Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

Дар ташкилоту муассисаҳои низоми Агентии хоҷагии ҷангал дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба миқдори 247 ҳазору 774 бех ниҳоли павловния парвариш карда шудааст. Парвариши ниҳолҳои павловния дар ҷумҳурӣ то ба 100 ҳазор бех дар як сол дар назар дошта шудааст. Ба иттилои сардори шуъбаи бунёд ва барқароркунии ҷангал ва ниҳолхонаҳои Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турдалӣ Арабов, парвариши ниҳоли павлония дар доираи татбиқи «Барномаи рушди парвариши павловния дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» амалӣ мегардад. Барнома бо мақсади бунёди плантатсияҳои саноатӣ аз павловния барои таъмини чӯби корӣ, захираи хӯроки чорво, зиёд намудани истеҳсоли асали молӣ, аз бодлесӣ нигоҳ доштани заминҳои кишоварзӣ ва дар ин раванд саҳм гузоштан барои беҳтар намудани шароити экологии ҷумҳурӣ таҳия карда шудааст. Ҷангалҳои Тоҷикистон асосан аз буттазор иборат мебошанд, ки аз онҳо гирифтани чӯби корӣ барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ имконият надорад. Аз ин лиҳоз зиёда аз 90-95 фоизи чӯби кории ҳамчун масолеҳи сохтмон истифодашаванда аз дигар давлатҳо ворид карда мешавад. Ба иттилои Турдалӣ Арабов, бунёди плантатсияҳо аз дарахти зудафзоишёбандаи павловния бо истифода аз технологияҳои инноватсионии парвариш метавонад қисми асосии сиёсати сарфаи захираҳо ва ҳалли мушкилот вобаста ба истифодаи энергия ва бе таъсири хатарҳо ба муҳити зист гардад. Барнома барои расидан ба ҳадафҳое, ки дар “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то давраи соли 2020-2030”, “Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037” ва “Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026” дарҷ гардидаанд, инчунин ба паст намудани сатҳи вобастагӣ ба масолеҳи сохтмонии воридотӣ мусоидат менамояд. Тавре сардори шуъбаи бунёди Агентӣ иброз намуд, павловния хусусияти худбарқароршавӣ дошта, шинонидани дубораро талаб наменамояд. Он баъди ҳар буридан ва ё даравидан аз ҳисоби қисми решаи боқимонда мерӯяд. Давомнокии умри решаҳои он 70-100 солро дар бар мегирад, ки метавонад дар байни 4 ва ё 8-9 давраи ҳаштсола истифода шавад. Ин имкон медиҳад, ки раванди корҳои парвариши павловния бе хароҷоти аз нав шинонидани ниҳол ва коркарди замин дубора давом дода шавад. Павловния хусусияти ултроафзоишӣ дошта, давоми 7-8 сол ҳаҷми афзоиши он ба 1 метри кубӣ мерасад, ки бо дигар намуди дарахтон муқоисанашаванда мебошад. Дарахти павловния бо афзоиши тези худ боигарии инсоният мебошад. Хокро солим ва аз эрозия барқарор намуда, ба кам шудани газҳои гулхонаӣ ва тозагии ҳавои атмосфера мусоидат менамояд. Як дарахти он метавонад 22 кг гази карбонро фурӯ бурда, 6 кг оксиген хориҷ намояд. 10 гектар павловниязор метавонад дар як сол то 275 тонна гази карбонат (CO2)-ро азхуд намуда, то 330 тонна гази оксиген хориҷ намояд, инчунин метавонад то 1000 тонна хокро аз шусташавӣ нигоҳ дорад ва то 25 ҳазор метри мураббаъ обро тоза намояд. Гулҳои дарахти павловния накҳати хушбӯйи қавӣ дошта, беҳтарин шаҳд барои истеҳсоли асали молӣ мебошанд. Аз 1 гектар павловниязор то 800 кг асали молӣ ва аз ин бештар гирифтан мумкин аст. Бартарӣ он аст, ки дар парвариши павловния аз заҳрхимикатҳо тамоман истифода бурда намешавад. Чӯби корие, ки аз дарахти павловния гирифта мешавад, аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, мулоим, ба оташ ва намӣ тобовар, сабук ва ба ҳашароти зараррасон устувор мебошад. Чӯбаш мулоим, вале беҳад ба қаткунӣ ва тобдиҳӣ устувор буда, маҳсулоти аз чӯби павловния тайёршуда шакли худро аз таъсири муҳит дигар намесозад. Чӯби павловнияро маъмулан барои сохтмони хона истифода мебаранд. Бартарияш он аст, ки зуд хушк мешавад, шакли худро дигар намекунад ва мустаҳкам буда, ба осонӣ намешиканад. Бо сабаби чандир ва мустаҳкам буданаш онро дар соҳаи мебелсозӣ истифода мебаранд. Тамоми қисмҳои дарахти павлонияро ҳамчун ашёи хоми энергетикӣ барои таъмини гармӣ ва истеҳсоли биогаз истифода бурдан мумкин аст. Биогаз манбаи нави энергияи барқароршаванда буда, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва аз ҷиҳати иқтисодӣ мувофиқ мебошад. Ҳамзамон зиёд намудани плантатсияҳо ва истеҳсоли чӯби корӣ, паст намудани сатҳи таъсири антропогенӣ ба ҷангалҳои табиӣ, зиёд намудани истеҳсоли асали молӣ (занбӯр онро аз гули павловния ҳосил менамояд), баланд бардоштани иқтисодиёти хоҷагиҳои ҷангал ва даромаднокии онҳо ба рушди иқтисодиёт ба воситаи ҷалби соҳибкорон ба соҳаи ҷангал, баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ ба воситаи ҷалби онҳо ба пешбурди хоҷагии ҷангал ва таъминот бо маҳсулоти чӯбии ҷангал, баланд бардоштани нақши ҷангалҳо дар иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва барномаҳои ҷаҳонӣ оид ба коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он мусоидат менамояд.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

Дар Тоҷикистон 71 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо забони русӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо беш аз 43 ҳазор хонандагон таҳсил менамоянд.Ёдовар мешавем, ки 1 сентябри соли 2022 бо иштироки маҷозии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода панҷ муассисаи таълимии муштарак бо забони русӣ ба истифода дода шуданд. Ин муассисаҳо дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи маориф ва илм фаъолият менамоянд. Бояд иброз намуд, ки дар Тоҷикистон ба таълим ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Далели ин 4 апрели соли 2003 ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон» мебошад. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки забондонии кормандони давлатӣ яке аз омилҳои муҳими пешрафти кор мебошад. Сарвари давлат зимни яке аз суханрониҳо иброз доштанд, ки «ҳамеша бояд дар ёд дошт, ки дар замони рушди пуравҷи илму техника, технологияҳои нав, алалхусус технологияҳои иттилоотӣ ва қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ тайёр кардани мутахассисон ва коршиносони ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ, афзудани сарватҳои моддию маънавӣ ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар байни кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон хеле мушкил аст». Бо ин мақсад бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2024 кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилоти давлатӣ ба муҳлати яку ним сол ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва ё забонҳои дигар) дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, фаро гирифта мешаванд. Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, дар сатҳи қонунгузорӣ «Барномаи давлатии такмили таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ»-ро тасдиқ кардааст. Дар меъёрҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба забони русӣ мақоми фанни ҳатмӣ дода шудааст. Забони русиро дар тамоми макотиби таҳсилоти умумии мамлакат, шуруъ аз синфи дуюм меомӯзанд. Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, забони русӣ барои тоҷикон забони дуюми модарӣ аст ва он барои ҷомеаи мо аҳамияти бузурги на шиорӣ, балки воқеӣ дорад. Ёдовар мешавем, ки аз 8 то 10 октябри соли 2025 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузории чорабиниҳои муҳими сатҳи баланди байналмилалӣ, аз ҷумла сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саммити роҳбарони давлатҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» дар назар дошта шудааст.

omuzgoroni-zaboni-rusi
Далее Следующая запись:

Аз 14 то 16 октябр дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» баргузор карда мешавад. Он платформаи калидӣ барои пешбурди сармоягузориҳои “сабз”, рушди устувор ва трансформатсияи рақамӣ дар Осиёи Марказӣ мегардад.Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Мавзуи асосии форум «Сармоягузории “сабз”: Имконияти имрӯз барои ояндаи устувор» буда, тамаркузи стратегии мамлакатро ба рушди саноат, инноватсия ва гузариш ба иқтисоди камкарбон инъикос мекунад. Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» намояндагони ҳукуматҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарони ширкатҳои бонуфуз, муассисаҳои молиявӣ ва доираҳои тиҷоратии даҳҳо кишварҳои хориҷӣ иштирок мекунанд. Аз ҷумла, дар форум беш аз 1000 меҳмон аз Осиё, Аврупо ва Ховари Миёна иштирок менамояд. Барномаи форум ҷаласаҳои пленарӣ, панелҳои мавзуӣ ва ҷаласаҳои махсусро оид ба рақамисозӣ, зеҳни сунъӣ, молияи устувор, рушди ояндаи шаҳр, энергетикаи “сабз” ва соҳибкорӣ дар бар мегирад. Таваҷҷуҳи хосса ба фаъолнокии занон дар соҳаи технология, рушди тиҷорати хурду миёна, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, сайёҳӣ ва технологияи молиявӣ дода мешавад. Дар назар аст, ки дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025» якчанд ёддошт ва созишномаҳои сармоягузорӣ ба имзо расонида шаванд. Дар доираи форум ҳамзамон намоишгоҳи «Душанбе Инвест-2025» ташкил карда мешавад, ки дар он дастовардҳои пешқадам дар соҳаҳои саноат, энергетика, технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, агробизнес ва сайёҳии устувор ба намоиш гузошта мешаванд. Меҳмонони ҳамоиш намояндагони ҳукуматҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва намояндагони ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Созмони Милали Муттаҳид ва Комиссияи иқтисодии аврупоии Созмони Милали Муттаҳид мебошанд. Ҳамоиш бо баргузории нишасти матбуотӣ, барномаи фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар боғи Куруш Кабир ба анҷом мерасад. Форуми байналмилалии «Душанбе Инвест – 2025» дар самти таҳкими шарикии байналмилалӣ, пешбурди Тоҷикистон ҳамчун маркази ояндадори сармоягузории “сабз” ва рушди инноватсионии минтақавӣ қадами муҳим арзёбӣ мегардад.

Dushanbe-Invest-2025

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Октябрь 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
« Сен   Ноя »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram