, ба беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, зиёд шудани ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам омадани шароити арзандаи нигоҳдории саломатии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард. Пешвои миллат зимни шиносоӣ бо имкониятҳои марказ ва нақшаи бунёди маҷмааи нави тиббӣ, ба масъулон дастур доданд, ки ба масъалаи омодагии кадрҳои баландихтисос, сатҳи хизматрасонӣ ва истифодаи дурусти таҷҳизоти муосир диққати махсус диҳанд.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

22 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъро бо 21 ҳазор ҷойи нишаст мавриди истифода қарор доданд. Иншоот барои тамрин ва бозии дастаҳои футболи ноҳия, баргузории мусобиқаҳо, тарғиби варзиш ва ҷалби ҷавонону наврасон ба футбол аз ҷониби “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст. Корҳои сохтмонӣ ҳанӯз соли 2017 оғоз гардида, бо харҷи наздики 69 млн. сомонӣ ба итмом расид. Дарозию паҳноии майдони футбол 105 ба 68 метр буда, дорои чамани табиист. Ин имкон медиҳад, ки бозигарон дар майдони ба талаботи мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ бозӣ ва тамрин намоянд. Атрофи чаман, ки бо роҳрави резинӣ барои дав иҳота гардидааст, барои машқ ва қабули мусобиқаҳои риштаи варзиши сабук пешбинӣ мегардад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити варзишгоҳ бо ҳайати дастаи футболи “Ҳулбук”, ки ноҳияи Восеъро дар Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ намояндагӣ менамоянд, суҳбат карда, онҳоро ба дӯст доштани варзиш, рушд додани малакаи касбӣ ва муаррифии арзандаи Ватану миллат ҳидоят намуданд. Варзишгоҳ дорои 4 минбар барои мухлисон ва 21 ҳазор ҷойи нишаст мебошад. Бинои варзишгоҳ аз се ошёна, аз ҷумла аз ҳуҷраҳои корӣ, ивази либос, ҳамому дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Инчунин дар он толорҳои варзишӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири варзишӣ, ҷой барои меҳмонони фахрӣ, маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи нишаст ва пешайвон омода гардидааст, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯ мебошад. Барои таъмини рӯшноӣ дар майдони футбол 4 манораи калони муосири равшанидиҳанда насб гардидааст. Ин имкон медиҳад, шабона ҳам мусобиқаҳо гузаронда шаванд. Дар ҳудуди иншоот ду майдонча барои футболи хурд, волейбол ва баскетбол, таваққуфгоҳ барои мошинҳо, зеристоҳи барқӣ, чоҳи амудӣ барои бо об таъмин кардани варзишгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд шудааст. Ба истифода додани чунин иншооти муосир дар ноҳия барои рушди варзиш ва ташкили чорабиниҳои мухталифи солимгардонӣ имкониятҳои лозимаро фароҳам меорад. Ба истифода додани Варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ нишона аз таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар доираи Барномаи давлатии рушди футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 дар вилояти Хатлон сохтмони 130 иншооти дигар идома дорад, ки барои амалисозии ҳадафҳои ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон доир ба тарғиби футбол замина мегузорад.

54871845998_bdc6ee9da8_b
Далее Следующая запись:

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ намуданд. Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ тибқи талаботи Созишномаи грантӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бакортаъминшавӣ» таъсис дода шудааст. Бинои асосии Марказ аз чор ошёна иборат буда, бо тарҳи замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои сохтмонии имрӯза бунёд ёфтааст ва дорои утоқҳои васеъ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо компютерҳо, таҷҳизоти таълимӣ ва устохонаҳои амалӣ мебошад. Дар марказ имконият фароҳам оварда шудааст, ки ҷавонон, занону духтарон ва шахсони бекор дар самтҳои гуногун омӯзиш дида, соҳиби ихтисоси муайян гарданд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар Марказ аз рӯи 5 ихтисос: барқкор, васлгари таҷҳизоти барқии офтобӣ, челонгари техникаи санитарӣ, андовагар ва кафшергари газию барқӣ мутахассисон омода карда мешавад. Иқтидори имконпазири Марказ барои дар ду баст ба таълим фаро гирифтани 150 ҳунаромӯз мебошад. Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар масоҳати 25 садяк замин бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ аз 22 ноябри соли 2022 оғоз ёфта, дар муҳлати кӯтоҳ бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ ба анҷом расидааст. Марказ бо буғхона, обу корез ва манораи об бо зарфи ғунҷоишаш 25 тонна таъмин аст. Ҳамчунин, бо хатти доимии барқ пайваст буда, илова бар ин тариқи панелҳои офтобӣ низ муассиса бо барқи доимӣ таъмин мебошад. Зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулин барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дастуру тавсияҳои судманд доданд. Бо ба фаъолият оғоз кардани Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ, даҳҳо сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд. Омӯзгорон ва мутахассисони соҳибтаҷриба дарсҳои назариявию амалӣ мегузаронанд, ки ин ба баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи ҷавонон ва рушди соҳибкорӣ дар ноҳия мусоидат хоҳад кард. Ҳадафи таъсиси чунин марказҳо, ки бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардонида мешаванд, аз он иборат аст, ки шаҳрвандон, махсусан ҷавонону занон, касбу ҳунар омӯзанд, фаъолона дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа иштирок намоянд ва ба беҳтар шудани сатҳи зиндагии худ саҳм гузоранд. Ҳамчунин, дар ҳудуди Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди бинои чорошёнаи шуъбаи маорифи ноҳия шинос шуданд. Тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида, сохтмони иншоот дар масоҳати муайян бо истифода аз масолеҳи босифати маҳаллӣ ва бо риояи меъёрҳои муосири меъморӣ амалӣ мегардад. Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки бинои нав аз 4 ошёна иборат буда, барои фаъолияти муназзам ва самараноки кормандони шуъбаи маориф пешбинӣ шудааст. Дар он ҳуҷраҳои корӣ, толори маҷлис, китобхона, маркази иттилоотӣ ва дигар иншооти ёрирасон ҷой дода мешаванд. Пас аз ба истифода дода шудани иншоот, шароити кори кормандон беҳтар гардида, имкониятҳои нав барои татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф фароҳам меояд. Ифтитоҳи чунин иншооти замонавӣ гувоҳи таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, таъмини ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, омӯзиш ва хизматрасонии босифат ба аҳолӣ мебошад. Ҳамчунин, дар ин ҷо боз лоиҳаи биноҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ бо ҷойгиршавии марказҳои хизматрасонӣ ва савдо ва муассисаи таҳсилоти томактабӣ муаррифӣ гардид. Биноҳои истиқоматӣ аз 9 ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта мешаванд. Дар ошёнаи якум ва дуюм марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ҷойгир карда шудааст. Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабӣ аз се ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир ва мувофиқи завқи кӯдакон сохта мешавад. Он барои фаро гирифтани 200 тарбиягиранда пешбинӣ шудааст. Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2024 то имрӯз 6 маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бунёд гардидаанд, ки иқтидори ба касбомӯзи фаро гирифтани то ҳашт ҳазор нафарро доранд. То ба имрӯз 3200 касбомӯз соҳиби сертификат шуда, зиёда аз се ҳазори дигар барои ба шуғл фаро гирифтан номнавис шудаанд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва кормандони соҳаи маориф дастур доданд, ки бунёди чунин муассисаҳои таҳсилоти томактабиро дар дигар деҳаҳои дурдаст низ идома дода, барои тарбияи насли ояндасоз дар шароити муносиб ва рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

54871801586_a3cbac2442_b
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/