Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

22 октябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Селбури деҳоти Миралиобод корхонаи дӯзандагӣ ва маркази хизматрасонии Дурдонаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти навбунёд дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Давлатшоҳ Қаҳҳоров бо маблағи 3 миллиону 350 ҳазор сомонӣ бунёд ёфт. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2023 оғоз ёфта, дар муҳлати пешбинигардида бо сифати баланд ба анҷом расид. Дар рафти корҳои сохтмонӣ беш аз 30 коргари маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд. Иншооти навбунёд аз ду ошёна, бинои ёрирасон, намоишгоҳи махсуси либос, ҳуҷраи корӣ ва маркази хизматрасонии КВД Амонатбонк иборат буда, дар он истеҳсоли либосҳои махсус, мардонаву занона тибқи фармоиш ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин коргоҳ барои кӯдакон низ либосҳои зебову шинам истеҳсол менамояд, ки аз лиҳози сифат рақобатпазир буда, мувофиқ ба завқи харидорон аст. Дар ин коргоҳи навбунёди дӯзандагӣ 80 кас соҳиби кори доимӣ ва маоши хуб гардидаанд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази хизматрасонии Дурдона дар як шабонарӯз имкон дорад то 100-110 либоси гуногунро истеҳсол намояд. Дар ин корхона тавлиди навъҳои гуногуни маҳсулот роҳандозӣ шудааст, ки бо бренди миллӣ ва мувофиқ ба талаботи ҷаҳонӣ истеҳсол мегардад. Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи навтаъсис ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ сифати баланди маҳсулотро таъмин хоҳад кард. Дар тамоми марҳилаҳои истеҳсолӣ назорати сифат роҳандозӣ шуда, ҳамчунин ба шаклу намуд ва дизайни либос низ диққати хоса дода мешавад. Барои ородиҳии маҳсулоти ниҳоӣ дастгоҳи махсуси чопӣ дар коргоҳ насб гардидааст, ки мувофиқи завқи харидорон дар рӯи либосҳо навиштаҷоти гуногунро чоп мекунад. Дар маҷмӯъ таҷҳизоти кории корхонаи навтаъсис аз ширкатҳои пешқадам харидорӣ гардида, дар бузургтарин ширкатҳои нассоҷии ҷаҳонӣ истифода мегарданд. Бо истифода аз имконот дар коргоҳи навтаъсиси Дурдона тамоми марҳилаҳои истеҳсолии либос шурӯъ аз буридани матоъ то ба духтани он роҳандозӣ шудааст. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат бо маҳсулоти ниҳоии Корхонаи дӯзандагии Дурдона шинос шуда, ба сифати маҳсулот ва шаклу дизайни он баҳои баланд доданд. Ифтитоҳи чунин коргоҳҳои истеҳсолӣ барои амалӣ гардидани ҳадафи чоруми стратегӣ – саноаткунонии босуръати кишвар мусоидат намуда, дар ин баробар имконият фароҳам меоранд, ки соҳаи нассоҷӣ рушд кунад ва марҳила ба марҳила коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ дар дохил роҳандозӣ шавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди истеҳсолот ва дастгоҳу таҷҳизоти насбгардида дар корхона баҳои баланд дода, чунин иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату арзандаи дастгирӣ номиданд. Ба кормандони коргоҳи навтаъсис тавсия дода шуд, ки ба сифати маҳсулот диққати аввалиндараҷа диҳанд, то либосҳои корхона ҳамчун маҳсулоти рақобатпазир харидорони худро пайдо намояд.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

22 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияи Восеъ, ба фаъолияти Марказҳои хизматрасонӣ, забономӯзӣ, толори варзиш, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, томактабӣ ва корхонаи саноатӣ ба таври фосилавӣ оғоз бахшида, барои бунёди дигар иншоот санги асос гузоштанд. Бинои иловагии таълимӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 дар деҳаи Файзобод, ки фаъолияти он аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фосилавӣ оғоз гардид, аз 17 синфхонаи муҷаҳҳаз ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Иншоот барои ба таҳсил фаро гирифтани 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Раванди таҳсил аз ҷониби 53 омӯзгори соҳибтахассус дар шароити сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Иншооти дигари соҳаи маориф – Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 мебошад, ки дар деҳаи Селбур сохта шудааст. Тарҳи иншоот муосир буда, дар 17 синфхонаи барҳаво имкони ба таҳсил фаро гирифтани 640 хонанда дар ду баст мавҷуд аст. Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Афсона, ки ба фаъолияти он оғоз бахшида шуд, дар деҳаи Восеъобод ҷойгир аст. Кӯдакистон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси бунёду барқарорсозии муассисаҳои томактабӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Сабур Зуҳуров таҷдид карда шудааст. Шароити таълиму тарбия дар боғча мутобиқ ба талаботи муосир роҳандозӣ шуда, барои қабули 300 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст. Сарвари давлат зимни шиносоӣ ба шароити фароҳамшуда дар муассиса баҳои баланд дода, ба масъулин барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани таълиму тарбияи кӯдакон ва дар замири онҳо бедор сохтани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба расму оинҳои мардумӣ дастуру ҳидоятҳо доданд. Бунёди 3 иншооти соҳаи маориф ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва барои дар шароити хуб ба таҳсил фаро гирифтани 1580 хонанда дар ду баст мусоидат менамояд. Дар деҳаи Кадучии деҳоти Бобошоҳиёни ноҳия Маркази хизматрасонӣ, забономӯзӣ ва толори варзишӣ тариқи фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Саид Мирзомуродов бунёд шуда, аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар Маркази хизматрасонӣ, забономӯзӣ ва толори варзишӣ барои 70 кас ҷойи кор муҳайё шуд, ки онҳо метавонанд бо истифода аз шароит ва имконоти мавҷуда фаъолияти худро рушд диҳанд. Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли хишти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Хишти Ҳулбук оғоз бахшиданд. Корхона дар деҳаи Навбаҳори деҳоти Тугарак сохта шудааст. Масоҳати умумии корхона 10 гектар буда, дар он 50 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардиданд. Бунёди иншооти мазкур дар ноҳияи Восеъ ба рушди таҳсилот, саноат, варзиш, хизматрасонӣ ва дар маҷмӯъ ба беҳбудии рӯзгори сокинони ноҳия заминаи воқеӣ фароҳам меоваранд. Сипас Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нақшаи шабакаҳои корезии шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ шинос шуданд. Лоиҳа бо мақсади тозакунии обҳои истифодашуда дар се марҳила амалӣ гардида, ба 26 ҳазор аҳолӣ хизмат мерасонад. Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки барои татбиқи лоиҳа аллакай корҳои сохтмонӣ оғоз шудааст. Масоҳати умумии иншоот зиёда аз 12 гектар буда, дар он чанд марҳилаи тозакунии об пешбинӣ шудааст — аз обсофкунии ибтидоӣ то безараргардонии ниҳоӣ. Ҳаҷми миёнаи коркарди об дар як шабонарӯз 7 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда имконият медиҳад, ки тамоми обҳои партови маҳаллӣ пурра тоза гарданд. Дар доираи лоиҳа бинои маъмурӣ, лабораторияи назорат, майдонҳои техникии таҷҳизот, инчунин минтақаҳои сабз барои беҳсозии муҳит сохта мешаванд. Ба иттилои мутахассисон, татбиқи ин лоиҳа на танҳо масъалаи оби партовро ҳал мекунад, балки дар ҳифзи обҳои рӯизаминӣ ва таҳшин нақши муҳим хоҳад дошт. Иншооти нави поксозии оби партов як қадами ҷиддӣ дар самти татбиқи барномаҳои давлатии ҳифзи муҳити зист ва рушди устувори минтақа ба ҳисоб рафта, ба беҳтар гардидани сатҳи санитарӣ ва ҳифзи муҳити зист мусоидат хоҳад кард.

54872314374_89ccc53c8a_b
Далее Следующая запись:

22 октябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Заркамари деҳоти Миралиобод бинои Маҷмааи варзишии ба номи Лолахон Қаҳҳоровро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти нави варзишӣ тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Шоҳхисрав Қаҳҳоров бо маблағи умумии 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд гардидааст. Бинои наву замонавӣ аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои толорҳои гуногуни варзишӣ мебошад. Бунёди маҷмааи варзишӣ соли 2020 оғоз гардида, дар рафти корҳои сохтмонӣ 16 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд. Дар маҷмаа завқмандон имкон доранд ба машқу тамрин ва обу тоби бадан бо навтарин таҷҳизот машғул шаванд. Бояд таъкид намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалии Раҳмон ба масъалаи рушди варзиш, ки муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад, аҳамияти махсус медиҳанд. Маҳз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои ҳамешагии роҳбари давлат мебошад, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, парчами давлатиро баланд мебардоранд. Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гиифтани маҷмааи муосири варзишӣ 16 мутахассиси соҳаи варзиш бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидааст. Маҷмааи нави варзишӣ бо зарфияти муосир таъмин буда, дар як вақт барои қабули зиёда аз 80 варзишгар шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин дар як қисми бинои навбунёд марказҳои хизматрасонӣ, маркази забономӯзӣ ва дигар иншооти ёрирасон пешбинӣ гардидааст. Гирду атрофи бино бо гулу буттаҳо ва дарахтони ҳамешасабз оро ёфта, роҳравҳои атрофи бино сафолакпӯш ва назди иншоот чароғон гардидааст. Баъди ифтитоҳ ва шиносоӣ бо шароити иншооти нави соҳаи варзиш, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба соҳибкори ватандӯст Шоҳхисрав Қаҳҳоров барои бунёди чунин иншооти наву замонавӣ изҳори сипос намуданд. Дар баробари ин, масъулинро муваззаф карданд, ки аз имкониятҳои мавҷуда самаранок ва оқилона истифода баранд. Маврид ба зикр аст, ки Лолахон Қаҳҳоров яке аз шахсони ватандӯст ва ободкори кишвар ба шумор рафта, саҳми ӯ дар рушди соҳаи варзиши кишвар, тарбияи насли наврас ва пешрафти ноҳияи Восеъ хеле назаррас мебошад. Номбурда 15-уми августи соли 1956 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таваллуд шуда, хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов мебошад. Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, барандаи чандин мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва дорандаи 5 медали тилло мебошад.

54872446744_9a98f7846f_b

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Октябрь 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
« Сен   Ноя »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram