Имрӯз дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» дар самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ Созишнома байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди (ҶДММ) «Нет Солюшенс» оид ба Лоиҳаи «Бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ» ба имзо расонида шуд. Ҳамзамон Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии Лоиҳаи «Бунёди муассисаҳои ҳамгироии таълимӣ: боғчаи бачагона ва Литсей дар шаҳри Турсунзода» байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Илму адаб» ба имзо расид. Дар доираи форум Созишнома оид ба амалишавии Лоиҳаи «Бунёди Маҷмааи варзишӣ» дар шаҳри Истаравшан байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шаҳрак Сохтмон» ба имзо расонида шуд. Инчунин Созишнома оид ба амалишавии Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии ҷамоатҳои деҳоти Фирӯзоба, Раҷаб Ҳамробоев, Патар ва Куҳандиёри шаҳри Конибодом» байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Паризода» ба имзо расид. Навигация записи Назад Предыдущая запись: Аз 14 то 16 октябр дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» баргузор карда мешавад. Он платформаи калидӣ барои пешбурди сармоягузориҳои “сабз”, рушди устувор ва трансформатсияи рақамӣ дар Осиёи Марказӣ мегардад.Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Мавзуи асосии форум «Сармоягузории “сабз”: Имконияти имрӯз барои ояндаи устувор» буда, тамаркузи стратегии мамлакатро ба рушди саноат, инноватсия ва гузариш ба иқтисоди камкарбон инъикос мекунад. Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» намояндагони ҳукуматҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарони ширкатҳои бонуфуз, муассисаҳои молиявӣ ва доираҳои тиҷоратии даҳҳо кишварҳои хориҷӣ иштирок мекунанд. Аз ҷумла, дар форум беш аз 1000 меҳмон аз Осиё, Аврупо ва Ховари Миёна иштирок менамояд. Барномаи форум ҷаласаҳои пленарӣ, панелҳои мавзуӣ ва ҷаласаҳои махсусро оид ба рақамисозӣ, зеҳни сунъӣ, молияи устувор, рушди ояндаи шаҳр, энергетикаи “сабз” ва соҳибкорӣ дар бар мегирад. Таваҷҷуҳи хосса ба фаъолнокии занон дар соҳаи технология, рушди тиҷорати хурду миёна, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, сайёҳӣ ва технологияи молиявӣ дода мешавад. Дар назар аст, ки дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» якчанд ёддошт ва созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расонида шаванд. Дар доираи форум ҳамзамон намоишгоҳи «Душанбе Инвест-2025» ташкил карда мешавад, ки дар он дастовардҳои пешқадам дар соҳаҳои саноат, энергетика, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, агробизнес ва сайёҳии устувор ба намоиш гузошта мешаванд. Меҳмонони ҳамоиш намояндагони ҳукуматҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва намояндагони ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Созмони Милали Муттаҳид ва Комиссияи иқтисодии аврупоии Созмони Милали Муттаҳид мебошанд. Ҳамоиш бо баргузории нишасти матбуотӣ, барномаи фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар боғи Куруш Кабир ба анҷом мерасад. Форуми байналмилалии «Душанбе Инвест – 2025» дар самти таҳкими шарикии байналмилалӣ, пешбурди Тоҷикистон ҳамчун маркази ояндадори сармоягузории “сабз” ва рушди инноватсионии минтақавӣ қадами муҳим арзёбӣ мегардад.Далее Следующая запись: «Dushanbe Invest – 2025».Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Dushanbe Invest – 2025» таҳти унвони «Шаҳрҳои оянда: бехатар, сабз ва ҳушманд» ҷаласаи махсуси шаҳри Душанбе баргузор гардид. Зимни он 17 созишнома ва ёддошти тафоҳум байни намояндагони давлатӣ, шарикон ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ ба маблағи умумии 5 миллиарду 417 миллиону 280 ҳазор сомонӣ ба имзо расид.