Перейти к содержимому
Телевизиони Кӯлоб

Телевизиони Кӯлоб

Основное меню
  • АСОСӢ
  • ХАБАР
  • ИДОРАҲО
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ИТТИЛООТӢ
    • ИДОРАИ СИЁСӢ-ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОӢ
    • ИДОРАИ БАРНОМАҲОИ ФАРҲАНГӢ
  • РОҲБАРИЯТ
  • ТАМОС
Кнопка: светлая/темная

Аз 1 сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шуд. Ин иқдом бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоии омӯзгорон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа амалӣ гардид. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ музди меҳнати кормандони соҳаи маориф 21 маротиба аст, ки баланд бардошта мешавад. Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ҷаҳду талоши зиёд менамояд. Маҳз ба ин хотир ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр дар мамлакат Рӯзи омӯзгорон таҷлил мегардад. Мақсад аз таҷлили ин сана баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа мебошад. Зеро муаллим тарбиятгари инсон, чароғи раҳнамо ба сӯи фардои дурахшон, таконбахши рушди ҷомеа ва саҳмгузори рушди неруи ақлонӣ мебошад. Ғамхорӣ дар ҳаққи омӯзгор сабаби бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон мегардад. Зеро омӯзгор шахсе аст, ки ҷомеаро таълиму тарбия медиҳад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1 сентябри соли 2024 зимни суханронӣ таъкид намуданд, «Давлату Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба масъалаи беҳтар кардани вазъи зиндагӣ ва фаъолияти омӯзгорон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда, барои онҳо дар санадҳои қонунгузорӣ якчанд имтиёз муқаррар намудааст». Ҳамчунин иброз доштанд, ки «мо вазифадор ҳастем, ки омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимиро боз ҳам бештар дастгирӣ кунем ва манзалату обрӯи онҳоро дар ҷомеа баланд бардорем». Бояд гуфт, ки ин иқдом бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоии омӯзгорон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа амалӣ мегардад. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, бартараф намудани норасоии кадрӣ, таъмини шароити созгор барои маорифчиён ва баланд бардоштани савияи дониши хонандагон кӯшиши зиёд ба харҷ дода мешавад. Аз ҷумла, тибқи моддаи 53-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф имтиёзҳои гуногун доранд, ки яке аз он бо мукофоти соҳавӣ, давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз шудан барои дастовардҳо дар фаъолияти омӯзгорӣ ва тарбияи насли наврас мебошад. Инчунин омӯзгорон имтиёз доранд, ки барои меҳнати шоиста ва дастовардҳои педагогию илмӣ ба таври моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонида шаванд. Омӯзгороне, ки бори аввал аз фонди давлатӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин мешаванд ё ба беҳтар намудани шароити манзилашон эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд. Ҳамзамон барои омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, ки бори аввал хонаи истиқоматӣ месозанд, тибқи қонунгузорӣ аз ҳисоби маблағи ғайрибуҷетӣ ё ташкилоти қарздиҳанда қарзҳои бефоиз ё имтиёзноки барои омӯзгор қобили қабул муқаррар карда мешаванд. Имтиёзи дигар барои омӯзгорони ҷавоне, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, ин аст, ки барои 3 сол ба маошашон иловапулӣ муқаррар карда шудааст. Андоза ва тартиби пардохти онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Дар ҳамин модда гуфта мешавад, ки омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ барои истифода бурдани имтиёзҳое, ки барои омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимии давлатӣ пешбинӣ шудаанд, ҳуқуқи баробар доранд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳои Ҳукумат мамлакат, махсусан таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди маориф омӯзгорон ва дигар кормандони соҳа вазифадоранд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас масъулияти дучанд эҳсос карда, меҳнати содиқона намоянд.

Навигация записи

Назад Предыдущая запись:

1 октябр дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами забоншиносии муосир ва рушди забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлолият» конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Иброз гардид, ки ин сана аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб рафта, ҳамчун рамзи эҳёи асолати фарҳангӣ, нишонаи ҳувият ва пояи давлатдории тоҷикон шинохта мешавад. Рӯзи забони давлатӣ ҳастии миллат, таҷассуми ҳамбастагии таърих, тамаддун, фарҳанг ва ҳувияти тоҷикон аст. Маҳз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки забони ноби тоҷикӣ мавқеи худро ҳамчун забони расмӣ ва шоҳсутуни давлатдорӣ соҳиб гардад. Имрӯз ин забон бо кӯшиши давлату ҳукумат дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фаъолона мавриди истифода қарор гирифта, боиси ифтихори ҳар фарди худогоҳ ва ватандӯст мебошад. Иштирокчиён бо эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва таърихи пурифтихор забони тоҷикиро василаи пайванди наслҳо, равзанаи тамаддуни Шарқ ва манбаи илҳом барои пажӯҳишҳои забоншиносию фарҳангшиносӣ арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ на танҳо воситаи иртибот, балки ҷузъи ҷудонашавандаи ҳастии миллӣ, рамзи таърих ва ифтихори миллӣ мебошад.

Donishgohi-davlatii-Kulob
Далее Следующая запись:

ар Китобхонаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Кӯлоб бо мақсади ҷалб намудани хонандагон ба китобу китобхонӣ таҳти унвони «Китобхона — кохи маърифат» ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар радифи соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа дар ҷодаи китобдорӣ низ дастовардҳои наву тоза ба амал омаданд, ки ба рушди минбаъдаи ин самт дар ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд. Тавре директори муассисаи таҳсилоти иловагӣ дар минтақаи Кӯлоб Ҳайдар Ҳайдарзода иброз намуд, таваҷҷуҳи сокинон ва мактаббачагон ба китобхона нисбат ба солҳои пеш бештар гардида, хонандагон китобҳои зарурии худро сари вақт дастрас менамоянд. Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим китобдору китобхон буданд. Боиси ифтихор аст, ки ҳоло майлу рағбати мардум ба китобу китобхонӣ аз нав эҳё гардидааст. Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб» оғоз гардида, ҳафт сол аст, ки идома дорад. Дар ҳақиқат китоб арзишмандтарин падидаи фарҳангӣ- манбаи асосии илму дониш, фазлу эҳсон, сарчашмаи дарёи ақл, махзани волою пояи тамаддуни ҷаҳони муосир ва воситаи таълиму тарбия мебошад. Дар ҳамоиш хонандагон доир ба китобҳои мутолианамудаашон маълумот доданд.

photo_2025-10-04_09-59-51

Пешвои Миллат

http://www.president.tj/

Октябрь 2025
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031  
« Сен   Ноя »
  • Facebook
  • Почта
  • TikTok
  • YouTube
  • Telegram