Бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе 20 муассисаи таҳсилоти томактабии пойтахт ба барномаи иттилоотии «Kudak.tj» пайваст гардид. «Kudak.tj» чӣ гуна барнома аст ва ҳадафи татбиқи он чист? Ба ин суоли АМИТ «Ховар» роҳбарияти Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе посух доданд. Тавре Директори Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Зафар Муродзода иброз намуд, баъди бақайдгирӣ дар барномаи иттилоотии «Kudak.tj» волидон тавассути он метавонанд аз харитаи электронӣ муассисаи дилхоҳро интихоб карда, барои дохил намудани фарзандонашон ба он маълумот ворид намоянд. Ба воситаи ин барнома дар навбати электронӣ қарор гирифта, ариза ба роҳбарияти маориф (Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт) равон кунанд. «Бояд гуфт, ки барномаи иттилоотии «Kudak.tj» барои ташкили омори ягона, равиши нав ва самараноки содагардонии раванди бақайдгирии кӯдакон, осон кардани кори мураббиён ва рушди иртиботи волидон бо муассисаи томактабӣ нақши назаррас дорад. Барнома ба танзими кори муассисаҳои томактабӣ мусоидат намуда, муассисаҳои таълимии томактабиро вориди марҳилаи нав – муҳити рақамӣ месозад», — афзуд Зафар Муродзода. Барномаи иттилоотии «Kudak.tj» барои мураббиён ва волидон имконияти нави омӯзишӣ ва фароғатӣ муҳайё месозад. Яке аз ин имконият дар аккаунти мураббиён ва волидон дастрасӣ ба китобҳои электронӣ, афсонаҳо ва аудиокитобҳо мебошад. Волидон метавонанд дар ин платформа китобҳои электронӣ ва афсонаҳои гуногунро барои фарзандонашон интихоб намоянд, ки ин метавонад дар рушди маънавӣ ва таълимии кӯдакон кумак расонад. Инчунин қисматҳои интерактивӣ дар барнома ба ҷалби кӯдакон ва тарғиби хондан ва омӯзиш дар муҳити рақамӣ равона шудаанд. Ин имконият ба волидайн кумак мерасонад, то ки ба фарзандонашон на танҳо маълумот, балки контенти фароғатӣ ва таълимии гуногун пешниҳод намоянд. Волидон имкон доранд, ки муассисаи томактабии дилхоҳи худро аз харитаи электронӣ пайдо намуда, оид ба гурӯҳҳои синнусолӣ ва ҷойи холии он маълумот гиранд. Инчунин волидайн тавассути ин платформа метавонанд аз фаъолияти фарзандашон дар муассисаи томактабӣ бохабар шаванд. Ба иттилои манбаъ, дар айни замон 20 муассисаи таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе ба ин барнома пайваст карда шудааст, ки дар онҳо 5560 таълимгиранда ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳадаф аз татбиқи барномаи иттилоотии «Kudak.tj» рақамикунонии соҳа, автоматикунонии равандҳои таҳсилоти томактабӣ ва таъмини фарогирии муназами кӯдакон ба муассисаи томактабӣ мебошад. Навигация записи Назад Предыдущая запись: Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, то 26 дараҷа гарм мешавад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ағбаҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 14-19 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12+14 дараҷа ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.Далее Следующая запись: Дар Тоҷикистон 71 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо забони русӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо беш аз 43 ҳазор хонандагон таҳсил менамоянд.Ёдовар мешавем, ки 1 сентябри соли 2022 бо иштироки маҷозии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода панҷ муассисаи таълимии муштарак бо забони русӣ ба истифода дода шуданд. Ин муассисаҳо дар доираи муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи маориф ва илм фаъолият менамоянд. Бояд иброз намуд, ки дар Тоҷикистон ба таълим ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Далели ин 4 апрели соли 2003 ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон» мебошад. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки забондонии кормандони давлатӣ яке аз омилҳои муҳими пешрафти кор мебошад. Сарвари давлат зимни яке аз суханрониҳо иброз доштанд, ки «ҳамеша бояд дар ёд дошт, ки дар замони рушди пуравҷи илму техника, технологияҳои нав, алалхусус технологияҳои иттилоотӣ ва қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ тайёр кардани мутахассисон ва коршиносони ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ, афзудани сарватҳои моддию маънавӣ ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар байни кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон хеле мушкил аст». Бо ин мақсад бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2024 кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилоти давлатӣ ба муҳлати яку ним сол ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ ва ё забонҳои дигар) дар доираи маблағҳои пешбинишуда ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, фаро гирифта мешаванд. Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, дар сатҳи қонунгузорӣ «Барномаи давлатии такмили таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ»-ро тасдиқ кардааст. Дар меъёрҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба забони русӣ мақоми фанни ҳатмӣ дода шудааст. Забони русиро дар тамоми макотиби таҳсилоти умумии мамлакат, шуруъ аз синфи дуюм меомӯзанд. Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, забони русӣ барои тоҷикон забони дуюми модарӣ аст ва он барои ҷомеаи мо аҳамияти бузурги на шиорӣ, балки воқеӣ дорад. Ёдовар мешавем, ки аз 8 то 10 октябри соли 2025 дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузории чорабиниҳои муҳими сатҳи баланди байналмилалӣ, аз ҷумла сафари давлатии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саммити роҳбарони давлатҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» дар назар дошта шудааст.