Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

22 октябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Заркамари деҳоти Миралиобод ҳамчунин роҳи мумфаршу чароғонгардидаро, ки бо саҳми сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ бо маблағи умумии зиёда аз ду миллион сомонӣ бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Роҳи мазкур дар доираи татбиқи ҳадафҳо барои ба талаботи замон мутобиқ намудани шароити хизматрасонӣ бунёд шуда, аз ду хати ҳаракат бо паҳноии 7 метр иборат мебошад ва дар маҷмуъ 12 километрро ташкил медиҳад. Акнун пас аз ба истифода додани роҳи мошингард, рафтуомади бемамониати нақлиёт тамоми фаслҳои сол таъмин ва интиқоли молу маҳсулот осон мегардад. Бунёди роҳ бо мақсади тадбирҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун туҳфаи арзишманд ба сокинони ноҳияи Восеъ арзёбӣ мегардад, ки бо иқдоми хайрхоҳонаи шахсони саховатпеша бо сифати баланд сохта шудааст. Зимни шиносоӣ бо қитъаи роҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бунёди роҳ ба рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар намудани шароити арзандаи зиндагии мардум мусоидат мекунад. Бунёди истгоҳҳои нақлиётӣ, гузаргоҳ барои пиёдагардон, ҷӯйборҳои ду канори роҳ, шинонидани дарахтони ороишию сояафкан ва сабзкорӣ зебогии роҳро дучанд кардааст. Канори роҳ тибқи талабот чароғон карда шудааст, ки шабонгаҳ дар баробари таъмини рӯшноию зебоӣ, ҳамзамон ба осудагию бехатарии сокинон мусоидат менамояд. Баъди ифтитоҳи қитъаи роҳ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузорӣ дар корҳои ободониро амали шоиста унвон намуда, таваҷҷуҳи масъулини дахлдори соҳа ва коргарону мутахассисонро ба нигоҳубини дурусти роҳ барои солиёни зиёд ба мардум хизмат расондан ҷалб намуданд.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

22 октябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Заркамари деҳоти Миралиобод бинои Маҷмааи варзишии ба номи Лолахон Қаҳҳоровро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иншооти нави варзишӣ тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Шоҳхисрав Қаҳҳоров бо маблағи умумии 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд гардидааст. Бинои наву замонавӣ аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои толорҳои гуногуни варзишӣ мебошад. Бунёди маҷмааи варзишӣ соли 2020 оғоз гардида, дар рафти корҳои сохтмонӣ 16 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд. Дар маҷмаа завқмандон имкон доранд ба машқу тамрин ва обу тоби бадан бо навтарин таҷҳизот машғул шаванд. Бояд таъкид намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалии Раҳмон ба масъалаи рушди варзиш, ки муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мебошад, аҳамияти махсус медиҳанд. Маҳз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои ҳамешагии роҳбари давлат мебошад, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуда, парчами давлатиро баланд мебардоранд. Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гиифтани маҷмааи муосири варзишӣ 16 мутахассиси соҳаи варзиш бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидааст. Маҷмааи нави варзишӣ бо зарфияти муосир таъмин буда, дар як вақт барои қабули зиёда аз 80 варзишгар шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳамчунин дар як қисми бинои навбунёд марказҳои хизматрасонӣ, маркази забономӯзӣ ва дигар иншооти ёрирасон пешбинӣ гардидааст. Гирду атрофи бино бо гулу буттаҳо ва дарахтони ҳамешасабз оро ёфта, роҳравҳои атрофи бино сафолакпӯш ва назди иншоот чароғон гардидааст. Баъди ифтитоҳ ва шиносоӣ бо шароити иншооти нави соҳаи варзиш, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба соҳибкори ватандӯст Шоҳхисрав Қаҳҳоров барои бунёди чунин иншооти наву замонавӣ изҳори сипос намуданд. Дар баробари ин, масъулинро муваззаф карданд, ки аз имкониятҳои мавҷуда самаранок ва оқилона истифода баранд. Маврид ба зикр аст, ки Лолахон Қаҳҳоров яке аз шахсони ватандӯст ва ободкори кишвар ба шумор рафта, саҳми ӯ дар рушди соҳаи варзиши кишвар, тарбияи насли наврас ва пешрафти ноҳияи Восеъ хеле назаррас мебошад. Номбурда 15-уми августи соли 1956 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таваллуд шуда, хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов мебошад. Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, барандаи чандин мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ва дорандаи 5 медали тилло мебошад.

54872446744_9a98f7846f_b
Далее Следующая запись:

​Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Миралиобод аз боғи хоҷагии деҳқонии Миралӣ Маҳмадалӣ боздид намуданд. ​Тавре иттилоъ дода шуд, дар ин қитъаи замин боғдорон ба парвариши дарахтони нок, шафтолу, олу, хурмо, чормағз ва зардолу машғуланд. ​Дар гармхонаи хоҷагӣ ниҳолҳои лиму парвариш карда мешавад, ки як роҳи дигари даромади хуби иқтисодии коргарон аст. ​Бо мақсади истифодаи самараноки замин дар байни қатори дарахтон сабзавот, аз қабили помидор, қаланфури булғорӣ, каду, боимҷон, полезӣ ва дар кишти дуюм сабзӣ, шалғам, карам, лаблабуи сурх, ҷуворимакаи дон ва ғайра кишт карда шудааст. ​Дар ноҳияи Восеъ, ки яке аз минтақаҳои калони аграрию саноатии вилояти Хатлон ба шумор меравад, аз майдони умумии 23 334 гектар замини корам 1632 гектарро замини боғот ташкил медиҳад. ​Тавре иттилоъ дода шуд, ба ҳолати 1 октябри соли 2025 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия беш аз 36 ҳазор тонна меваву ангур истеҳсол карда шудааст. ​Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо нашъунамои дарахтон, вазъи парвариши лиму дар гармхонаи хоҷагӣ ва истифодаи самараноки замин ба коргарон барои рушди соҳаи боғутокпарварӣ ва самаранок истифода бурдани ҳар як порча замин тавсияҳои муфид доданд.

54871379267_2911453166_b

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Октябрь 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
« Сен   Ноя »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram