Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

14 октябр машқҳои минтақавии «Бирлик-2025» дар машқгоҳи таълимии «Каттақурғон»- и шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон расман оғоз гардиданд.Дар машқҳо ҳайатҳои ҳарбии ҷумҳуриҳои Узбекистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Самарқанд ва дигар шахсони расмӣ иштирок доранд. Зимни ифтитоҳи машқҳои минтақавӣ вобаста ба таҳкими дӯстии мутақобил байни давлатҳои иштироккунанда сухан гуфта шуд. Иброз гардид, ки баргузории машқҳои минтақавии «Бирлик-2025» дар шароити шиддат гирифтани вазъи геосиёсии ҷаҳон ва таҳдиду хатарҳои замони муосир муҳиму саривақтӣ мебошад. Аз ҷониби роҳбари машқҳои минтақавӣ ба ситоди таълимгирандагон, ки ба ҳайати он гурӯҳи амалиётии ҳайати ҳарбии Тоҷикистон дохил мебошад, вобаста ба машқҳо фармоиши ҷангӣ дода шуд. Ёдовар мешавем, ки дар машқҳои минтақавӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи амалиётии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва воҳиди низомии Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иштирок доранд.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

«Dushanbe Invest – 2025».Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest – 2025» таҳти унвони «Шаҳрҳои оянда: бехатар, сабз ва ҳушманд» ҷаласаи махсуси шаҳри Душанбе баргузор гардид. Зимни он 17 созишнома ва ёддошти тафоҳум байни намояндагони давлатӣ, шарикон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ ба маблағи умумии 5 миллиарду 417 миллиону 280 ҳазор сомонӣ ба имзо расид.

CHalasai-mahsusi-pojtaht-dar-Forum-1
Далее Следующая запись:

Дар доираи Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» аз 15 то 20 октябр дар кинотеатрҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ беш аз 40 филм намоиш дода мешавад. Дар ин хусус 16 октябр зимни нишасти матбуотии синамоҷашнвора иттилоъ дода шуд. Намоиши ин филмҳо берун аз филмҳои озмунӣ буда, дӯстдорони синамо метавонанд дар кинотеатрҳои ҷумҳурӣ онҳоро тамошо намоянд. Бояд гуфт, ки дар озмуни синамоҷашнвора 16 филми ҳунарии пурра ва 20 филми ҳунарии кӯтоҳ бо ҳам рақобат менамоянд. Аз байни 300 дархости пешниҳодшуда 150 филм мавриди омӯзиш ва тамошо қарор гирифта, 16 филми ҳунарии пурра ва 20 филми ҳунарии кӯтоҳ барои иштирок ва рақобат дар озмунҳои синамоҷашнвора сазовор дониста шуданд. Филмҳои пешниҳодшуда аз Федератсияи Русия, Эрон, Ҳиндустон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон, Туркия, Беларус, Молдова, Индонезия ва Муғулистон мебошанд. Имрӯзҳо баҳодиҳӣ ва муайян намудани ғолибон аз ҷониби ҳакамони дохилӣ ва хориҷӣ идома дорад. Ҳакамони байналмилалии синамоҷашнвора дар ҳайати муътабартарин филмсозон, мунаққидон, пажӯҳишгарони фарҳанги синамоӣ ва намояндагони санъати синамо фаъолият доранд. Дар назар аст, ки ғолибон дар номинатсияҳои «Шоҳҷоиза барои беҳтарин филми ҳунарӣ», ҷоизаҳои «Беҳтарин коргардон», «Беҳтарин наворбардор» «Беҳтарин оҳангсоз», «Беҳтарин нақши мардона», «Беҳтарин нақши занона», «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ», ҷоизаи махсуси ҳакамон, таваҷҷуҳи тамошобин, ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе «Барои саҳми муносиб дар рушди кинематография» ва Ҷоизаи «Синамо бе марз» барои саҳм дар рушду таҳкими дӯстии халқҳо ва хамкории синамогарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муайян карда шаванд. Ёдовар мешавем, ки маросими ҷоизасупории Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» 19 октябр, соати 18.00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир мегардад. 20 октябр меҳмонони Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе- «Тоҷи Сомон» ба шаҳрҳои Норак, Турсунзода, Ҳисор ва Ваҳдат сафар намуда, бо имконоти сайёҳӣ ва мавзеъҳои таърихии ин шаҳрҳо шинос мегарданд.

Kinoteatri-Vatan

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Октябрь 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
« Сен   Ноя »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram